Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 376 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1. моддаҳои 688, 689; соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, №7, моддаи 341, №12, моддаи 543; соли 2007, №3, моддаи 172; №7, моддаи 668) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 11) қисми 11 моддаи 2 ва банди 14) қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо"иваз карда шавад.

2. Дар қисми 24 моддаи 34 калимаҳои "ҳисоб намудан ва (ё) ҷамъоварии" ба калимаҳои "ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намудани андозҳо ва" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 45:

- дар сархати чоруми қисми 16 калимаҳои "Ба шахсони ҳуқуқӣ," ба калимаҳои "Ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва" иваз карда шаванд;

- ба қисми 16 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиётҳои, аҳдҳои) дар поён зикргардида ваколатдор мебошанд, ӯҳдадоранд аз ин шахсон тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупорандаро бо роҳи пешниходи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда талаб намоянд:

1) амалҳои нотариалӣ, ки барои онҳо рӯёндани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, амалҳое, ки қонун барои онҳо рӯёндани дигар пардохтҳои ҳатмиро муқаррар намудааст, амалҳое, ки пешниҳоди ҳатмии шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд;

2) додани иҷозатнома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва қаъри замин;

3) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба кор қабул намудан;

4) барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани кредит ва дигар маблағҳои пулӣ аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ба истиснои амалиётҳои воридотӣ ва хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс, додани молҳо ба кредит (бо тамдиди пардохт).

Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар сархати ҳафтуми ҳамин қисм пешниҳодшуда ваколатдор мебошанд, ӯҳдадоранд рақами мушаххаси андозсупорандаро дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло зикргардидаро тасдиқ менамоянд, нишон диҳанд.";

- дар қисми 17 калимаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "дигар мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд, калимаҳои "тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст," хориҷ карда шаванд;

- аз қисми 19 калимаҳои "ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

4. Дар моддаи 48:

- ба қисми 2 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ ва тибқи дархости хатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми ваколатдори давлатӣ ӯҳдадор аст санҷишҳои андозро, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, якҷоя бо ин мақомот гузаронад.";

- банди 2) қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"2) санҷиши мавзӯӣ инҳоро дар бар мегирад:

- иҷрои ӯҳдадориҳои андоз оид ба намуди алоҳидаи андоз ва ё дигар пардохти ҳатмӣ ба буҷет;

- аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷро намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда доир ба ҳисоб ва ё ҷамъоварӣ кардани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

- аз ҷониби мақомоте, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс муайян гардидаанд, иҷро намудани ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда;

- аз ҷониби бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, иҷро намудани ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;

- масъалаҳои гардиши намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва амалӣ шудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.";

- банди 3) қисми 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3) риоя намудани қоидаҳои рехтан (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурӯши молҳои зераксизӣ ва амалӣ намудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.".

5. Дар моддаи 49:

- дар сархати сеюми қисми 2 баъд аз калимаи "намояд" калимаҳои "ё нисбати як мавзӯи дар моддаи 48 ҳамин Кодекс муайяншуда" илова карда шаванд;

- дар банди 6) қисми 6 рақами "7" ба рақами "6" иваз карда шавад;

- дар банди 4) қисми 7 калимаҳои "давраи андози охирини санҷидашуда" ба калимаҳои "даврае, ки охирин санҷиши ҳуҷҷатии андози гузаронидашуда дар бар мегирад;";

- дар банди 5) қисми 7 рақами "3" ба рақами "6" иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 54:

- пеш аз матни модда рақами "1." гузошта шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Ҳисоботи андоз ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташаккул меёбанд (парвандаҳои шахсии андозсупорандагон мутобиқи банди 21) қисми 1 моддаи 119 ҳамин Кодекс, санадҳои санҷишҳои андоз, огоҳномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои назорати андоз) бояд ба дигар мақомоти давлатӣ ва шахсон дода нашаванд, агар моддаи 123 ҳамин Кодекс муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад.

Бо риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда ва моддаи 123 ҳамин Кодекс ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ аз рӯи дархости хаттии онҳо дар сурати мавҷуд будани парвандаи ҷиноии бақайдгирифташуда, ки нисбати андозсупорандаи мазкур оғоз гардидааст, метавонанд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар сархати аввали ҳамин қисм зикргардида дода шаванд. Ҳамзамон дар нозироти андоз ҳатман нусхаи ҳуҷҷатҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашудаи дар ҳамин қисм зикргардида, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ дода шудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолати қатъ намудани парвандаҳои ҷиноии оғозгардида бо сабабҳои мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ё аз рӯи дигар асосҳои қонунӣ ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ гардидани парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд бояд ба мақомоти андози дахлдор баргардонида шаванд.".

7. Дар қисми 3 моддаи 59 ва қисми 13 моддаи 90 калимаи "иқтисод" ба калимаҳои "рушди иқтисод" иваз карда шавад.

8. Ба моддаи 73 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорим Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ, воҳиди махсуси он барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи ҳамин Кодекс, новобаста аз он ки ин шахсон ягон фаъолиятро амалӣ мекунанд, эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд.".

9. Дар моддаи 88 ба қисми 2 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Новобаста аз муқаррароти сархати аввали ҳамин қисм, андози даромад ва андози иҷтимоӣ нисбати шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд ва нисбати шахсони воқеие, ки ба таври кироя дар ҷойҳои кории доимии (статсионарии) таъсисдодаи соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамоянд, кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус (ҷойҳои кори доимӣ) бо назардошти тақсими маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.".

10. Қисми 3 моддаи 93 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Меъёри фоиз дар ҳаҷми 0,05 фоиз барои ҳар рӯзи мавҷуд будани бақияпулӣ ё изофапулӣ муқаррар карда мешавад.".

11. Дар қисми 1 моддаи 106:

- ба банди 1) калимаҳои "ва дигар ҳисоботи андоз" илова карда шаванд;

- бандҳои 17) ва 18) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"17) аз ҷониби шахси ваколатдор бо вайрон кардани талаботи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупоранда бо роҳи пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда содир кардани амалҳо (амалиёте, аҳдҳое), инчунин аз ҷониби шахси ваколатдор зикр накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло қайдшударо нисбати (ба фоидаи) андозсупоранда тасдиқ мекунанд;

18) -вайрон кардани тартиби навиштани ҳисобномаҳо-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.".

