Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 469
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 469
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(Фармон Президенти ҶТ аз 4.03.2009 № 630, аз 6.07.2018 № 1067)
(Фармон Президенти ҶТ аз 4.03.2009 № 630, аз 6.07.2018 № 1067)
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд-Марказ) муассисаи давлатии пажӯҳишӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
1.2. Муассиси Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
1.3. Шакли ташкилию ҳуқуқии Марказ дар асоси талаботи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатӣ муайян карда шудааст.
1.4. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва штамп бо номи худ ба забони давлатӣ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус мебошад. Марказ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад (.
1.5. Дар фаъолияти худ Марказ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад .
1.5(1). Номи муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон": бо забони тоҷикӣ:
...