Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012, № 811 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд :

1. Ба банди д) қисми 1 моддаи 11 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ" илова карда шаванд.

2. Дар моддаи 12:

- дар банди д) қисми 1 аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

- ба қисми 1 банди е) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рӯйнавис ё нусхабардорӣ кунад.";

- қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд.";

- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ӯ корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд.

5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад.".

3. Дар моддаи 22:

- дар банди б) аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шавад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ УПОЛНОМОЧЕННОМ ПО ПРАВАМ ЧЕЛОВЕКА В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 191; 2011 г., №6, ст. 453), следующие изменения и дополнения:

1. Пункт д) части 1 статьи 11 после слов "Республики Таджикистан" дополнить словами ", структур гражданского общества".

2. В статье 12:

- в пункте д) части 1 знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- часть 1 дополнить пунктом е) следующего содержания:

"е) ознакомиться с уголовными, гражданскими, семейными, экономическими делами и делами об административных правонарушениях, судебные решения по которым вступили в законную силу, а также с прекращенными делами или материалами, по которым отказано в возбуждении уголовных дел с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан о защите информации, которая содержит государственную, следственную, коммерческую или иную тайну, охраняемую законом, выписывать из них необходимые сведения или снимать с них копии.";

- часть 3 изложить в следующей редакции:

"3. Уполномоченный по правам человека вправе участвовать на сессиях, совместных и раздельных заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, а также на заседаниях Правительства Республики Таджикистан и других государственных органов.";

- дополнить частями 4 и 5 следующего содержания:

"4. Уполномоченный по правам человека или по его письменному поручению сотрудник Аппарата Уполномоченного по правам человека с соблюдением требований законодательства Республики Таджикистан вправе присутствовать на заседаниях судов всех инстанций, в том числе на закрытых судебных заседаниях.

5. Уполномоченный по правам человека может обратиться в суд или другие соответствующие государственные органы, в том числе с исковым заявлением в защиту прав и свобод лиц, которые по состоянию здоровья либо по другим уважительным причинам не способны самостоятельно использовать правовые средства защиты своих прав.".

3. В статье 22:

- в пункте б) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

...