Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 449 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ

Бо мақсади муайян намудан ва ба танзим даровардани давраҳои фаъолияти меҳнатие, ки ҳамчун собиқаи хизмати давлатӣ ҳисоб карда мешаванд ва мутобиқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" фармон медиҳам:

1. Низомномаи замимагардидаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ тасдиқ карда шавад.

2. Иловапулии хизматчиёни давлатӣ барои собиқаи кор, ки то мавриди амал қарор гирифтани ин Низомнома таъин карда шудааст, нигоҳ дошта шуда, минбаъд ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Низомномаи мазкур анҷом дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

аз 24 апрели соли 2008 № 449

ш. Душанбе

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Положения о порядке исчисления стажа государственной службы

В целях определения и упорядочения периодов трудовой деятельности, которые исчисляются как стаж государственной службы и в соответствии со статьей 37 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" постановляю:

1. Утвердить прилагаемое Положение о порядке исчисления стажа государственной службы.

2. Сохранить надбавки за выслугу лет государственным служащим, исчисляемые до введения в действие настоящего Положения и в дальнейшем исчисление стажа государственной службы производить в соответствии с настоящим Положением.

Президент

Республики Таджикистан                                                       Эмомали Рахмон

г. Душанбе 24 апреля 2008 года

 №449