ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 "Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди амал қарор додани он" қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, қисми 1, моддаи 688; моддаи 689; соли 2005, № 12, моддаи 629; соли 2006, № 7, моддаи 341; № 12, моддаи 543; соли 2007, № 3, моддаи 172; № 7, моддаи 660; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, №376) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 33 (1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 33(1). Муайян намудани истилоҳоте, ки бо мақсадҳои Боби 52 ҳамин Кодекс истифода шудаанд
1. Ширкати амалиётӣ (оператор) - шахси ҳуқуқии аз ҷониби сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашудае, ки барои сармоягузор ва аз номи сармоягузор бевосита амалиёти дахлдорро мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷом медиҳад.
2. Маҳсулот - маъдани фоиданоке, ки аз қаъри замин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи замине, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ихтиёри сармоягузор дода шудааст, истихроҷ гардида, аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди минбаъдаи (ғанигардонии, тағйирдиҳии технологии) маъдани фоиданок ба даст омада, маҳсулоти саноати коркард мебошад, маъдани фоиданок ҳисобида намешавад.
3. Маҳсулоти истеҳсолшуда - миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби миқдори маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералии (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст.
4. Тақсими маҳсулот - тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар шакли асл ва (ё) арзишӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ва ҳамин Кодекс.
5. Маҳсулоти фоида - маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ.
6. Маҳсулоти ҷубронӣ - қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пӯшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи боби 52 ҳамин Кодекс бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад.
Маҳсулоти ҷубронӣ бо назардошти арзиши иқтисодии кони коркардшаванда аз рӯи ҳар як созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад. Маҳсулоти ҷуброние, ки созишнома муқаррар кардааст, наметавонад аз 70 фоизи ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда зиёд бошад.
7. Нуқтаи тақсимкунӣ - ҷои баҳисобгирии тиҷоратии маҳсулоти истеҳсолшуда, ки дар он андозагирии (ҳисоби) ҳаҷми (миқдори) умумӣ ва муайянкунии сифати он анҷом дода мешавад ва давлат ба сармоягузор қисми маҳсулотеро, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба он тааллуқ дорад, месупорад.
8. Нархи маҳсулот - нархи таҳвил ё содироти воҳиди ченаки дахлдори маҳсулоти истеҳсолшудае, ки тибқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, вале на пасттар аз нархи бозорӣ дар санаи таҳвил ё содирот муайян карда мешавад.".
3. Боби 52 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Боби 52. Андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо (қарордодҳо) оид ба тақсими маҳсулот
Моддаи 351. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳамин боб низоми махсуси андозро, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот истифода мегардад, муқаррар менамояд.
2. Ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки дар онҳо тартиби тақсими маҳсулоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" истифода мегардад, ҳиссаи давлат дар ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
3. Андозсупорандае, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ҳуқуқи татбиқи низоми махсуси андозро истифода мекунад, ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ он қисми (иқтибос аз) созишнома оид ба тақсими маҳсулотро, ки бо пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст ё дигар ҳуҷҷатеро, ки иттилооти дар боло зикргардидаро дар бар мегирад, пешниҳод менамояд.
Иттилооти шабеҳ ба мақоми андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулотро аз ҷониби давлат имзо намудааст, пешниҳод карда мешавад.
4. Дар ҳамин боб нархи маҳсулот бо мақсадҳои зерин истифода мегардад:
- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) маҳсулоти ҷуброние, ки ба сармоягузор дода мешавад;
- муайян намудани арзиши маҳсулоти фоида ва тақсими он бо ифодаи арзишӣ;
- муайян намудани арзиши ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда.
5. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида ва дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот инъикосшуда (ҳатман пурра инъикосшаванда) дар давоми тамоми мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот истифода мегардад.
6. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида нисбати андозсупорандагоне, ки дар моддаи 352 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, истифода мегардад.
7. Низоми махсуси андози дар ҳамин боб муқарраргардида бо тақсими маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ва ҳамин боб пешбинишуда иваз намудани пардохти маҷмӯи андозҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро пешбинӣ мекунад, ба истиснои андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки пардохти онҳоро ҳамин боб пешбинӣ намудааст.
8. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" пешбинӣ менамояд, сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро пардохт менамояд:
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
- андози иҷтимоӣ;
- андози замин;
- андоз аз истфодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- боҷи давлатӣ;
- хироҷҳои гумрукӣ;
- андозҳои маҳаллӣ (андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт);
- дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.
9. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки шартҳои тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" пешбинӣ менамояд, сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии зеринро мепардозад:

10. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда:
- сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) нисбати андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоие, ки аз ҷониби шахсони воқеии суғурташуда пардохта мешаванд, ӯҳдадориҳои агентҳои андозро иҷро мекунад;
- аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;
- сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;
- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло зикргардида ва дигар андозҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм зикргардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад;
- аз давраи андозии гирифтани маҳсулот сар карда, андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард метавонанд мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар шакли асл бо маҳсулоти истеҳсолгардида пардохта шаванд;
- аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси шартномаҳои хаттӣ бо сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) иҷрои корҳо ва (ё) хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи барномаҳои корӣ ва сметаҳои хароҷот аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тибқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ шудаанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
11. Ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот объекти андозбандишаванда, манбаи андоз, давраи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андоз нисбати андозҳое, ки дар қисмҳои 8, 9 ва 10 ҳамин модда зикр гардидаанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи муқаррароти ҳамин боб, ки дар санаи мавриди амал қарор додани созишнома оид ба тақсими маҳсулот амал мекунанд, муайян карда мешаванд.
12. Ҳангоми дар давоми мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани номгӯи ягон андози дар ҳамин Кодекс зикргардида, вале дар айни ҳол тағйир наёфтани унсурҳои андозбандӣ, чунин андозҳо ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот тибқи номи нав ҳисоб ва пардохта мешаванд.
13. Ҳангоми дар давоми мӯҳлати амали созишнома оид ба тақсими маҳсулот тағйир ёфтани тартиби пардохти андозҳо, инчунин тағйир ёфтани шакл, тартиби пур кардан ва мӯҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳои андоз бе тағйир ёфтани манбаи андоз, меъёри андоз ва тартиби ҳисоб кардани андозҳо, пардохти андозҳо, инчунин пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мутобиқи қонунгузории ҷории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 352. Андозсупорандагон ҳангоми иҷрои созишномаҳо
1. Нисбати андозҳое, ки ҳангоми истифодаи низоми махсуси муқаррарнамудаи ҳамин боб пардохта мешаванд, шахсоне андозсупорандагон ё агентҳои андоз эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ва ҳамин Кодекс сармоягузорон (ширкатҳои амалиётӣ (операторон) мебошанд.
2. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот метавонад шарте дошта бошад, ки тибқи он тарафи дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот иштирокдоштае, ки ҳиссаи ба давлат тааллуқдоштаи маҳсулоти истеҳсолгардидаро мегирад, аз давраи андозии гирифтани маҳсулот оғоз намуда, ӯҳдадор мещавад ӯҳдадориҳои тарафи дигарро (сармоягузорро (ширкати амалиётиро (операторро) оид ба пардохти андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пурра ё қисман ба зиммаи худ гирад. Дар сурати мавҷуд будани чунин шарт ӯҳдадориҳои андозии зикргардидаи сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) иҷрогардида ҳисобида мешаванд ва давлат ҳақ надорад ба сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) дар мавриди ин ӯҳдадориҳо ягон даъвое пешниҳод намояд. Нозироти андози андозсупорандагони калони назди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) дар он ҷо бояд мавриди баҳисобгирии бақайдгирӣ қарор гирад, ҳар сол то 1 апрели соли баъди соли ҳисоботӣ ба сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти андозҳоро мутобиқи ҳамин қисм медиҳад.
Моддаи 353. Ҷузъҳои (параметрҳои) асосии созишнома
1. Маҳсулоти истеҳсолшуда бояд байни давлат ва сармоягузор мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" ва ҳамин Кодекс баста шудааст, тақсим карда шавад.
