Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 апрели соли 2008 № 449
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 19.07.2019 № 1288)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ (минбаъд - Низомнома) давраҳои фаъолияти меҳнатиеро, ки собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб карда мешаванд, инчунин тартиби аз тарафи комиссияи мақомоти давлатӣ ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатиро муайян менамояд.
2. Собиқаи хизмати давлатӣ - фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатии пешбининамудаи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва бандҳои 4 ва 5 Низомномаи мазкур мебошад, ки ба хизматчии давлатӣ имконияти гирифтани кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам меорад .
3. Собиқаи хизмати давлатӣ барои амалигардонии кафолатҳои зерини иҷтимоии хизматчии давлатӣ асос мебошад :
- гирифтани иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ;
- рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда;
- баромадан ба нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гирифтани кӯмакпулии яквақта дар сурати ба нафақа баромадан;
- ройгон ба моликияти хизматчии давлатӣ додани хонаи истиқоматии дар фонди манзили давлатӣ ишғолкарда (ба ғайр аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ);
- таъин шудан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дахлдор;
- дигар кафолатҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
II. Фаъолияти меҳнатие, ки ба собиқаи хизмати давлатӣ дохил карда мешавад
4. Ба собиқаи хизмати давлатӣ давраи фаъолияти шаҳрванд дар мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ, инчунин фаъолият дар мансабҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дохил мешаванд.
5. Ба собиқаи хизмати давлатӣ ҳамчунин дохил мешаванд :
- давраи кор дар мақомоти интихобӣ, ҳизбӣ, комсомолӣ ва иттифоқҳои касабаи собиқ Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон то 9 сентябри соли 1991;
- давраи кор дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар системаи бонки давлатӣ, назорати давлатӣ (халқӣ), арбитражи давлатӣ, мақомоти гумрук ва андоз, дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва тиҷоратии собиқ, Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар мансабҳое, ки ба хизматрасонии техникӣ ва таъминоти фаъолияти ин мақомот алоқаманд нестанд ;
- давраи адои хизмати ҳақиқии ҳарбии ҳайати афсарон, прапоршикҳо ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои сарҳадӣ, мақомоти идоракунӣ ва қисмҳои мудофиаи гражданӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва дигар воҳидҳои низомии собиқ Иттифоқи Ҷумҳурихои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ;
- давраи кор дар намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);
- давраи кор дар хориҷа, ки бо роҳхати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти собиқ Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сурат гирифтааст, агар шахс дар муддати ду моҳ аз рӯзи бозгашт ба хизмати давлатӣ дохил шуда бошад;
- давраи кор дар мансаби охирини ташкилоти давлатии ба низоми хизмати давлатӣ дохилнабуда, агар корманд дар асоси амр, фармон, розигии хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда бошад ва ё дар асоси амр, фармон, розигии хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ гузашта бошад;
- давраи охирини фаъолияти корманд (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатии бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ табдилдодашуда, ки корманд аз он ба мансаби давлатии хизмати давлатии пешбининамудаи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи гузариш таъин шуда бошад ;
- давраи охирини фаъолияти корманд дар мансабҳои роҳбар ва ё муовини роҳбари корхонаҳо. муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки аз он ҷо ба мансаби хизмати давлатӣ ва мансабҳои бо он баробаркардашуда таъин ё интихоб шуда бошад ;
- давраи баъди таҷдид, барҳам хӯрдан, ихтисори воҳидҳои сохтори мақомоти давлатӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ хизматчии давлатӣ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳамчун шахси бекор ба мухлати то як сол ба қайд гирифта шуда бошад ва ё дар сурати набудани имконияти мувофиқи ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлатӣ гузаронидан то як сол дар мақоми давлатӣ ба захираи кадрҳо дохил карда шуда бошад, дар ҳолати мавҷуд будани қайди дахлдор дар дафтарчаи меҳнатӣ ;