12. Дар моддаи 111:

- дар банди 7) калимаи "дараҷавӣ" ба калимаи "тахассусӣ" иваз карда шавад;

- банди 8) дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"8) бо тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои олии тахассусӣ тавсиянома пешниҳод мекунад.".

13. Дар моддаи 113:

- ба қисми 1 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд.";

- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаи "дараҷавӣ" ба калимаи "тахассусӣ" иваз карда шавад;

- дар қисми 3 калимаи "дараҷавии" ба калимаи "тахассусии" иваз карда шавад.

14. Дар қисми 3 моддаи 115 калимаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои " дигар мақомоти ваколатдор, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" иваз карда шаванд.

15. Ба қисми 1 моддаи 118 баъди банди 14) банди 14 (1)) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"14 (1)) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муфлис эътироф намудани андозсупоранда ба суд муроҷиат менамояд;".

16. Банди 21) қисми 1 моддаи 119 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"21) дар давоми 6 соли баъди ба охир расидани соли андоз нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба андозсупоранда дода шудаанд (квитансия ва ғайра) ва далели иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупорандаро оид ба пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ тасдиқ мекунанд, инчунин санадҳои санҷиши андоз ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас муносибат доранд, таъмин намоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда ҷамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиҳанд). Мақомоти андоз парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбати андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони воқеие, ки ӯҳдадоранд мутобиқи ҳамин Кодекс эъломияи андоз пешниҳод кунанд, ташкил менамоянд.".

17. Дар қисми 2 моддаи 120 баъди рақами "14)" рақами "14 (1))" илова карда шуда, калимаҳои "муовинони роҳбари департаменти андози мақоми ваколатдори давлатӣ" хориҷ карда шаванд.

18. Аз банди 5) қисми 1 моддаи 123 калимаҳои "ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "ва таъминоти иҷтимоӣ" хориҷ карда шаванд.

19. Банди 4) қисми 2 моддаи 136 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"4) дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба кори кирояи ӯ алоқаманд нест - маблағи ҷуброн;".

20. Дар моддаи 137:

- ба банди 3) қисми 1 баъди калимаҳои "музди меҳнат" калимаҳои "ва ҳаҷми арзиши азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ" илова шаванд:

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "андоз аз даромад" калимаҳои ", андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана" илова карда шаванд;

- қисми 3 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"3. Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда супорандаи андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда нестанд, бояд мутобиқи муқаррароти фаслҳои IX ва XIII ва боби 48 ҳамин Кодекс, агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ даромади умумии ин шахсон бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди секаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд набошад, бо ин андоз, инчунин бо андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана фаро гирифта шаванд. Дар ин ҳолат, инчунин дар ҳолати қисми 4 ҳамин модда ба соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.";

- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Соҳибкорони инфиродие, ки даромади умумии онҳо дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи (пай дар пайи) тақвимӣ аз ҳадди секаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс зиёд бошад, ӯҳдадоранд ба пардохти андоз аз даромад мутобиқи муқаррароти фаслҳои IV ва VI, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана, инчунин андозҳои дигар мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс тибқи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаи 302 ҳамин Кодекс гузаранд.

5. Ҳар коргари кирояи (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамояд, бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ин коргар бо андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад. Ҳамзамон барои мақсадҳои ҳисоб кардани андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнаи моҳонаи коргарони кироя, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли гузашта ташаккул ёфтааст, қабул карда мешавад.".

21. Дар моддаи 139:

- бандҳои 1) ва 2) қисми 2 банди 1) ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"1) шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ барои муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партнзанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин маъюбон аз давраи кӯдакӣ ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2;";

- банди 3) қисми 2 банди 2) қисми 2 ҳисобида шавад.

22. Дар моддаи 141:

- дар банди 14) калимаҳои "ӯҳдадорони ҳарбии ба ҷамъомадҳои таълимӣ ва назоратӣ даъватшуда" ба калимаҳои "дар системаи раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.";

- банди 23) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"23) даромадҳои дар моддаи 136 ҳамин Кодекс нишондодашудаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил.".

23. Дар моддаи 153:

- номи модда дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Моддаи 153. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рӯи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда";

-қисми 7 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"7. Агар баланси арзиши гурӯҳи муайяни воситаҳои асосӣ дар охири соли андозбандӣ аз сифр кам бошад, андозсупоранда бояд бузургии мутлақи чунин баланси арзишро ҳамчун даромад ба даромади умумӣ ҳамроҳ намояд ва баланси арзиши чунин гурӯҳи воситаҳои асосиро ба сифр баробар кунад.

Бузургии манфии баланси арзиши гурӯҳи муайяни воситаҳои асосӣ маънои онро дорад, ки дар давоми соли андозбандӣ маблағи аз фурӯши воситаҳои асосии ин гурӯҳ бадастомада аз маблағи (бузургии) баланси арзиши ин гурӯҳи воситаҳои асосӣ дар охири соли гузашта бо тарҳи истеҳлок барои соли гузашта бо назардошти (зам кардани) арзиши воситаҳои асосие, ки ба гурӯҳ дар давоми соли андоз илова карда шудаанд, зиёд мебошад.".

24. Қисми 1 моддаи 156 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Хароҷот оид ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, баррасӣ мегардад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурӯҳи 2 тарҳ карда шавад.".

25. Қисми 2 моддаи 157 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Хароҷот барои активҳои ғайримоддӣ ҳамчун маблағгузорӣ ба воситаҳои асосие, ки гурӯҳи алоҳидаро ташкил медиҳанд, ба назар гирифта мешавад ва бояд аз даромади умумӣ мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс дар намуди ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ тибқи меъёри истеҳлоки воситаҳои асосии гурӯҳи 5 тарҳ карда шавад.".

26. Дар қисми 3 моддаи 161 баъд аз банди 3) сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон ё агентҳои андоз гузарондани маблағи андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло зикргардида алоқаманд аст, манъ аст.".

27. Ба қисми 1 моддаи 197 банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6) шахсони воқеӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳо (намояндагиҳои онҳо), ки мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои ӯҳдадориҳои агенти андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд, кор мекунанд. Ҳамзамон чунин шахсони воқеӣ, агар дигар муқаррарот дар санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, дар давоми соли андоз ҳангоми ба даст овардани даромад аз кор дар ташкилотҳои дар боло зикргардида ӯҳдадоранд, ки дар давоми 15 рӯз аз рӯзи гирифтани ҳар пардохт ба таври мустақилона маблағи андози даромад ва андози иҷтимоиро ҳисоб кунанд ва ба буҷет дар маҳали ҷойгиршавии ташкилоти дар боло зикргардида супоранд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи сипаригардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.".