2. Ба мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ба андозаи хароҷоти воқеан анҷомдодашуда, вале на бештар аз маҳсулоти ҷубронии муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор ҷуброн карда шавад. Дар айни ҳол маҳсулоти ҷубронӣ дар ҳар як давраи андоз (ҳисобот) наметавонад аз андозае, ки мутобиқи моддаи 33(1) ҳамин Кодекс муайян карда мешавад, зиёдтар бошад.
3. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла ба мақсадҳои ҳамин боб бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
а) дар сурати бастани он тибқи шартҳои қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тартиб ва шартҳои:
- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки нуқтаи тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;
- муаиян намудани қисми маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳсулоти ҷуброниро ташкил медиҳад;
- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор;
б) дар сурати бастани он мутобиқи шартҳои қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тартиб ва шартҳои:

- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор ё эквиваленти арзишии ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда. Таносубҳои чунин тақсимкунӣ дар созишнома вобаста ба баҳодиҳии геологӣ-иқтисодӣ ва арзишии конҳои маъданҳои фоиданок, лоиҳаи техникӣ, нишондиҳандаҳои асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ муайян карда мешаванд;
в) дар ҳамаи ҳолатҳои бастани он мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тартиб ва шартҳои:
- аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ба давлат додани қисми маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба давлат тааллуқдошта ё эквиваленти арзишии он;
- қисми маҳсулоти мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор тааллуқдоштаро гирифтани сармоягузор.
4. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот метавонад танҳо як усули тақсими маҳсулотро, ки ҳамин модда муқарар кардааст, пешбинӣ намояд. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот наметавонад гузариш аз як усули тақсими маҳсулот ба усули дигарро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, пешбинӣ намояд, ҳамчунин наметавонад иваз кардани як усули тақсими маҳсулотро ба усули дигар пешбинӣ намояд.
5. Фаъолияти сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) нисбати иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фаъолияти шахси ҳуқуқии мустақил - корхонае, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳисоб меравад.
Моддаи 354. Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он
1. Ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда дар нуқтаи тақсимкунии маҳсулот тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
Нуқтаи тақсимкунии маҳсулотро созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян менамояд.
2. Арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда дар нуқтаи тақсими маҳсулот барои ҳар як давраи ҳисоботӣ (андозӣ) ҳамчун ҳосили зарби ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти дар давоми давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсолшуда, ки дар нуқтаи тақсимкунӣ андоза карда шуда, бо воҳидҳои дахлдори ченак (тонна, метри мукааб, баррел ва ҳоказо) ифода ёфтааст, ба нархи таҳвил ва содирот дар нуқтаи тақсимкунӣ дар давоми ин давраи ҳисоботӣ (андозӣ) мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда мешавад.
Моддаи 355. Хароҷоти ҷуброншаванда
Хароҷоти ҷуброншаванда хароҷоти асоснок ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидаи сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) мебошад, ки онро воқеан ҳангоми иҷрои корҳо дар доираи созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда мутобиқи барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқгардида анҷом додаст, ба истиснои хароҷоти дар моддаи 356 ҳамин Кодекс зикргардида.
Моддаи 356. Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда
Ба хароҷоти аз ҳисоби ҳиссаи маҳсулоти фоида анҷомдодашаванда (пӯшонидашаванда), ки ба сармоягузор тааллуқ дорад ва аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ҷуброн намешавад, намудҳои зерини хароҷот (масрафҳо) дохил мешаванд:
1) пардохти саҳм барои иштирок дар озмуни барномаҳои сармоягузорӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз рӯи шартҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот";
2) барои гирифтани иттилооти геологӣ;
3) аз рӯи моддаҳои хароҷоте, ки барои онҳо созишнома оид ба тақсими маҳсулот маҳдудиятҳо муқаррар намудааст, дар қисмати зиёдтар аз ин маҳдудиятҳо;
4) аз рӯи пардохти пардохтҳои ҳатмӣ барои аз лимитҳои муқарраршуда зиёдтар ифлос кардани муҳити зист.
