Дар бораи тасдиқи Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо ва Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии пинҳонии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд
Мутобиқи моддаҳои 7 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекун ад:
1. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо ва Рӯйхати шахсоне, ки аз рӯи нишондоди эпидемиологӣ бояд азназаргузаронии ҳатмии тиббиро барои сирояти ВНМО гузаранд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 312 "Дар бораи чораҳо оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории СПИД" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2008 № 171
ш. Душанбе