ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134)
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 742, аз 16.04.2012 № 811, аз 26.07.2014 № 1101, аз 15.03.2016 № 1281, аз 30.05.2017 № 1424, аз 20.06.2024 № 2057)
Қонуни мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон қабул гардида, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор, салоҳият ва шаклҳои фаъолияти мақомоти мазкурро барои ҳимоя ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқукӣ инсон) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Коиститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мустақилияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
2. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра намуда, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки ҳуқуқу озодиҳои вайроншударо барқарор менамоянд, бекор ва тағйир намедиҳад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ БА ВАЗИФА ТАЪИН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД НАМУДАНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
...