28. Дар моддаи 198:

- дар қисми 1:

а) дар ҷумлаи аввал калимаҳои "Шахсони ҳуқуқие, ки тибқи усули соддакардашуда андозсупоранда ба ҳисоб намераванд" ба калимаҳои "Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ амалкунанда, ба истиснои мутобиқи моддаи 302 ҳамин Кодекс тибқи низоми соддакардашуда андозбандишаванда" иваз карда шаванд;

б) дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо" иваз карда шаванд;

в) дар ҷумлаи сеюм пас аз калимаҳои "андоз аз фоида" калимаҳои "ё андоз аз даромад" илова карда шаванд, пас аз калимаҳои "оид ба андоз аз фоида" калимаҳои "ё андози даромад" илова карда шаванд, пас аз калимаҳои "қисми маблағи андоз аз фоида" калимаҳои "ё андози даромад" илова карда шаванд, калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо" иваз карда шаванд;

г) сархати 2 хориҷ карда шавад:

- қисми 2 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисмм 2 ҳисоб карда шавад ва ҷумлаи дуюм дар ин қисм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ҳама гуна пардохтҳои барзиёдатии ҷории андоз аз рӯи андоз аз фоида ё андоз аз даромад дар муқоиса бо ӯҳдадориҳо доир ба ин андозҳо дар соли андоз ба ҳисоби ӯҳдадориҳо оид ба андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои ҳамин сол ба ҳисоб гирифта мешавад, барзиёдатии боқимонда (ба муқобили ӯҳдадориҳо аз рӯи андози ҳадди ақал аз даромадҳо) мувофиқи моддаи 89 ҳамин Кодекс ба ҳисоби ӯҳдадориҳо оид ба дигар андозҳо ба ҳисоб гирифта мешавад ё ба андозсупоранда баргардонида мешавад.";

- қисми 4 қисми 3 ҳисоб карда шавад.

29. Ба Кодекс моддаи 198 (1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 198 (1). Хусусияти ҳисоб кардан ва пардохтани андоз (андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо) аз ҷониби корхонаҳое, ки воҳидҳои махсус доранд (воҳидҳое, ки қисми вазифаҳои шахси ҳуқуқиро иҷро менамоянд ва шахсони ҳуқуқии мустақил ба ҳисоб намераванд)

1. Тақсим кардани маблағи пешпардохтҳо, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли андоз гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар як воҳидҳои махсуси он бо назардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнате, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар як воҳидҳои махсуси корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона дар якҷоягӣ бо ҳамаи воҳидҳои махсуси корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад.

Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнат дар ҳамин қисм зикргардида бо назардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои махсуси он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона дар охири моҳи (соли) ҳисоботӣ муайян карда мешавад.

2. Ҳисоб кардани маблағи пешпардохтҳо аз рӯи андоз, инчунин маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли андоз дар маҳали ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар кадом воҳидҳои махсуси он пардохта шавад, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад.

Маълумотро дар бораи маблағҳои пешпардохт аз рӯи андоз, инчунин дар бораи маблағҳои аз рӯи ҷамъбасти соли андоз ҳисоб кардашударо корхона ба воҳидҳои махсуси худ, инчунин ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии худ ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус на дертар аз мӯҳлати пешниҳодгардида барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ (пешпардохтҳо) мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва барои пешниҳод кардани эъломия аз рӯи андоз аз фоида мутобиқи моддаи 197 ҳамин Кодекс хабар медиҳад.

3. Корхона маблағи пешпардохтҳо ва маблағи андозеро, ки аз рӯи ҷамъбасти соли андоз ҳисоб карда шудааст, ба буҷети маҳали ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои махсуси он тавассути воҳиди асосии корхона ё тариқи ҳар воҳиди махсус на дертар аз мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаҳои 198 ва 199 ҳамин месупорад.".

30. Дар моддаи 201:

- қисми 1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"1. Супорандаи ААИ шахсе мебошад, ки тибқи моддаи 202 Кодекс ӯҳдадор аст ба сифати супорандаи ААИ аз қайд гузарад";

- аз қисми 2 ҷумлаи аввал хориҷ карда шуда, дар ҷумлаи дуюм калимаҳои "Шахси ба қайд гирифтанашудае" ба калимаи "Шахсе" иваз карда шаванд.

31. Моддаи 203 хориҷ карда шавад.

32. Дар моддаи 204 аз қисми 3 бандҳои 2) ва 3) хориҷ карда шуда, банди 4) банди 2) ҳисоб карда шавад.

33. Дар қисми 7 моддаи 208:

- калимаи "захиракунандае" ба калимаҳои "захиракунанда, соҳибкорони инфиродие" иваз карда шавад, пас аз калимаҳип "бе низардошти ААИ" калимаҳои "ва андоз аз фурӯши чакана" илова карда шаванд;

- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳангоми таҳвили молҳо бевосита аз ҷониби воридкунанда, инчунин аз ҷониби агент (шахси боваринок) бо истифодаи механизми моддаи 223 ҳамин Кодекс таҳвил кардани молҳое, ки аз рӯи воридот мутобиқи бандҳои 5) ва 9) қисми 4 моддаи 211 ҳамин Кодекс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, инчунин гази табиӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои соли дахлдор ҳангоми воридот аз ААИ озод карда мешавад, ба фарқияти мусбии байни арзиши таҳвили чунин молҳо бе назардошти ААИ ва андоз аз фурӯши чакана ва арзиши гумрукии чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда баробар ҳисобида мешавад. Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисоб кардани ААИ ба сифр баробар қабул карда мешавад.".

34. Дар сархати 1 қисми 3 моддаи 211 ва қисми 1 моддаи 214 пас аа калимаҳои "нахи пахта" калимаҳои ", инчунин калобаи пахта" илова карда шаванд.

35. Дар қисми 2 моддаи 212 ба бандҳои 2) ва 3) матн бо мазмуни зайл илова карда шавад:

", ба истиснои хизматрасониҳо оид ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайрхатҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои ба ин шабеҳ новобаста аз шакли бастани онҳо".

36. Дар қисми 1 моддаи 213:

- дар банди 3) калимаи "транзит" ба калимаҳои "транзити гумрукии байналмилалӣ" иваз карда шуда, пас аз калимаи "давлат" калимаҳои ",интиқоли захираҳо ва низомҳои гумруким махсус" илова карда шаванд;

- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7) ҳангоми таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохта мешавад.".

37. Ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 217 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Агар ҳисобнома - фактураи ААИ то ё дар лаҳзаи (рӯзи) содир шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад ва амалиёти андозбандишаванда ҷой дорад:".

38. Ба қисми 2 моддаи 225 пас аз калимаҳои "андозсупоранда дар" калимаҳои "ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ё дар" илова карда шаванд.

39. Дар моддаи 226:

- ба қисми 6 бандҳои 4) ва 5) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4) хароҷот барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ;

5) хароҷот барои дастрас намудан, истеҳсол, сохтмон, васлкунӣ ва барқарор намудани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва активҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда.";

- қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"9. Новобаста аз муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда маблағи воқеии аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани ҳисобнома-фактураҳои ААИ мутобиқи моддаи 231 ҳамин Кодекс пардохташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.".

40. Дар моддаи 231:

- дар банди 1) қисми 2 калимаҳои "номи (ному насаби)" ба калимаҳои "ном (ному насаб) ва суроғаи" иваз карда шаванд;

- дар банди 3) қисми 2 калимаи "иловашуда" ба калимаҳои "иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда)" иваз карда шавад;

- сархати дуюми қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Ҳисобнома-фактура дар чор нусха тартиб дода (навишта) мешавад. Нусхаҳои аввал ва дуюми ҳисобнома-фактураҳои таҳиягардида оид ба ААИ ба гирандаи (харидорӣ, фармоишгари) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дода мешавад, нусхаҳои сеюм ва чорум дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии андозсупоранда (шахси ҳисобнома-фактураи ААИ навишта) мемонад. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози дахлдор пешниҳод намудани эъломия аз рӯи ААИ дар як вақт дар воситаи паҳнкунандаи коғазӣ ва электронӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои ААИ, ки андозсупорандаи мазкур тартиб додаст, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин андозсупоранда ҳангоми хариди (дастрас намудани) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифтааст, пешниҳод карда мешавад. Тартиб додани (навиштани) ҳисобнома-фактураи ААИ дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рӯи ААИ навишташудаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад. Ҳисобнома-фактураҳои аз рӯи ААИ гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рӯи ААИ гирифтаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад.

Шакли ин китобҳо ва тартиби пешбурди онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Китобҳои дар боло зикргардида ва феҳристи ҳисобнома-фактураҳои навишташуда аз рӯи ААИ метавонанд дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот пеш бурда шаванд.";

- дар сархати сеюми қисми 2 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархати якуми қисми 3 калимаҳои "ҳангоми таҳвил ё дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи баъди таҳвил" ба калимаҳои "на дертар аз санаи амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо)" иваз карда шаванд;

- ба қисми 3 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Дар мавриди пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳои ААИ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ҳисобнома-фактура аз ҷониби ҳамин соҳибкори инфиродӣ бо зикр намудани мушахассоти шаҳодатномаи ӯ дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ имзо карда мешавад.

Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об, газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ, амалиёти бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рӯи ҷамъбасти давраи андоз дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 5 моддаи 217 ҳамин Кодекс аз рӯи ААИ ҳисобнома-фактураҳо тартиб диҳанд.".

41. Дар моддаи 234:

"Ҳамзамон бо эъломия дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои ААИ барои давраи ҳисоботӣ навиштаи андозсупорандаи мазкур, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳо аз рӯи ААИ гирифтаи ин андозсупоранда аз рӯи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дар давоми ин давраи ҳисоботӣ дастрас намуда пешниҳод карда мешаванд.";

-қисми 3 хориҷ карда шавад;

-қисмҳои 4 ва 5 мутаносибан қисмхои 3 ва 4 ҳисоб карда шаванд.

42. Дар банди 3) қисми 1 моддаи 236 пас аз калимаи "андоз" калимаҳои ", ки аз рӯи санади санҷиши андози мавзӯии мутобиқи банди 4) қисми 6 моддаи 49 ҳамин Кодекс гузаронидашуда тартиб дода шудааст" илова карда шаванд.

43. Ба моддаи 239 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Бо андози аксизӣ мутобиқи ҳамин боб, инчунин намудҳои фаъолияте, ки номгӯи онҳо дар моддаи 240 ҳамин Кодекс муайян шудааст (намудҳои фаъолияти зераксизӣ), андозбандӣ карда мешаванд.".

44. Ба қисми 3 моддаи 240 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3) онҳое, ки намудҳои фаъолияти зерини зериаксизиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд:

а) тиҷорати бозӣ;

б) ташкил ва гузаронидани лотереяҳо, ба истиснои лотереяҳое, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст.".

45. Дар моддаи 241:

- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, пеш аз калимаи "Объекти" рақами "1." гузошта шавад;

- ба зербанди б) банди 1) пас аз калимаҳои "дар асоси ашёи фармоишгар" калимаҳои "ба дигар шахс" илова карда шаванд;

- қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"2. Объекти андозбандӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ (ба истиснои лотерея) ба ҳисоб мераванд:

а) мизи бозӣ;

б) автомати бозӣ бо бурди пулӣ;

в) кассаи тотализатор;

г) кассаи идораи букмекерӣ;

д) автомати бозӣ бе бурди пулӣ;

е) роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан)

ж) мизи билярд (ҳангоми бозии билярд)

з) ташкилкунандаи лото (ҳангоми бозии лото).

Барои мақсадҳои ҳамин боб мафҳумҳое, ки бо тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошанд, чунин маъно доранд:

1) тиҷорати бозӣ - фаъолияти соҳибкорие, ки бо ташкил ва гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) алоқаманд мебошад;

2) муассисаи бозӣ - ҷое, ки дар он бозиҳои шавқангези бурднок гузаронида мешаванд: казино, тотализатор, идораи букмекерӣ, толори автоматҳои бозӣ бо бурд ва дигар хонаҳои (ҷойҳои) бозӣ;

3) мизи бозӣ - таҷҳизоти махсус дар муассисаи бозӣ барои гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо ҳама гуна намудҳои бурд, ки дар онҳо (бозиҳои шавқовар) муассисаи бозӣ тавассути намояндаҳои худ ҳамчун тараф ё ҳамчун ташкилкунанда ва (ё) назоратчӣ иштирок менамояд;

