ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 469
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба оинномаи муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №469 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 1.4, 5.1, 5.2 ва номи боби 5 калимаҳои "амвол", "баланси", "Амвол" ва "Амволи" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулк", "тавозуни", "Молу мулк" ва "Молу мулки" иваз карда шаванд;
- аз банди 1.5 калимаи "Сарқонуни" хориҷ карда шавад;
- банди 1.5(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"1.5(1). Номи муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон": бо забони тоҷикӣ:
пурра: муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"; мухтасар: Маркази исломшиносӣ; бо забони русӣ:
пурра: государственное учреждение "Центр исламоведения при Президенте Республики Таджикистан";
мухтасар: Центр исламоведения.";
- дар сархати якуми банди 2.1 калимаҳои "асосҳои" ва "эътиқод" мувофиқан ба калимаҳои "асосноккунии" ва "виҷдон" иваз карда шаванд;
- сарҳатҳои дуюм, сеюм ва ҳаштуми банди 2.1 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- таҳияи консепсияҳои давлатӣ ва барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба рушди ҳаёти динии ҷомеа;
- муайян кардани алоқамандии мероси исломӣ бо фарҳанги миллӣ;’
...