*** Дар тамоми матни Тартиби мазкур калимаи мураккаби ихтисоршудаи (аббревиатураи) "БНММ" ба калимаи мураккаби ихтисоршудаи "БПНМ" иваз карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 528)
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 171
тасдиқ шудааст
Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.08.2014 № 528)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Иҷрои Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо (минбаъд Тартиб) аз тарафи ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳатмӣ мебошад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ШСВНМО (шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам)шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ҳам дар давраи набудани нишонаҳои беморӣ ва ҳам дар давраи зарари ҷиддӣ дидани системаи масуният, ки бо вируси норасоии масуният ба вуҷуд омадааст;
- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ - муоинаи тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам аз рӯи хоҳиш ва назардошти онҳо;
- азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ (анонимӣ) - муоинаи ихтиёрии тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам, бо воситаи ташхис, бидуни бақайдгирии насаб, ном, номи падар ва дигар аломатҳои муайянкунии шахсият, бе нишон додани ҳуҷҷати шахсӣ ва бидуни хабардиҳии нишондиҳандаҳои фардии шахси азназаргузаранда;
- азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) - муоинаи тиббӣ барои ошкор ва муайянкунии сирояти вируси норасоии масунияти одам, ки ҳангоми ташхис ба шахси муоинашаванда кафолати нигоҳ доштани махфияти ахбор дар бораи далели гузаштан аз азназаргузаронӣ ва натиҷаҳои он дода мешавад;
- азназаргузаронии тиббии ҳатмӣ - муоинаи тиббии шахс барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам бо ихтиёри ӯ, ки талаботи асосӣ барои гурӯҳҳои алоҳида аст ва иҷроиши амалҳои муайян аст;
- муоинаи ташхисӣ нисбат ба вуҷуд доштани сирояти ВНМО - муоинаи ташхисии шахсон бо мақсади тасдиқи ташхиси сирояти ВНМО дар чорчӯбаи муоина ва табобати муштариёни аниқе, ки ба муассисаҳои тиббӣ бо шикоят ва ё бо аломатҳое муроҷиат кардааст, ки метавонад қобилиятан аз сабаби сирояти вируси норасоии масунияти одам ба сифати элементи стандартии расондани ёрии клиникӣ ба ҳар як нафар;
- скрининг ба сирояти ВНМО - муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани ҳодисаҳои сирояти намуди пинҳонӣ ВНМО дар шахсони муроҷиаткарда, ки ба муассисаҳои тиббӣ бидуни шикоят ва аломатҳои эҳтимолии ВНМО, ки барои статуси ВНМО дастрасӣ ба хизматрасониҳои профилактикӣ ва ё муолиҷавӣ имконият фароҳам меоварад;
- машварати равонию иҷтимоӣ - гуфтугӯи фардии пинҳонӣ байни шахси ташхисшаванда ва шахсе, ки машварат медиҳад ва ин барои паси сар кардани ҳолати изтироби рӯҳию инфиолӣ ва қабули қарор нисбат ВНМО/БПНМ имконият медиҳад;
- муоинаи ШСВНМО - муоинаи ҳолати саломатии шахсони сироятшудаи ВНМО;
ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) - вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад ;
БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масуният) - давраи терминалии (ниҳоии) сирояти аз вируси норасоии масунияти одам пайдошуда ;
2. Азназаргузаронии тиббӣ барои пайдо кардани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам
3. Муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тандурустие, ки азназаргузаронии тиббиро барои ошкор сохтани сироятшудагон бо вируси норасоии масунияти одам мегузаронанд, бояд бехатарии азназаргузарониро ҳам нисбат ба муоинашаванда ва ҳам нисбат ба шахси ташхисгузарон тибқи меъёрҳо ва стандарҳои муқараргардида таъмин намояд.
4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини азназаргузарониҳои тиббӣ бо мақсади дарёфти сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам амалӣ мешаванд:
- азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ;
- азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ;
3. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ
5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ё қарор доранд, инчунин ихтиёрӣ хоҳиши гузаштани аз азназаргузаронии тиббиро нисбат ба ошкор сохтани сироятшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам доранд, мувофиқи хоҳиши шаҳрванд аз муоина ба таври зайл гузаронда мешаванд: бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият (пинҳонӣ): бо пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё маълумотҳои шахсӣ (махфӣ бо риояи сирри тиббӣ) .
6. Азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ барои ошкор сохтани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам ройгон гузаронда мешавад.
7. Ба занони ҳомила азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ ҳангоми ба қайд гирифтан ва дар давраи семоҳаи сеюми ҳомилагӣ пешниҳод мегардад.
7(1). Кормандони тиб ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои махсуси аҳолии дорои хатари баланди сирояти вируси норасоии масунияти одам мансуб мебошанд, мунтазам гузаштани азназаргузаронии тиббиро бо мақсади ҳарчи бештар дарёфт намудани сирояти ВНМО, машваратдиҳӣ ва сари вақт оғоз намудани табобатро дар ҳолати сироятёбӣ бояд тавсия диҳанд .
4. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ
8. Азназаргузаронии ҳатмии махфии тиббиро барои ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам бояд гузаранд :
- донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳо - ҳангоми ҳар дафъаи гирифтани маводи донорӣ. Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, наметавонанд донори хун ва дигар моеъҳо, узвҳо ва бофтаҳои биологӣ бошанд;
- шахсоне, ки дорои аломатҳои ВНМО ё БПНМ, ё бемориҳои бо БПНМ иртиботдошта мебошанд, бояд азназаргузаронии ташхисии ҳатмиро барои ошкор сохтани сирояти ВНМО гузаранд (Замимаи 5);
- хорич карда шуд .
9. Азназаргузаронии ҳатмии махфии тиббиро ба сирояти ВНМО шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ ва дар вақти қабул шудан ба кор, инчунин ҳангоми гузаштан аз муоинаҳои давравии тиббӣ мегузаранд (Замимаи 3) .
10. Хорич карда шуд .
11. Хорич карда шуд .
12. Хорич карда шуд .
13. Хорич карда шуд .