4) автомати бозӣ - таҷҳизоти махсус (механикӣ, барқӣ, электронӣ (компютерӣ) ва дигар таҷҳизоти техникӣ) барои гузаронидани бозиҳо, аз ҷумла бозиҳои шавқангези бурднок истифодашаванда;

5) касса - ҷои дар муассисаи бозӣ (тотализатор ё идораи букмекерӣ) махсус таҷҳизонидашуда, ки дар он маблағи бурди пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад;

6) роҳрави бозӣ - роҳрави махсусе, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ шудааст;

7) мизи билярд - мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;

8) лото - бозӣ дар қартаҳои махсуси рақамдор (суратдор ё дигар аломатдор), ки бо мӯҳрачаҳо пӯшонда мешаванд;

9) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳои андозбандӣҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии объекти андозбандии бо тичорати бозӣ алоқаманд дар мақомоти андоз, ки шакли он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад;

10) нуқтаи доимӣ - ҷои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошад, аз ҷумла бо истифодаи мизҳои бозӣ, автоматҳои бозӣ, боулинг (кегелбан), билярд ва ташкили лото.

3. Объекти андозбандӣ аз рӯи лотерея ба фурӯш бароварданн чиптаҳои лотерея аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея ба ҳисоб меравад.

Барои мақсадҳои ҳамин боб зери мафҳуми ба фурӯш баровардан миқдори чиптаҳои лотереяи барои фурӯш омоданамудаи ташкилкунандаи лотерея фаҳмида мешавад.

Ҳар як барориши чиптаҳои лоторея ба фурӯш ва ҳаҷми он бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз даҳ рӯзи тақвимӣ то оғози фурӯши чиптаҳои лотерея ба таври ҳатмӣ ба қайд гирифта шавад.".

46. Дар моддаи 242:

- ба қисми 1 сархат бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Барои мақсадҳои рӯёндани андози аксизӣ мумкин аст комбинатсияи меъёрҳои адвалорӣ ва махсус, ки вобастагии маблағи андози аксизиро аз арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) ва аз миқдори воҳиди ченаки мол (кор, хизматрасонӣ) бо ифодаи аслӣ (натуралӣ) пешбинӣ мекунад, муқаррар карда шавад.";

- қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5. Ҳисоб кардани аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 240 ва қисми 2 моддаи 241 бо роҳи татбиқи (зарби) меъёри аксизӣ барои давраи андоз муқарраршуда нисбати шумораи (ба шумораи) объектҳои андозбандӣ дар оғози давраи андоз бо назардошти ҳамаи муқаррароти ҳамин қисм сурат мегирад.

Ҳангоми дар давраи андоз тағйир ёфтани миқдори объектҳои андозбандӣ маблағи аксиз барои дар ин давраи андоз ба кор даровардани (аз кор баромадани) объект дар ҳаҷми пурра супорида мешавад.

Ҳангоми дар ихтиёри андозсупоранда мавҷуд будани якчанд муассисаи бозӣ (нуқтаҳои доимӣ) дар вилоят (шаҳр) аксиз ба таври алоҳида аз руи объекти андозбанди, ки дар ҳудуди як ноҳия, шаҳр, ноҳияи шаҳрӣ қарор доранд, ҳисоб карда мешавад.

Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объекти андозбандӣ дар асоси аризаи хаттии ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии объекти андозбандӣ пешниҳоднамудаи андозсупоранда сурат мегирад.

Мақоми андоз дар асоси маълумоти дар ариза зикргардида варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дар ду нусха пур карда, ҳар ду нусхаро бо мӯҳр ва имзои роҳбар (ё шахси ӯро ивазкунандаи) мақоми андоз тасдиқ мекунад.

Як нусхаи варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо дар мақоми андоз мемонад, нусхаи дуюм ба андозсупоранда дода мешавад.

Варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо барои ҳар муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) алоҳида бо назардошти объектҳои андозбандии истифодашаванда дода мешавад.

Муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) бояд дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар муассисаи бозӣ ё ҳар нуқтаи доимӣ нусхаи аслии варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дошта бошанд.

Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи умумии ҳар намуди объекти андозбандӣ андозсупоранда ӯҳдадор аст ба мақоми андоз дар хусуси аз нав бақайдгирии объекти андозбандӣ дар давоми се рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани ин тағйирот ариза пешниҳод кунад.

Азнавбақайдгирии объекти андозбандӣ бо роҳи ворид намудани тағйироти дахлдор ба варақаи баҳисобгирии бақайдгирии объектҳо сурат мегирад.

Ҳангоми қатъи амалисозии фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ, инчунин ҳангоми аз кор мондани шумораи умумии объектҳои андозбандӣ (нуқтаҳои доимӣ) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми даҳ рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи қатъ гардидани фаъолият, аз кор мондани объекти андозбандӣ (нуқтаи доимӣ) ба мақоми андоз супорида шавад.

Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ аз ҷониби мақоми андоз дар давоми ду рӯзи корӣ аз рӯзи додани ариза сурат мегирад ва дар китоби бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ, ки шакл ва тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мегардад, қайд карда мешавад.

Дар ҳудуди муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) мавҷуд будани объектҳои андозбандии дар мақомоти андоз ба қайд гирифтанашуда манъ аст. Дар давраҳои андозе, ки дар онҳо мақомоти андоз чунин объектҳои андозбандиро ошкор намудаанд, аксиз барои ҳар объекти ба қайд гирифтанашуда дар ҳаҷми даҳкаратаи меъёри ба ин намуди объекти андозбандӣ муқарраргардида бо бақайдгирии минбаъдаи объекти андозбандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисм, пардохта мешавад.

Амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷоратӣ бозӣ бе бақайдгирии муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бе бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ барои напардохтани (ба пардохт ҷалб накардани) андози аксизӣ аз рӯи чунин фаъолият ва аз рӯи чунин объектҳои андозбандӣ асос шуда наметавонад.

6. Манбаи андоз ҳангоми амалӣ намудани фаьолият ҷиҳати ташкил ва гузарондани лотереяҳо ҳамчун маблағи даромади арзёбинамудаи ташкилкунандаи лотерея бо тарҳи маблағе, ки ба фонди мукофот гузаронда мешавад, ҳангоми бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳои лотерея дар мақомоти андоз бидуни ба он ҳамроҳ кардани маблағи аксиз ва ААИ ҳисобкардашуда муайян карда мешавад ва баъди бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳои лотерея тағйир дода намешавад. Ҳамзамон маблағи даромади арзнамудаи ташкилкунандаи лотерея бо роҳи зарби миқдори чиптаҳои лотереяҳое, ки дар ин барориш барои фурӯш омода карда шудааст, ба нархи воҳиди чиптаи лотерея муайян карда мешавад. Матлаби дар боло зикргардида онро мефаҳмонад, ки маблағи аксиз ва ААИ ҳисобкардашуда ба маблағи даромади дар боло зикргардида бе назардошти маблағи фонди мукофотӣ ҳамроҳ карда шудааст.

Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби манбаи андоз ба меъёри аксиз, ки бо фоиз ифода ёфтааст, сурат мегирад.".

47. Ба моддаи 243 қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5. Ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда фарорасии (саршавии) давраи андоз ба ҳисоб меравад.

6. Дар ҳолати ташкил ва гузарондани лотерея санаи содир шудани амалиёти андозбандишаванда рӯзи бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳои лотерея дар мақоми андоз ба ҳисоб меравад.".

48. Дар моддаи 244 дар банди 2) қисми 1 калимаҳои "як литр" "як баста (200 дона)" мутаносибан ба калимаҳои "ду литр" ва "ду баста (400 дона)" иваз карда шуда, пас аз калимаи "сигор" калимаҳои ",маҳсулоти ҷавоҳирот ба миқдори 4 адад (аммо бо арзиши на зиёда аз 150 музди меҳнати ҳадди ақали моҳона)" илова карда шаванд.

49. Дар моддаи 247:

"Моддаи 247. Меъёри андоз ба молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ";

"5. Ба объектҳои андозбандӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ меъёри аксизро аз рӯи ҳисоби барои як моҳ бо маблағи устувор ба воҳиди объекти андозбандии намуди муайян Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

6. Меъёри аксиз барои лотерея дар ҳаҷми 1 фоизи манбаи андозе, ки қисми 6 моддаи 242 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, муқаррар карда мешавад.".

50. Дар моддаи 248:

- дар қисми 2 калимаҳои "Давраи ҳисоботи" ба калимаҳои "Агар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар накарда бошад, давраҳои ҳисобот (андоз)" иваз карда шаванд;

"5. Маблағи аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ бояд на дертар аз санаи 5-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз супорида шавад.

Давраи андоз барои ҳисоб кардан ва пардохтани аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ моҳи тақвимӣ мебошад.

6. Аксиз аз амалӣ намудани фаъолият доир ба ташкил ва гузарондани лотерея то бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳое, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 241 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад, супорида мешавад.

Бақайдгирии ба фурӯш баровардани чиптаҳои лотерея бе супоридани аксиз амалӣ намегардад.".

51. Дар моддаи 252:

- дар қисми 1 калимаҳои "қисми 2" ба калимаҳои "қисмҳои 2 ва 3" иваз карда шаванд;

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ бояд ба буҷет аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ супорида шавад."

52. Ба моддаи 254 қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Эъломияҳо дар бораи пардохти аксиз аз рӯи тиҷорати бозӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз санаи 5-уми моҳи минбаъдаи давраи ҳисоботи андоз ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии объекти андозбандӣ ва ба мақоми андозе, ки ташкилкунандаи (соҳиби) тиҷорати бозӣ дар он дар баҳисобгирии бақайдгирӣ қарор дорад, пешниҳод карда мешавад.

5. Эъломия дар бораи пардохти аксиз аз амалӣ намудани фаъолият доир ба ташкил ва гузарондани лотерея ба мақоми андози дахлдор бо мақсадҳои гузарондани бақайдгирӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 241 ва қисми 6 моддаи 248 ҳамин Кодекс пешниҳод карда мешавад.".

53. Дар қисми 1 моддаи 256 дар матни русӣ калимаи "изъять" ба калимаи "конфисковать" иваз карда шавад.

54. Дар моддаи 257:

- қисми 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1. Андозсупорандае, ки таҳвили моли зераксизӣ, аз ҷумла воридотро амалӣ менамояд, ӯҳдадор аст мутобиқи моддаҳои 231 ва 232 ҳамин Кодекс ҳисобнома-фактураи аксизро навишта, ба қабулкунандагони молҳои зераксизӣ супорад.";

- қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"2. Ҳисобнома фактураи аксиз ҳуҷҷати ҳисоботии қатъии ҷавобгӯи талаботи моддаҳои 231 ва 232 ҳамин Кодекс мебошад";

- қисми 3 хориҷ карда шавад.

55. Дар моддаи 259:

- дар қисми 1:

а) дар банди 4) рақамҳои "2 ва 3" ба рақамҳои "2, 3 ва 4" иваз карда шаванд;

б) бандҳои 5) ва 6) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5) агар дигар муқаррарот бо санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, шахсони воқеӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, дар ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳо (намояндагиҳои онҳо), ки онҳо (муассисаҳо ва ташкилотҳо) мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози иҷтимоӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои агентҳои андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикисто озод мебошанд, кор мекунанд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи сипаришуда аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад;

6) аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ.";

- дар қисми 2 калимаҳои "банди 3)" ба калимаҳои "бандҳои 3) ва

5)" иваз карда шаванд.

56. Дар моддаи 260:

"2. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишондодашуда, ки бо андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд, ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.";

"3. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишондодашуда, ки бо андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана мутобиқи қисми 3 моддаи 137 ҳамин Кодекс андозбандӣ мешаванд, манбаи андозбандӣ даромади умумӣ мутобиқи моддаи 303 ҳамин Кодекс ба ҳисоб меравад, агар дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ даромади умумии ин шахсон бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд набошад.";

-қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Барои супорандагони дар банди 4) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда, ки тибқи қисми 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс аз даромад андозбандӣ мешаванд, объекти андозбандӣ то лаҳзаи гузаштан ба системаи умумии андозбандӣ даромади умумӣ мутобиқи моддаи 303 ҳамин Кодекс ба ҳисоб меравад. Аз лаҳзаи гузаштан ба системаи умумии андозбандӣ объекти андозбандӣ даромади умумии мутобиқи моддаи 319 ҳамин Кодекс дар моҳи ҳисоботӣ аз рӯи усули муайянгардида ба ҳисоб меравад.

5. Барои супорандагони дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикргардида объекти андозбандӣ маблағи воситаҳои пулии ба даст овардаи онҳо барои кор дар муассисаҳо ва ташкилотҳои дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда мебошад.".