- давраи муваққатан фаъолият намудан дар мансабҳое, ки ишғолкунандагони онғо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсили дарозмуддат фиристода шудаанд ё дар рухсатии иҷтимоӣ қарор доранд (Фармони Президенти ҶТ аз 19.07.2019 № 1288);
- давраи рухсатии иҷтимоии хизматчии давлатӣ, ки мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
- давраи рухсатиҳои бемузди муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи таҳсил (тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ), ки бо роҳхати мақомоти давлатӣ сурат гирифтааст, агар хизматчии давлатӣ қабл аз фаро гирифта шудан ба таҳсил дар хизмати давлатӣ бошад ва баъди хатми он ба ҳамон ё дигар мақоми давлатӣ ба хизмати давлатӣ баргашта бошад;
- давраи адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват;
- давраи адои хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои сарҳадӣ, мақомоти идоракунӣ ва қисмҳои мудофиаи гражданӣ, Қумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- давраи адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи зидди сӯхтор, ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои дохилӣ, мақомот ва системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- давраи адои хизмат дар мақомоти прокуратура;
- давраи адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи адои хизмат дар мансабҳои афсарӣ ва роҳбарикунандаи воҳидҳои посбонии ҳарбикунонидашуда, мақомоти махсуси алоқа ва қисмҳои наҷотдиҳӣ (новобаста аз тобеияти идоравӣ ва мавҷудияти рутба) ;
- давраи дур намудани хизматчии давлатӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, агар дар натиҷаи санҷиши хизмати қонунӣ дур намудани хизматчии давлатӣ аз иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ тасдиқ нагашта бошад ;
- давраи ғайриқонунӣ дар ҳабс нигоҳ доштан ва адо намудани ҷазо, агар нисбати хизматчии давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳукми сафедкунандаи суд бароварда шуда бошад;
- давраи ғайриқонунӣ аз кор озод будан ё ба кори дигар гузаронидан, агар хизматчии давлатӣ ба ҷойи кори пештарааш барқарор шуда бошад;
- дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
III. Тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ
6. Давраҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки ҳамчун собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб карда мешаванд, сарфи назар аз муҳлати қатъ шуданашон бо солҳо, моҳҳо ва рӯзҳо ҳисоб карда мешавад .
7. Ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатии хизматчии давлатӣ, ки собиқаи хизмати давлатиро тасдиқ мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои парвандаи шахсии хизматчии давлатӣ мебошанд .
8. Дар сурати набудани сабти зарурӣ ё нодуруст ва ғалат будани сабти давраҳои корӣ, собиқаи меҳнатӣ аз рӯи маълумотномаҳо, нусхаи қарорҳо (фармонҳо, амрҳо ва дигар санадҳои мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо) дар бораи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин ва озод кардани шаҳрванд, ҳисобҳои шахсӣ, варақаҳои пардохти музди меҳнат ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба таври расмӣ фаъолияти меҳнатиро исбот мекунанд, тасдиқ карда мешавад .
9. Собиқаи хизмати давлатӣ аз тарафи Комиссияи мақомоти давлатӣ оид ба ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатӣ (минбаъд - Комиссия) муайян карда мешавад. Комиссия аз тарафи роҳбари мақомоти давлатӣ дар ҳайати на камтар аз 3 нафар таъсис дода мешавад .
10. Комиссия аз рӯи зарурат ҷаласа мегузаронад ва оид ба натиҷаи ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатӣ протокол тартиб медиҳад.
11. Протокол бо қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқ гардида, нусхаи қарор (фармоиш, амр) ва протокол дар муҳосибот, хадамоти кадрӣ ва парвандаи шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд. Хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ дар асоси муроҷиати хизматчии давлатӣ иқтибос аз протоколи ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатиро пешниҳод менамояд .
12. Баҳсҳои вобаста бо муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ аз тарафи мақоми болоӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва суд баррасӣ карда мешаванд.