14. Ҳангоми ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кормандони ихтисосҳои алоҳида ва вазифаҳо (Замимаи 4) ба кори дигар, ки хавфи интиқоли сирояти ВНМО-ро ба дигар шахсон надоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронда мешаванд. Ҳангоми аз тарафи онҳо рад кардан аз азназаргузаронии тиббии ҳатмӣ нисбат ба ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз кор озод карда мешаванд.
15. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ба донорҳои хун ва дигар маҳлулҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳо ройгон гузаронда мешавад .
16. Азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
5. Шартҳои гузарондани азназаргузаронии тиббӣ
17. Шарти зарурии пешакӣ барои азназаргузаронии ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ин розигии дарккардашуда ва огоҳонаи муоинашаванда мебошад, ки тариқи шифоҳӣ ва ё хаттӣ аз рӯи намунаи ба Тартиб замимагардида изҳор гардидааст, мебошад (Замимаи 1).
Розигиро ба азназаргузаронии тиббии шахсони ба синни 16 солагӣ нарасида ва шахсоне, ки тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, намояндагони қонунии онҳо медиҳанд, ки ҳуқуқ доранд дар вақти азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.
18. Шахси муоинашаванда ҳуқуқ дорад, ки тариқи хаттӣ аз азназаргузаронӣ дар ҳар давраи он даст кашад, ба ғайр аз ҳолатҳои азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ.
19. Кормандони тиббӣ вазифадоранд, ки этикаи касбии корманди тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд. Ҳама гуна маҷбуркунӣ ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам, гузаронидани он бе розигии шахси муоинашаванда (ба ғайр аз азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ) ва ё истифодаи методҳои зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ, инчунин бо истифодаи ҳолати вобастагии шахси муоинашаванда манъ аст.
20. Ҳар як азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам новобаста аз намуди он бояд ҳатман бо машварати равонию иҷтимоии то тесткунонӣ ва баъдитесткунонӣ хамрадиф бошад.
Машваратдиҳии равонию иҷтимоии шахсони ба синни 16 сола нарасида бо иштироки падару модарон ё намояндагони қонунӣ гузаронда мешавад.
21. Муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд барои риояи реҷаи зиддиэпидемикии корӣ шароит муҳайё намоянд. Кормандони тиббӣ вазифадоранд талаботи техникаи бехатариро ҳангоми иҷрои амалиётҳои тиббӣ қатъӣ риоя намуда, барои муоинакунанда шароитҳои бехавфро бо мақсади пешгирии сирояти дохилибеморхонагии ВНМО ва дигар бемориҳо таъмин намоянд.
Роҳхат барои ташхиси намунаи хун ба сирояти ВНМО бо усули ташхиси иммуноферментӣ аз тарафи кормандони тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (насаб, ном ва номи падар, санаи таваллуд, суроғаи ҷойи истиқомат ба таври мукаммал) пур карда мешавад. Намунаҳои хун ба ташхисгоҳҳои ташхиси иммуноферментӣ танҳо аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳое, ки дар он ҷо намунаи хун гирифта шудааст, дастрас карда мешаванд .
23. Чорабиниҳо дар вақти ошкор сохтани сирояти ВНМО нисбат ба ташхисшаванда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
24. Натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам шахсан ба дасти ташхисшаванда ва ё ба намояндаи қонунии ӯ дар рафти гузаштан аз маслиҳати равонию иҷтимоӣ дода мешавад. Оид ба натиҷаҳои азназаргузаронӣ бо телефон хабар додан манъ аст.
25. Додани хулосаи расмӣ (маълумотнома) оид ба натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД-и амалӣ мешавад .
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз рӯи хоҳишашон хулосаи расмии тиббии (маълумотнома) намунаи муқарраргардида (Замимаи 2) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият дар давоми 10 рӯзи корӣ дода мешавад .
26. Барои додани хулосаи расмии тиббӣ (маълумотнома) оид ба натиҷаи азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам ва дигар сироятҳо маблағ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақомоти ваколатдор ба мувофиқа расонда шудааст, ситонида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки муоина мувофиқи Тартиби мазкур ройгон муайян шудааст.
27. Мувофиқи хоҳиши шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, муоинаи тиббӣ барои ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам бо интихоби ӯ новобаста аз мӯҳлати азназаргузаронии пешина метавонад такроран гузаронда шавад.
28. Ахборот оиди воқеият, натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масуният ва дигар маълумотҳои ҳангоми муоинаи тиббӣ бадастомада сирри тиббиро ташкил медиҳанд.
Ошкор кардани маълумоти сирри тиббӣ аз ҷониби шахсоне, ки ба онҳо ин маълумот дар вақти омӯзиш, иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва касбӣ маълум гардидаанд, мумкин нест.
Танҳо бо розигии хаттии шаҳрванд ё намояндаи қонунии ӯ дигар шаҳрвандон ва шахсони мансабдор додани ахборе, ки сирри тиббиро ташкил мекунад, мумкин аст.
29. Шахсоне, ки маълумоти сирри тиббии ҳангоми омӯзиш, иҷрои вазифаҳои касбӣ, хизматӣ ва дигар вазифаҳо ба онҳо маълум гардидаро паҳн кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
30. Вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ надоранд аз кормандон ва шаҳрвандон нишон додани хулосаи тиббиро (маълумотнома) оид ба азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам талаб намоянд, агар чунин амал тибқи Тартиб пешбинӣ нашуда бошад.
6. Баҳисобгирии тиббӣ ва назорати шахсони сироятшудаи
31. Таҳти баҳисобгирии тиббӣ, бақайдгирӣ ва назорат қарор доранд:
- шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ;
- кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ таваллудшуда;
Шахсони номбаршуда дар қайди марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва муассисаҳои тиббию профилактиккӣ дар ҷои зист қарор доранд.
32. Кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ таваллудшуда дар қайд то 18 - моҳагӣ меистанд. Агар дар ин вақт дар кӯдак натиҷаи азназаргузаронии тиббӣ ба ВНМО тасдиқ нагардад, аз қайд бароварда мешавад.
Ҳангоми хизматрасонии кӯдакони ба ВНМО сироятшуда ба шахсоне, ки бо нигоҳубини ин гуна кӯдакон машғуланд ва барои кӯдак ҷавобгарии ҳуқуқӣ доранд, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО гузаронида мешавад .
33. Баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва назорати тиббии шахсони дорои натиҷаҳои мусбии ташхис ба ВНМО бояд бо риояи асосҳои пинҳонӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои шахсию озодии инсон, ки қонунҳо ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бояд амалӣ шаванд.
34. Назорати тиббии шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ бо мақсади назорати ҳолати солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, сари вақт пайдо намудан ва табобати сироятҳои опортунистӣ, гузаронидани табобати махсуси зиддиретровирусӣ, дастгирии равонӣ ва машваратдиҳӣ амалӣ мешавад.
35. Назорати тиббии шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ аз тарафи марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ҷои истиқомат дар давоми 6 моҳ 1 маротиба гузаронда мешавад.
Замимаи 1
ба Тартиби азназаргузаронии
тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ,
муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Намунаи розигии иттилоотёфта |
| |
| Бо ин тасдиқ мешавад, ки ман, дар зер имзокунанда __ сола|
|мебошам. |
|Ман барои машварат ва тестгузарӣ нисбат ба ВМНО ба таври ихтиёрӣ ба |
|ин муассиса муроҷиат кардам. Бо ин ариза ман тасдиқ менамоям, ки |
|барои гирифтан ва ташхиси хуни (пешоб, луоби даҳон) ман аз тарафи |
|Марказ ба сирояти ВНМО рози ҳастам. |
|Ман тасдиқ мекунам, ки рақами тартибии намунаи хуни (пешоб, луоби |
|даҳон) бо рақами корти бақайдгири нишондодашудаи ман дуруст |
|мебошанд. |
|Ман тасдиқ мекунам, ки ман инчунин маълумот гирифтам оид ба: |
|- мақсад ва рафти тестгузаронӣ ба ВНМО; |
|- чораҳо ва пешгирии сироят ва интиқоли ВНМО; |
|- ман инчунин оид ба амалҳои баъдинаи худ вобаста ба натиҷаҳои |
|тестгузаронии манфӣ ва ё мусбат машварат гирифтам. |
|Ман оид ба ҳуқуқ дошатанам нисбат ба даст кашиданам аз гирифтани |
|натиҷаҳои тестгузаронӣ огоҳонида шудам. |
|Бо ин арз мекунам, ки нисбат ба кормандони муассиса ва худи |
|муассиса, ки муоина гузарондааст мустақиман ва ё ба восита даъво |
|намекунам дар вақте ки натиҷаҳо дуруст ва ё бо воситае ба ман |
|тааллуқ дошта бошанд, инчунин ба шахсони машваратгузаронанда ва |
|ташхисгузаронанда бо даъвои додани натиҷаҳои қалбакии мусбӣ ва ё |
|қалбакии манфӣ ягон намуди даъво надорам. |
|Ман розигӣ медиҳам ба Марказ оид ба гузарондани ташхиси такрорӣ, ки |
|мансубияти статуси ВНМО-и маро месанҷанд; қарор оид ба гузарондани |
|санҷиши такрорӣ ба салоҳдиди Марказ гузошта мешавад. |
| |
|Имзои мизоҷ: ___________________ |
| |
|Имзои муоинакунанда: ___________ |
| |
|Сана: __________________________ |
| |
+--------------------------------------------------------------------+
Замимаи 2

+------------------------------------+-------------------------------ҷ
| Вазорати тандурустии | Ҳуҷҷатгузории тиббӣ |
| Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| | |
+------------------------------------+-------------------------------+
| Номгӯи муассиса | |

| МАЪЛУМОТНОМА |
| |
| CERTIFICATE № ____ |
| |
| Оид ба ташхис нисбати подтанҳо ба вируси норасоии масунияти одам |
| Ot test on antibodies to HIV | | |
| Ман бо ин тасдиқ мекунам, ки|
| |
| I _____________________________________ hereby certify that |
| (ному насаби духтур) |
| |
|____________________________________________________________________|
| (Насаб, ном, номи падар, сурогаи муштарӣ; name of patient) |
| |
|________________________ Was tested ________________________________|
| (аз ташхис гузашт, сана; date) |
| |
| For the presens in hisblood of antibodies to the HIV and |
| that the result of the test was NEGATIVE |
| Ба вучуд доштани подтанхо ба ВНМО бо натичаи МАНФИ |
| |
| |
| Ҷ.М. |
| Signature |
| ___________________ Имзои духтур|
| |
+--------------------------------------------------------------------+
Замимаи 3
ба Тартиби азназаргузаронии
тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ,
муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо
Номгӯи ихтисосҳо ва вазифаҳое, ки бояд азназаргузаронии ҳатмии тиббиро гузаранд
Азназаргузаронии тиббии ҳатмиро нисбат ба ошкор сохтани сирояти ВНМО ҳангоми ба кор қабул намудан ва гузаронидани муоинаҳои тиббӣ гурӯҳи зерин бояд гузарад.
1. Духтурон, мутахассисони миёна ва хурди тиббии Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, муассисаҳои тиббӣ, шӯъбаҳо ва сохторҳои тандурустии махсусгардондашуда, ки бевосита бо ташхис, муоина, табобат, хизматрасониҳо ба сироятёфтагони ВНМО, инчунин гузарондани экспертизаи судию тиббӣ ва дигар корҳо бо шахсони сироятёфта бо вируси норасоии масунияти одам, ки бо онҳо алоқаи бевосита доранд.
2. Духтурон, мутахассисони миёна ва хурди тиббии ташхисгоҳҳое, ки бо муоинаи аҳолӣ нисбат ба сирояти ВНМО ва ташхиси хун ва маводи биологии аз сироятшудагони ВНМО гирифташуда сарукор доранд.
3. Кормандони тиббие, ки дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ кор мекунанд ва бо хун алоқаи бевосита доранд:
- ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи соҳаҳо, ҳамшираҳои шафқати утоқҳои ҷарроҳӣ, ҳамшираҳои шафқати утоқҳои амалиётгузаронӣ,
кормандони хурди тиббӣ;
- момодоя - гинекологҳо;
- кормандони шӯъбаҳои дандонпизишкӣ, бемориҳои хун, гурдаи сунъӣ, муассисаҳои хадамоти хун, ташхисгоҳҳои клиникию ташхисӣ ва биокимиёвӣ.