Хароҷоте, ки дар бандҳои 3) ва 4) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва лимитҳои муқарраршуда ба таркиби хароҷоти ҷуброншаванда дохил карда мешаванд;
5) барои пардохти таҳвил ё содироти маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳиссаи маҳсулоти фоидаи ба сармоягузор тааллуқдошта бо назардошти хароҷот барои аз нуқтаи тақсимот то нуқтаи таҳвил ё содирот бурдани ин маҳсулот, талафҳо ҳангоми боркашонӣ, хароҷот барои суғурта ҳангоми боркашонии маҳсулот то нуқтаи таъинот, хароҷоти комиссионӣ ва дигар хароҷот;
6) барои маблағгузории тафтиши (аудити) фаъолияти молиявию хоҷагӣ, ки бо талаби саҳомони (муассисони) сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) анҷом дода шудааст;
7) бинобар аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) иҷро накардан ё дар сатҳи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар кардааст, бо назардошти ӯҳдадориҳои мутобиқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" пешбинӣ карда шуда, инчунин хароҷот барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) барои пардохти арзиши экскурсияҳо ва саёҳатҳо, аз ҷумла бо роҳхатҳо;
9) додани мукофотпулӣ (фоизҳо) барои қарз (заём) ва истифодаи маблағҳои заём, инчунин пардохтҳои комиссионӣ ва дигар хароҷоте, ки бо ҷалб ва истифода намудани маблағҳои заём алоқаманд мебошанд, зиёда аз меъёри ЛИБОР бо ҷамъ намудани маржа, ки бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон маржа наметавонад аз меъёри ЛИБОР зиёд бошад;
10) зарари (хароҷоти) расонидашуда (анҷомдодашуда) дар натиҷаи садамаҳое, ки бо айби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) бинобар риоя накардани технология ва (ё) техникаи бехатарӣ рӯй додаанд;
11) хароҷот барои суғуртаи ихтиёрии кормандон;
12) хароҷот вобаста ба тафтишоти судӣ;
13) ҷарима ва пинаҳое (фоизҳое), ки аз тарафи мақомоти давлатӣ аз сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) гирифта мешаванд;
14) хароҷоти пардохти масрафҳо барои истифодаи шахсии кормандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст;
15) андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии мутобиқи ҳамин боб пардохташуда;
16) тамоми хароҷоте, ки бевосита ба фаъолият аз рӯи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тааллуқ надорад, бо назардошти арзиши молу мулки додашуда, корҳои иҷрошуда, хизматҳои аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) (аз ҳисоби сармоягузор) ройгон (хайрия) расонидашуда.
Моддаи 357. Тартиби пӯшонидани хароҷоти ҷуброншаванда
1. Хароҷоти ҷуброншаванда аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ тибқи тартиби дар ҳамин модда муайянгардида бо назардошти хусусиятҳои дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқарраргардида ба сармоягузор ҷуброн карда мешаванд.
2. Пӯшонидани хароҷоти ҷуброншавандаи сармоягузор аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ аз моҳи гирифтани маҳсулот сар карда анҷом дода мешавад.
Тақсими маҳсулоти фоида ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда низ аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.
Ба мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот пӯшонида шавад.
3. Бақияи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар охири давраи андоз пӯшонида нашудаанд, чунин муайян карда мешавад:
- хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудаанд;
- ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;
- тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудаанд.
Моддаи 358. Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда
1. Сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва фоидаро бо воҳидҳои ченаки аслӣ (натуралӣ), инчунин бо асъори миллӣ ва асъори хориҷии озод табдилшаванда, ки дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян карда шудааст, тибқи қоидаҳои ҳисоби андоз, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда анҷом медиҳад.
2. Сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ӯҳдадор аст пешбурди ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншавандаро тавре таъмин намояд, то ин ки ба инъикоси дукаратаи ҳамон як хароҷот дар маҳсулоти ҷубронӣ ва хароҷоти ҷуброншаванда роҳ дода нашавад.
Моддаи 359. Муайянкунии таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида
Таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида байни сармоягузор ва давлат дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 360. Давраи андозӣ (ҳисоботӣ)
Давраи андозӣ (ҳисоботӣ) барои пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсимн маҳсулот, аз ҷумла андозҳо мутобиқи ҳамин боб моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 361. Мӯҳлати пардохт
Пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин боб на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ) интиқол дода мешаванд.
Моддаи 362. Эъломияи андоз
Эъломия аз рӯи пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ) пешниҳод карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 397
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
16 апрели соли 2008 № 931
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 493