57. Ба моддаи 261:

дар банди 1) калимаи "консулгарӣ" ба калимаҳои "консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа" иваз карда шавад;

- бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3) даромади шахсоне, ки дар банди 14) моддаи 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;

4) даромади шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аз кироякорӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар ҳудуди) маблағҳои грантҳо ва (ё) кредитҳои (қарзҳои) пешниҳоднамудаи давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ.".

58. Дар моддаи 262:

- ба қисми 1 пас аз калимаи "суғурташудагон" калимаҳои ", ба истиснои шахсони воқеии дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикршуда," илова карда шаванд;

қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"2. Барои шахсони воқеии дар қисми 2 моддаи 260 ва қисми 5 моддаи 307 ҳамин Кодекс зикргардида ҳаҷми андози иҷтимоӣ барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоии худи ин шахсон ба сифати суғуртакардашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс ҳамчун қисмм арзиши патент муқаррар карда мешавад.

Барои шахсони воқеии дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикргардида меъёри андози иҷтимоӣ барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоии худи ин шахсон ба сифати суғуртакардашуда ба 0,2 фоизи объекти андозбандӣ баробар мебошад, аммо на камтар аз ҳадди калонтарини андози иҷтимоӣ, ки бо сархати аввали ҳамин қисм муқаррар карда шудааст.";

- қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3. Барои шахсони воқеии дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикрёфта меъёри андози иҷтимоӣ ба 3 фоиз баробар аст, аз ҷумла ба сифати шахсони суғуртакардашуда - 0,2 фоиз.

4. Барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини нафақаи соҳибкорони инфиродӣ ва шахсоне, ки дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, инчунин аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ нестанд, муқаррар карда шавад, ки маблағи умумии андози иҷтимоии мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс пардохташуда 20 фоизи даромадеро ташкил медиҳад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеии дар боло нишондодашуда гирифта шудаанд (эъломия шудаанд). Дар баробари ин дар ҳолати кифоя набудани собиқаи суғурта, маблағи умумии андози иҷтимоии барои тамоми давраи суғуртаи воқеии иҷтимоӣ пардохташуда барои ҳамон даврае амалигашта маҳсуб мешавад, ки он на камтар аз собиқаи минималии суғуртавии барои таъин намудани нафақаҳо ва шаклҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ муқарраршуда мебошад.".

59. Дар моддаи 263:

- дар қисми 1 калимаи "Ҳаҷми" ба калимаҳои "Агар ҳамин Кодекс тартиби дигарро муқаррар накарда бошад, ҳаҷми" иваз карда шавад;

- дар қисми 3:

а) калимаҳои "ё то ба охир расидани ҳар моҳе, ки барои он маблағи патент гузаронида шудааст," ба калимаҳои "барои моҳи дахлдор" иваз карда шаванд;

б) сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андози иҷтимоиро тибқи мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 161 ҳамин Кодекс месупоранд.";

- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"4. Андозсупорандагоне, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикр ёфтаанд, ҳар моҳ андози иҷтимоиро то рӯзи 15-уми моҳи минбаъдаи ҳисоботӣ месупоранд.";

- қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"5. Андозсупорандагони дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 259 ва қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикршуда ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ ҳар моҳ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ дар хусуси мутобиқи қисми 1 моддаи 262 ҳамин Кодекс ҳисоб кардан ва пардохтани маблағи андози иҷтимоӣ тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлати эъломия пешниҳод мекунанд.

6. Андозсупорандагони дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида дар бораи пардохти маблағи андози иҷтимоӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 262 ҳамин Кодекс тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлатӣ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии худ эъломия пешниҳод мекунанд.

7. Андозсупорандагони дар банди 5) қмсми 1 моддам 259 ҳамин Кодекс зикршуда эъломияро дар бораи маблағи супоридашудаи андози иҷтимоӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 262 ҳамин Кодекс тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми вақолатдори давлатӣ то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи ҳисоботӣ ба мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ пешниҳод мекунанд.

8. Супорандагони андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ эъломияро дар бораи маблағи супоридашудаи андози иҷтимоӣ барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ то 15 маи, барои семоҳаи дуюм то 15 август, барои семоҳаи сеюм то 15 ноябри соли ҷорӣ ва барои семоҳаи чоруми соли ҳисоботӣ то 15 феврали соли минбаъда месупоранд.".

60. Аз моддаи 267 қисми 5 хориҷ карда шавад.

61. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 268 пас аз калимаҳои "Меъёрҳои андози замин" калимаҳои ", инчунин андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ" илова карда шаванд.

62. Дар моддаи 271:

- аз банди 2) калимаҳои "ва Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он" хориҷ карда шаванд ва калимаҳои "ташкилоту муассисаҳо" ба калимаи "ташкилотҳо" иваз карда шаванд;

- банди 16) хориҷ карда шавад.

63. Дар моддаи 296 калимаҳои ", ки даромади умумиашон бе назардошти ААИ ва андоз аз фурӯши чакана дар оғози соли андоз аз 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад" хориҷ карда шаванд, ба банди 3) пас аз калимаи "инфиродӣ" калимаҳои ", ба истиснои соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс дар асоси патент ё дигар системаи соддакардашуда бо андози даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана андозбандӣ карда мешаванд" илова карда шаванд.

64. Сархати дуюми моддаи 299 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:

"Меъёри андоз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш дар ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.".

65. Дар моддаи 302:

- калимаҳои "корхонаҳое мебошанд" ба калимаҳои "корхонаҳо, инчунин мутобиқи қисми 3 моддаи 137 ҳамин Кодекс соҳибкорони инфиродӣ мебошанд" иваз карда шаванд;

- калимаҳои "дар оғози соли андоз" ба калимаҳои "барои давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ" иваз карда шаванд;

- сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Агар дар ягон моҳи соли ҷорӣ андозсупоранда аз ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда гузашта бошад, ин андозсупоранда то охири соли ҷорӣ супорандаи андози аз рӯи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро идома медиҳад ва ӯҳдадор аст аз 1 январи соли оянда ба системаи умумии андозбандӣ гузарад (яъне супорандаи андози аз рӯи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро қатъ намояд).

Андозсупоранда дар хусуси зиёд шудани ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда ба таври хаттӣ мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгириро то синаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи зиёдшавии ҳадди дар боло зикргардидаи даромади умумӣ хабардор мекунад.".