4. Мутахассис оид ба татуаж (расмкашӣ дар бадан).
Замимаи 4

НОМГӯИ ихтисос ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ роҳ дода намешавад
Кормандони тиббӣ:
- ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи ихтисосҳо, момодоягинекологҳо, мутахассисони хадамоти хунгузаронӣ ва дигар мутахассисони бевосита бо хун сарукордошта;
- мутахассисони беморхонаҳо ва шӯъбаҳои сироятие, ки дар онҳо хатари ҳақиқии авҷи сироятҳои оппортунистӣ нисбати кормандони бо ВНМО сироятёфта вуҷуд дорад (сил, микоз ва ғ.).
Замимаи 5
ба Тартиби азназаргузаронии
тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ,
муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо
Руйхати шахсоне, ки бояд азназаргузаронии тиббии ҳатмиро нисбат ба ошкор сохтани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам гузаранд
Бемороне, ки дар табобати беморхонагӣ ва дармонгоҳӣ қарор доранд, ҳангоми муайян гардидани нишондодҳои клиникии зерин:
табби сабабаш номаълуми (доимӣ ё авҷгиранда (рецидивирующая)) давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
дарунравии сабабаш номаълуми давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
калоншавии ҳаҷми ғадудҳои лимфатикии ду ва аз он зиёд гурӯҳҳо бо давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
бо сабаби номуайян кам шудани вазни бадан дар ҳаҷми аз 10 фоиз зиёд;
илтиҳоби шуши дарозмуддат ва авҷгирандаи тарбоди музмини бронхҳо ва ё илтиҳоби шушҳое, ки бо табобати оддӣ сиҳат намешавад; лейкоплакияи мӯйинагии ковокии даҳон;
илтиҳоби авҷгирандаи римкони пӯст, ки суст табобат мешавад, стрептостафилодермия;
бемориҳои римноки бактериалии авҷгиранда, бемориҳои паразитарӣ, таафуни хусусияти давомнокдошта, ки бо табобати оддӣ фаро гирифта намешавад (бо микобактерияҳои авиа, соддатаринҳо, кандида ва пневмосиста ба вуҷуд омада);
энсефалитҳои зершадид ва ноқисулақлӣ дар одамони пештар солимбуда;
Беморон бо гумонбарӣ ва ё тасдиқи ташхисҳои зерин:
- саркомаи Капоши (саратон):
- лимфомаи мағзи сар;
- сили шуш ва ғайришушӣ:
- зардпарвини С, зардпарвини В, НВз- ҳомил ҳангоми мондани ташхис ва баъди 6 моҳ;
- бемории аз ситомегаловирус баамаломада;
- шакли музмин ва ё паҳнгардидаи сироят, ки бо вируси оддии герпес ба вуҷуд омадааст;
- шукуфаи канорпеч дар шахсони то синни 60 сола;
- мононуклеоз - баъди 3 моҳ пас аз оғози беморӣ;
- менингоэнцефалити шадиди асептикӣ;
- гулафшони шадиди тромбоситопеникии сабабаш номаълум;
- пневмосистоз (илтиҳобҳо);
- токсоплазмоз;
- кандидози сурхрӯда, хирной, бронхҳо ё шушҳо; пардаҳои луобии ковокии даҳон ва бинӣ, узвҳои таносул;
- микозҳои чуқур (гистоплазмоз, стронгилоидоз, криптококкоз, споротрихоз, актиномикоз ва ғ.); лейкоэнцефалопатияи авҷгирандаи бисёрманбагӣ.
Беморон бо лейкопения, лимфопения, тромботситопения, инчунин шахсоне, ки дар онҳо бо муоинаи иммунологӣ мутаносибии хелперӣ-суспенсорӣ ба 1 кам муайян шудааст.
Бемороне, ки ба таври системавӣ хун ва ё маводи хун қабул мекунанд (ҳангоми гемофилия, бемории Верлгоф, бемории Виллебранд, камхунии сабабаш гуногун ва ғ.) - ҳангоми ошкоркунӣ ва баъдан 1 маротиба дар як сол.
Қабулкунандагони хун, зардоба, дигар маҳлулҳо ва бофтаҳои биологӣ - баъди 6 моҳи қабулкунӣ ва ё пайвандкунӣ.
Кӯдакон бо бемориҳои норасоии масунияти аввалияи устувор (Т-ИДС, В-ИД С, омехташудаи Т ва В-ИДС, норасогии аввалияи системаи фагоситарӣ ва системаи копонентӣ).
Кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ таваллудшуда, ки тибқи банди 32-и Тартиб дар қайд то синни 18 моҳагӣ қарор доранд.
Скрининг ба сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ошкор сохтани ВНМО равона карда шудааст, зина ба зина ва марҳила ба марҳила вобаста ба нишондодҳои эпидемиологӣ доир ба инкишофи эпидемия, муайянкунии талабот ва мавҷудияти захираҳо дар муассисаҳои тиббии хадамот барои табобати сироятҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ гузаранда (БСҶ), дар хадамоти тиббӣ барои гурӯҳҳои хавфи зиёддошта, инчунин муассисаҳои тиббии пеш аз таваллуд, давраи таваллуд ва ёрирасони давраи баъдитаваллуд ҷорӣ карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 171
тасдиқ шудааст
Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд
- шарики бо шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БПНМ, аз ҷумла: алоқаманди ҷинсӣ, шарикон оид ба истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ падару модари кӯдаки бо ВНМО сироятшуда ;
- ҳангоми хурӯҷи дохилибеморхонагии сирояти ВНМО: шахсоне, ки ҳангоми хуруҷи сироят дар беморхона (шӯъба, ҳуҷраи хоб) қарор дошта, амалиёти тиббии дорои эҳтимолияти алоқамандиро бо маводи ҳомили ВНМО (гузарондани хун, сӯзандоруҳо, амалиёти ҷарроҳӣ ва ғ.) қабул кардаанд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 171
тасдиқ шудааст
Татиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо
1. Муқаррароти умумӣ
1. Иҷрои Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо (минбаъд Тартиб) аз тарафи ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳатмӣ мебошад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ШСВНМО (шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам)шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ҳам дар давраи набудани нишонаҳои беморӣ ва ҳам дар давраи зарари ҷиддӣ дидани системаи масуният, ки бо вируси норасоии масуният ба вуҷуд омадааст;
- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ - муоинаи тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам аз рӯи хоҳиш ва назардошти онҳо;
- азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ (анонимӣ) - муоинаи ихтиёрии тиббии шахсон барои ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам, бо воситаи ташхис, бидуни бақайдгирии насаб, ном, номи падар ва дигар аломатҳои муайянкунии шахсият, бе нишон додани ҳуҷҷати шахсӣ ва бидуни хабардиҳии нишондиҳандаҳои фардии шахси азназаргузаранда;
- азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) - муоинаи тиббӣ барои ошкор ва муайянкунии сирояти вируси норасоии масунияти одам, ки ҳангоми ташхис ба шахси муоинашаванда кафолати нигоҳ доштани махфияти ахбор дар бораи далели гузаштан аз азназаргузаронӣ ва натиҷаҳои он дода мешавад;
- азназаргузаронии тиббии ҳатмӣ - муоинаи тиббии шахс барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам бо ихтиёри ӯ, ки талаботи асосӣ барои гурӯҳҳои алоҳида аст ва иҷроиши амалҳои муайян аст;
- муоинаи ташхисӣ нисбат ба вуҷуд доштани сирояти ВНМО - муоинаи ташхисии шахсон бо мақсади тасдиқи ташхиси сирояти ВНМО дар чорчӯбаи муоина ва табобати муштариёни аниқе, ки ба муассисаҳои тиббӣ бо шикоят ва ё бо аломатҳое муроҷиат кардааст, ки метавонад қобилиятан аз сабаби сирояти вируси норасоии масунияти одам ба сифати элементи стандартии расондани ёрии клиникӣ ба ҳар як нафар;
- скрининг ба сирояти ВНМО - муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани ҳодисаҳои сирояти намуди пинҳонӣ ВНМО дар шахсони муроҷиаткарда, ки ба муассисаҳои тиббӣ бидуни шикоят ва аломатҳои эҳтимолии ВНМО, ки барои статуси ВНМО дастрасӣ ба хизматрасониҳои профилактикӣ ва ё муолиҷавӣ имконият фароҳам меоварад;
- машварати равонию иҷтимоӣ - гуфтугӯи фардии пинҳонӣ байни шахси ташхисшаванда ва шахсе, ки машварат медиҳад ва ин барои паси сар кардани ҳолати изтироби рӯҳию инфиолӣ ва қабули қарор нисбат ВНМО/БНММ имконият медиҳад;
- муоинаи ШСВНМО - муоинаи ҳолати саломатии шахсони сироятшудаи ВНМО.
2. Азназаргузаронии тиббӣ барои пайдо кардани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам
3. Муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тандурустие, ки азназаргузаронии тиббиро барои ошкор сохтани сироятшудагон бо вируси норасоии масунияти одам мегузаронанд, бояд бехатарии азназаргузарониро ҳам нисбат ба муоинашаванда ва ҳам нисбат ба шахси ташхисгузарон тибқи меъёрҳо ва стандарҳои муқараргардида таъмин намояд.
4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини азназаргузарониҳои тиббӣ бо мақсади дарёфти сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам амалӣ мешаванд:
- азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ;
- азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ;
3. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ
5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ё қарор доранд, инчунин ихтиёрӣ хоҳиши гузаштани аз азназаргузаронии тиббиро нисбат ба ошкор сохтани сироятшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам доранд, мувофиқи хоҳиши шаҳрванд аз муоина ба таври зайл гузаронда мешаванд: бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият (пинҳонӣ): бо пешниҳоди ҳуҷҷат ва ё маълумотҳои шахсӣ (фардии пинҳонӣ бо риояи сирри тиббӣ).
6. Азназаргузаронии тиббии пинҳонӣ барои ошкор сохтани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам ройгон гузаронда мешавад.
7. Ба занони ҳомила азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ ҳангоми ба қайд гирифтан ва дар давраи семоҳаи сеюми ҳомилагӣ пешниҳод мегардад.
4. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ
8. Азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии (конфиденсиалии) тиббиро барои ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам бояд гузаранд:
- донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳо - ҳангоми ҳар дафъаи гирифтани маводи донорӣ. Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, наметавонанд донори хун ва дигар моеъҳо, узвҳо ва бофтаҳои биологӣ бошанд;
- шахсоне, ки дорои аломатҳои ВНМО ё БНММ, ё бемориҳои бо БНММ иртиботдошта мебошанд, бояд азназаргузаронии ташхисии ҳатмиро барои ошкор сохтани сирояти ВНМО гузаранд (Замимаи 5);
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ барои кор, таҳсил, истиқомати доимӣ ё бо дигар мақсадҳо меоянд, дар муддати даҳ рӯзи баъди омаданашон ва минбаъд ҳангоми муоинаҳои тиббии ҳарсола, ба ғайр аз шахсони дорои маълумотнома оид ба гузаштани азназаргузаронӣ нисбат ба ВНМО бояд аз азназаргузаронии тиббӣ гузаранд.
9. Азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии (конфиденсиалии) тиббиро ба сирояти ВНМО шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ ва дар вақти қабул шудан ба кор, инчунин ҳангоми гузаштан аз муоинаҳои давравии тиббӣ мегузаранд (Замимаи 3).
10. Аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд раводид барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шарти пешниҳоди ҳатмии маълумотнома дар бораи вуҷуд надоштани вируси норасоии масунияти одам дар онҳо дода мешавад.
11. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қайд гирифтани шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди хориҷӣ, мавҷуд будани маълумотномаро дар бораи гузаштани азназаргузаронӣ нисбат ба ВНМО назорат бурда, дар вақти набудани он - нисбат ба гузаштан аз азназаргузаронии тиббӣ дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ баъди воридшавӣ назоратро таъмин менамояд.
12. Маълумотнома - "Сертификат" дар бораи вуҷуд доштани вируси норасоии масунияти одам ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд танҳо аз ҷониби марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД дода мешавад.
13. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи банди 8 нишон дода шудаанд, ҳангоми дидаю дониста саркашӣ намудан аз азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ ва ошкор намудани вируси норасии масунияти одам, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бадарға (депортатсия) карда мешаванд.
14. Ҳангоми ошкор кардани сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кормандони ихтисосҳои алоҳида ва вазифаҳо (Замимаи 4) ба кори дигар, ки хавфи интиқоли сирояти ВНМО-ро ба дигар шахсон надоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронда мешаванд. Ҳангоми аз тарафи онҳо рад кардан аз азназаргузаронии тиббии ҳатмӣ нисбат ба ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз кор озод карда мешаванд.
15. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ба донорҳои хун ва дигар маҳлулҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳо, инчунин ба кормандони ихтисосҳои алоҳида ва вазифаҳо ройгон гузаронда мешавад.
16. Азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
5. Шартҳои гузарондани азназаргузаронии тиббӣ
17. Шарти зарурии пешакӣ барои азназаргузаронии ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ин розигии дарккардашуда ва огоҳонаи муоинашаванда мебошад, ки тариқи шифоҳӣ ва ё хаттӣ аз рӯи намунаи ба Тартиб замимагардида изҳор гардидааст, мебошад (Замимаи 1).
Розигиро ба азназаргузаронии тиббии шахсони ба синни 16 солагӣ нарасида ва шахсоне, ки тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф шудаанд, намояндагони қонунии онҳо медиҳанд, ки ҳуқуқ доранд дар вақти азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.
18. Шахси муоинашаванда ҳуқуқ дорад, ки тариқи хаттӣ аз азназаргузаронӣ дар ҳар давраи он даст кашад, ба ғайр аз ҳолатҳои азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ.
19. Кормандони тиббӣ вазифадоранд, ки этикаи касбии корманди тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд. Ҳама гуна маҷбуркунӣ ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам, гузаронидани он бе розигии шахси муоинашаванда (ба ғайр аз азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ) ва ё истифодаи методҳои зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ, инчунин бо истифодаи ҳолати вобастагии шахси муоинашаванда манъ аст.
20. Ҳар як азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам новобаста аз намуди он бояд ҳатман бо машварати равонию иҷтимоии то тесткунонӣ ва баъдитесткунонӣ хамрадиф бошад.
Машваратдиҳии равонию иҷтимоии шахсони ба синни 16 сола нарасида бо иштироки падару модарон ё намояндагони қонунӣ гузаронда мешавад.
21. Муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд барои риояи реҷаи зиддиэпидемикии корӣ шароит муҳайё намоянд. Кормандони тиббӣ вазифадоранд талаботи техникаи бехатариро ҳангоми иҷрои амалиётҳои тиббӣ қатъӣ риоя намуда, барои муоинакунанда шароитҳои бехавфро бо мақсади пешгирии сирояти дохилибеморхонагии ВНМО ва дигар бемориҳо таъмин намоянд.
22. Ташхиси лаборатории хун ва дигар маҳлулҳои биологӣ бо мақсади ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
23. Чорабиниҳо дар вақти ошкор сохтани сирояти ВНМО нисбат ба ташхисшаванда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
24. Натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам шахсан ба дасти ташхисшаванда ва ё ба намояндаи қонунии ӯ дар рафти гузаштан аз маслиҳати равонию иҷтимоӣ дода мешавад. Оид ба натиҷаҳои азназаргузаронӣ бо телефон хабар додан манъ аст.
25. Додани хулосаи расмӣ (маълумотнома) оид ба натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз рӯи хоҳишашон хулосаи расмии тиббии (маълумотнома) намунаи муқарраргардида (Замимаи 2) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият дар давоми 10 рӯзи корӣ дода мешавад.
26. Барои додани хулосаи расмии тиббӣ (маълумотнома) оид ба натиҷаи азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам ва дигар сироятҳо маблағ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақомоти ваколатдор ба мувофиқа расонда шудааст, ситонида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки муоина мувофиқи Тартиби мазкур ройгон муайян шудааст.
27. Мувофиқи хоҳиши шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, муоинаи тиббӣ барои ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам бо интихоби ӯ новобаста аз мӯҳлати азназаргузаронии пешина метавонад такроран гузаронда шавад.
28. Ахборот оиди воқеият, натиҷаҳои азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масуният ва дигар маълумотҳои ҳангоми муоинаи тиббӣ бадастомада сирри тиббиро ташкил медиҳанд.
Ошкор кардани маълумоти сирри тиббӣ аз ҷониби шахсоне, ки ба онҳо ин маълумот дар вақти омӯзиш, иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ ва касбӣ маълум гардидаанд, мумкин нест.
Танҳо бо розигии хаттии шаҳрванд ё намояндаи қонунии ӯ дигар шаҳрвандон ва шахсони мансабдор додани ахборе, ки сирри тиббиро ташкил мекунад, мумкин аст.
29. Шахсоне, ки маълумоти сирри тиббии ҳангоми омӯзиш, иҷрои вазифаҳои касбӣ, хизматӣ ва дигар вазифаҳо ба онҳо маълум гардидаро паҳн кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
30. Вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ надоранд аз кормандон ва шаҳрвандон нишон додани хулосаи тиббиро (маълумотнома) оид ба азназаргузаронии тиббӣ ба ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам талаб намоянд, агар чунин амал тибқи Тартиб пешбинӣ нашуда бошад.
6. Баҳисобгирии тиббӣ ва назорати шахсони сироятшудаи ВНМО
31. Таҳти баҳисобгирии тиббӣ, бақайдгирӣ ва назорат қарор доранд:
- шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ;
- кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ таваллудшуда;
Шахсони номбаршуда дар қайди марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва муассисаҳои тиббию профилактиккӣ дар ҷои зист қарор доранд.
32. Кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ таваллудшуда дар қайд то 18 - моҳагӣ меистанд. Агар дар ин вақт дар кӯдак натиҷаи азназаргузаронии тиббӣ ба ВНМО тасдиқ нагардад, аз қайд бароварда мешавад.
33. Баҳисобгирӣ, бақайдгирӣ ва назорати тиббии шахсони дорои натиҷаҳои мусбии ташхис ба ВНМО бояд бо риояи асосҳои пинҳонӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои шахсию озодии инсон, ки қонунҳо ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бояд амалӣ шаванд.