66. Дар моддаи 303:

дар қисми 2 калимаи "Корхонаҳое" ба калимаи "Андозсупорандагоне" иваз карда шавад, калимаҳои "даромади корхонаҳо, инчунин андоз аз истистифодабарандагони роҳҳои автомобилгард" ба калимаҳои "даромадҳо, инчунин нисбати даромадҳои бевоситаи соҳибкорони инфиродӣ андози даромад мутобиқи талаботи фаслҳои IV ва VI (ба истиснои қисми 3 моддаи 137) ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд;

- ба қисми 3 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳамзамон ҳар коргари кироя (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ҳамин коргар бо андози даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад, аммо барои мақсадҳои ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя дар давраи аз 1 апрели соли ҷорӣ то 31 марти соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, кам қабул карда шавад.";

- ба қисми 4 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳамзамон барои ҳисобу китоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) воқеии анҷом додашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеии амалигардида аз 70 фоизи даромади умумӣ мутобиқи моддаҳои 303 ва 319 ҳамин Кодекс зиёд набошанд, он гоҳ манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.".

67. Дар моддаи 305:

-дар қисми 1 калимаи "корхонаҳо" ба калимаи "андозсупорандагон" иваз карда шавад;

-дар қисми 2 калимаи "Корхона" ба калимаи "Андозсупоранда" иваз карда шавад.

68. Дар моддаи 306:

- ба қисми 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бо хоҳиши андозсупоранда андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати парвариш, таҳвили чорво ва маҳсулоти он метавонад татбиқ карда нашавад.";

- дар сархати дуюми қисми 3 пас аз калимаҳои "Дар айни замон" калимаҳои "барои мақсадҳои муайян намудани фоидаи андозбандишаванда аз фаъолияти ғайрикишоварзӣ (аз фаъолият оид ба коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзии худӣ)" илова карда шаванд.

69. Дар қисми 1 моддаи 308 пас аз ҷадвали меъёри андози ягона сархат дар таҳрири нав баён карда шавад:

"Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои заминҳои мутобиқи ҳуҷҷатҳои заминию кадастрӣ ҳамчун чарогоҳҳо, алафзорҳо, роҳҳо, кӯчаҳо, иморатҳои ҷамъиятӣ, майдонҳо, бешаҳо, каналҳо, ҷӯйҳо, заҳбурҳо ва дигар заминҳои дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифоданашавандаи ба онҳо вобастакардашуда андози ягонаро барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи меъёрҳои моддаи 267 ҳамин Кодекс месупоранд.".

70. Дар моддаи 309:

- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "андози иҷтимоиро" калимаҳои "(фақат барои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), ки шахси ҳуқуқӣ намебошад))" илова карда шаванд;

- дар қисми 3 калимаҳои "15 июн" ба калимаҳои "15 август" иваз карда шаванд, калимаҳои "15 феврали" ба калимаҳои "15 феврал ва 15 майи" иваз карда шаванд.

71. Ба моддаи 310 пас аз калимаҳои "маблағи солона" калимаҳои "дар маҳалли ҷойгиршавии заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ" илова карда шаванд.

72. Дар номи фасли XVI ва номи боби 44 калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо" иваз карда шаванд.

73. Дар моддаи 318:

- дар сархати якуми қисми 1 калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо" иваз карда шаванд;

- ба қисми 1 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3) соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қисми 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс";

- дар қисми 2 калимаи "Андозсупорандагони" ба калимаи "Шахсони", калимаи "корхона" ба калимаи "андозсупорандагон" иваз карда шавад.

74. Дар моддаи 320 калимаи "корхонаҳое" ба калимаи "андозсупорандагоне" иваз карда шавад.

75. Дар қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 321, ном ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 322 калимаҳои "даромади корхонаҳо" ба калимаи "даромадҳо" иваз карда шаванд.

76. Моддаи 323 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Моддаи 323. Баҳисобгирии маблағи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ ба ҳисоби пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо

Баҳисобгирии маблағи ҳисобшудаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ барои давраи ҳисоботии андоз ба ҳисоби маблағи ҳисобшудаи андози хадди ақал аз даромадҳо барои ҳамон давраи андоз анҷом дода мешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад камтар аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад пардохта намешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад бояд ба буҷет дар ҳаҷме, ки маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд аст, пардохта мешавад. Дар ҳама ҳолат маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо бояд ба буҷет дар ҳаҷми пурра пардохта шавад.".

77. Дар моддаи 328 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Бо андози мазкур молу муки ғайриманқул дар намуди хонаи истиқоматӣ ва дигар биною иморат ва иншоот дар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ё як қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷойдошта ва ё як ҳуҷра, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин як бӯстонсарой ва як гараж, ки моликияти шахсони дар ҳамин сархат зикргардида ба ҳисоб мераванд, андозбандӣ намегарданд.".

78. Дар моддаи 333 банди 5) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5) як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.".

79. Дар моддаи 339 калимаи "Манбаи" ба калимаҳои "Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, манбаи" иваз карда шавад.

80. Дар моддаи 341 калимаи "семоҳаи" ба калимаи "моҳи" иваз карда шавад.

81. Дар моддаи 342:

- дар қисми 1:

а) калимаи "Арзиши" ба калимаҳои "Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, арзиши" иваз карда шавад;

б) калимаҳои "ҳар семоҳа" ба калимаи "ҳармоҳа" иваз карда шавад;

- дар қисми 2:

а) калимаи "Эъломия" ба калимаҳои "Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, эъломия" иваз карда шавад;

б) дар ду ҳолат калимаи "семоҳаи" ба калимаи "моҳи" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Ҳангоми дар соли 2008 ҳисоб намудани даромади умумӣ барои давраи дувоздаҳмоҳае, ки моддаи 302 ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, даромадҳои дар давраи дахлдори соли 2007 бадастовардашуда дохил карда мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти солм 2008 № 376

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

6 марти соли 2008 № 457

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии такрорӣ баргардонида шудааст, дида баромада, қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо назардошти пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳои воридшуда дар таҳрири нав нашр карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фарқи (дифференсиатсияи) меъёри андозҳои иҷтимоӣ, савдои чакана, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз арзиши иловашударо вобаста ба соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ муайян намояд;

- номгӯи ҳама гуна молҳои таҳвилшаванда, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашударо тасдиқ намояд;

- дар баробари пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009", дар ҳолатҳои зарурӣ лоиҳаи тағйиру :иловаҳо ба Кодекси андози Чумҳурпи Тоҷикистонро пешниҳод намояд.

4. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 12 декабри соли 2007, № 812 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

16 январи соли 2008 № 837