34. Назорати тиббии шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ бо мақсади назорати ҳолати солимии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, сари вақт пайдо намудан ва табобати сироятҳои опортунистӣ, гузаронидани табобати махсуси зиддиретровирусӣ, дастгирии равонӣ ва машваратдиҳӣ амалӣ мешавад.
35. Назорати тиббии шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ аз тарафи марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ҷои истиқомат дар давоми 6 моҳ 1 маротиба гузаронда мешавад.
Замимаи 1
ба Тартиби азназаргузаронии
тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани
сирояти вируси норасоии масунияти
одам,баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии
сироятшавӣба ВНМО ва муоинаи пешгирии
онҳо
+--------------------------------------------------------------------ҷ
| Намунаи розигии иттилоотёфта |
| |
| Бо ин тасдиқ мешавад, ки ман, дар зер имзокунанда __ сола|
|мебошам. |
|Ман барои машварат ва тестгузарӣ нисбат ба ВМНО ба таври ихтиёрӣ ба |
|ин муассиса муроҷиат кардам. Бо ин ариза ман тасдиқ менамоям, ки |
|барои гирифтан ва ташхиси хуни (пешоб, луоби даҳон) ман аз тарафи |
|Марказ ба сирояти ВНМО рози ҳастам. |
|Ман тасдиқ мекунам, ки рақами тартибии намунаи хуни (пешоб, луоби |
|даҳон) бо рақами корти бақайдгири нишондодашудаи ман дуруст |
|мебошанд. |
|Ман тасдиқ мекунам, ки ман инчунин маълумот гирифтам оид ба: |
|- мақсад ва рафти тестгузаронӣ ба ВНМО; |
|- чораҳо ва пешгирии сироят ва интиқоли ВНМО; |
|- ман инчунин оид ба амалҳои баъдинаи худ вобаста ба натиҷаҳои |
|тестгузаронии манфӣ ва ё мусбат машварат гирифтам. |
|Ман оид ба ҳуқуқ дошатанам нисбат ба даст кашиданам аз гирифтани |
|натиҷаҳои тестгузаронӣ огоҳонида шудам. |
|Бо ин арз мекунам, ки нисбат ба кормандони муассиса ва худи |
|муассиса, ки муоина гузарондааст мустақиман ва ё ба восита даъво |
|намекунам дар вақте ки натиҷаҳо дуруст ва ё бо воситае ба ман |
|тааллуқ дошта бошанд, инчунин ба шахсони машваратгузаронанда ва |
|ташхисгузаронанда бо даъвои додани натиҷаҳои қалбакии мусбӣ ва ё |
|қалбакии манфӣ ягон намуди даъво надорам. |
|Ман розигӣ медиҳам ба Марказ оид ба гузарондани ташхиси такрорӣ, ки |
|мансубияти статуси ВНМО-и маро месанҷанд; қарор оид ба гузарондани |
|санҷиши такрорӣ ба салоҳдиди Марказ гузошта мешавад. |
| |
|Имзои мизоҷ: ___________________ |
| |
|Имзои муоинакунанда: ___________ |
| |
|Сана: __________________________ |
| |
+--------------------------------------------------------------------+
Замимаи 2
ба Тартиби азназаргузаронии тиббӣ
бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам,
баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии
сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи
пешгирии онҳо
+------------------------------------+-------------------------------ҷ
| Вазорати тандурустии | Ҳуҷҷатгузории тиббӣ |
| Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| | |
+------------------------------------+-------------------------------+
| Номгӯи муассиса | |
| | |
+------------------------------------+-------------------------------+
| |
| МАЪЛУМОТНОМА |
| |
| CERTIFICATE № ____ |
| |
| Оид ба ташхис нисбати подтанҳо ба вируси норасоии масунияти одам |
| Ot test on antibodies to HIV | ЖҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚµ ЖҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚҚµ
| |
| Ман бо ин тасдиқ мекунам, ки|
| |
| I _____________________________________ hereby certify that |
| (ному насаби духтур) |
| |
|____________________________________________________________________|
| (Насаб, ном, номи падар, сурогаи муштарӣ; name of patient) |
| |
|________________________ Was tested ________________________________|
| (аз ташхис гузашт, сана; date) |
| |
| For the presens in his\her blood of antibodies to the HIV and |
| that the result of the test was NEGATIVE |
| Ба вучуд доштани подтанхо ба ВНМО бо натичаи МАНФИ |
| |
| |
| Ҷ.М. |
| Signature |
| ___________________ Имзои духтур|
| |
+--------------------------------------------------------------------+
Замимаи 3
ба Тартиби азназаргузаронии табиӣ
бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам,
баҳисобгирӣ, муоинаи
тиббии сиротшавӣ ба ВНМО ва муоинаи
пешгирии онҳо
Номгӯи ихтисосҳо ва вазифаҳое, ки бояд азназаргузаронии ҳатмии тиббиро гузаранд
Азназаргузаронии тиббии ҳатмиро нисбат ба ошкор сохтани сирояти ВНМО ҳангоми ба кор қабул намудан ва гузаронидани муоинаҳои тиббӣ гурӯҳи зерин бояд гузарад.
1. Духтурон, мутахассисони миёна ва хурди тиббии Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, муассисаҳои тиббӣ, шӯъбаҳо ва сохторҳои тандурустии махсусгардондашуда, ки бевосита бо ташхис, муоина, табобат, хизматрасониҳо ба сироятёфтагони ВНМО, инчунин гузарондани экспертизаи судию тиббӣ ва дигар корҳо бо шахсони сироятёфта бо вируси норасоии масунияти одам, ки бо онҳо алоқаи бевосита доранд.
2. Духтурон, мутахассисони миёна ва хурди тиббии ташхисгоҳҳое, ки бо муоинаи аҳолӣ нисбат ба сирояти ВНМО ва ташхиси хун ва маводи биологии аз сироятшудагони ВНМО гирифташуда сарукор доранд.
3. Кормандони тиббие, ки дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ кор мекунанд ва бо хун алоқаи бевосита доранд:
- ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи соҳаҳо, ҳамшираҳои шафқати утоқҳои ҷарроҳӣ, ҳамшираҳои шафқати утоқҳои амалиётгузаронӣ,
кормандони хурди тиббӣ;
- момодоя - гинекологҳо;
- кормандони шӯъбаҳои дандонпизишкӣ, бемориҳои хун, гурдаи сунъӣ, муассисаҳои хадамоти хун, ташхисгоҳҳои клиникию ташхисӣ ва биокимиёвӣ.
4. Мутахассис оид ба татуаж (расмкашӣ дар бадан).
Замимаи 4
ба Тартиби азназаргузаронии тиббӣ
бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам,
баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии
сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи
пешгирии онҳо
Номгӯи ихтисос ва вазифаҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ роҳ дода намешавад
Кормандони тиббӣ:
- ҷарроҳони амалиётгузарони ҳамаи ихтисосҳо, момодоягинекологҳо, мутахассисони хадамоти хунгузаронӣ ва дигар мутахассисони бевосита бо хун сарукордошта;
- мутахассисони беморхонаҳо ва шӯъбаҳои сироятие, ки дар онҳо хатари ҳақиқии авҷи сироятҳои оппортунистӣ нисбати кормандони бо ВНМО сироятёфта вуҷуд дорад (сил, микоз ва ғ.).
Замимаи 5
ба Тартиби азназаргузаронии тиббӣ
бо мақсади ошкор сохтани сирояти
вируси норасоии масунияти одам,
баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии
сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи
пешгирии онҳо
Руйхати шахсоне, ки бояд азназаргузаронии тиббии ҳатмиро нисбат ба ошкор сохтани сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам гузаранд
Бемороне, ки дар табобати беморхонагӣ ва дармонгоҳӣ қарор доранд, ҳангоми муайян гардидани нишондодҳои клиникии зерин:
табби сабабаш номаълуми (доимӣ ё авҷгиранда (рецидивирующая)) давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
дарунравии сабабаш номаълуми давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
калоншавии ҳаҷми ғадудҳои лимфатикии ду ва аз он зиёд гурӯҳҳо бо давомнокиаш зиёда аз 1 моҳ;
бо сабаби номуайян кам шудани вазни бадан дар ҳаҷми аз 10 фоиз зиёд;
илтиҳоби шуши дарозмуддат ва авҷгирандаи тарбоди музмини бронхҳо ва ё илтиҳоби шушҳое, ки бо табобати оддӣ сиҳат намешавад; лейкоплакияи мӯйинагии ковокии даҳон;
илтиҳоби авҷгирандаи римкони пӯст, ки суст табобат мешавад, стрептостафилодермия;
бемориҳои римноки бактериалии авҷгиранда, бемориҳои паразитарӣ, таафуни хусусияти давомнокдошта, ки бо табобати оддӣ фаро гирифта намешавад (бо микобактерияҳои авиа, соддатаринҳо, кандида ва пневмосиста ба вуҷуд омада);
энсефалитҳои зершадид ва ноқисулақлӣ дар одамони пештар солимбуда;
Беморон бо гумонбарӣ ва ё тасдиқи ташхисҳои зерин:
- саркомаи Капоши (саратон):
- лимфомаи мағзи сар;
- сили шуш ва ғайришушӣ:
- зардпарвини С, зардпарвини В, НВз- ҳомил ҳангоми мондани ташхис
ва баъди 6 моҳ;
- бемории аз ситомегаловирус баамаломада;
- шакли музмин ва ё паҳнгардидаи сироят, ки бо вируси оддии герпес ба вуҷуд омадааст;
- шукуфаи канорпеч дар шахсони то синни 60 сола;
- мононуклеоз - баъди 3 моҳ пас аз оғози беморӣ;
- менингоэнцефалити шадиди асептикӣ;
- гулафшони шадиди тромбоситопеникии сабабаш номаълум;
- пневмосистоз (илтиҳобҳо);
- токсоплазмоз;
- кандидози сурхрӯда, хирной, бронхҳо ё шушҳо; пардаҳои луобии ковокии даҳон ва бинӣ, узвҳои таносул;
- микозҳои чуқур (гистоплазмоз, стронгилоидоз, криптококкоз, споротрихоз, актиномикоз ва ғ.); лейкоэнцефалопатияи авҷгирандаи бисёрманбагӣ.
Беморон бо лейкопения, лимфопения, тромботситопения, инчунин шахсоне, ки дар онҳо бо муоинаи иммунологӣ мутаносибии хелперӣ-суспенсорӣ ба 1 кам муайян шудааст.
Бемороне, ки ба таври системавӣ хун ва ё маводи хун қабул мекунанд (ҳангоми гемофилия, бемории Верлгоф, бемории Виллебранд, камхунии сабабаш гуногун ва ғ.) - ҳангоми ошкоркунӣ ва баъдан 1 маротиба дар як сол.
Қабулкунандагони хун, зардоба, дигар маҳлулҳо ва бофтаҳои биологӣ - баъди 6 моҳи қабулкунӣ ва ё пайвандкунӣ.
Кӯдакон бо бемориҳои норасоии масунияти аввалияи устувор (Т-ИДС, В-ИД С, омехташудаи Т ва В-ИДС, норасогии аввалияи системаи фагоситарӣ ва системаи копонентӣ).
Кӯдакони аз модарони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ таваллудшуда, ки тибқи банди 32-и Тартиб дар қайд то синни 18 моҳагӣ қарор доранд.
Скрининг ба сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ошкор сохтани ВНМО равона карда шудааст, зина ба зина ва марҳила ба марҳила вобаста ба нишондодҳои эпидемиологӣ доир ба инкишофи эпидемия, муайянкунии талабот ва мавҷудияти захираҳо дар муассисаҳои тиббии хадамот барои табобати сироятҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ гузаранда (БСҶ), дар хадамоти тиббӣ барои гурӯҳҳои хавфи зиёддошта, инчунин муассисаҳои тиббии пеш аз таваллуд, давраи таваллуд ва ёрирасони давраи баъдитаваллуд ҷорӣ карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 171
тасдиқ шудааст
Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд
- алоқамандон бо шахсони ҳомили ВНМО ва мубталои БНММ, аз ҷумла: алоқаманди ҷинсӣ, падару модари кӯдаки бо ВНМО сироятшуда;