Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабрисоли 2003, № 532

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Низомномаи баҳисобгирӣ ва аз қайди давлатӣ гузаштани захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур, ки мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" таҳия шудааст, тартиби таҳия ва пешбурди Регистри давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби баҳисобгири ва аз қайди давлати гузаштани онҳоро муқаррар менамояд.

2. Регистри давлатии захираҳои иттилооти бо мақсади ташкили баҳисобгири ва бақайдгирии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликият таҳия шуда, масъалаҳои зеринро ҳал менамояд:

- ташкили системаи идоракунии давлатии раванди ташаккули захираҳои иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешбурду идора, инчунин ҳаммонандкуни (идентификатсия)-и захираҳои иттилооти;

- муайян ва сабт кардани ҳуқуқҳои молики ба захираҳои иттилооти;

- огоҳонидани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар бораи мавҷудияти захираҳои иттилооти бо пешниҳоди маълумот оиди таркибу тартиб ва шартҳои дастраси ба онҳо, инчунин маълумотҳо дар бораи соҳибони онҳо.

3. Фаъолият оид ба пешбурди Регистри давлатии захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлати сурат мегирад.

4. Барои аз қайди давлати гузаштани захираҳои иттилооти боҷи давлати бо андозаи як маоши ҳадди ақали якмоҳа, ки дар лаҳзаи пардохти боҷ расман муқаррар карда шудааст, ситонида мешавад.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 5 декабря 2003 года № 532

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 5 декабря 2003 года № 532

Положение о государственном учёте и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан

ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящее положение, разработанное в соответствии с Законами Республики Таджикистан "Об информации", "О защите информации" и "Об информатизации", определяет порядок создания и ведения государственного регистра информационных ресурсов Республики Таджикистан, а также порядок их государственного учета и регистрации.

2. Государственный регистр информационных ресурсов создается в целях организации учета и регистрации информационных ресурсов Республики Таджикистан независимо от формы их собственности и решает следующие задачи:

- создания системы государственного управления процессом формирования информационных ресурсов в Республике Таджикистан;

- ведения и управления, а также идентификации информационных ресурсов;

- определения и фиксирования имущественных прав на информационные ресурсы;

- информирования органов государственной власти, организаций и граждан о существующих информационных ресурсах, с предоставлением сведений об их составе, порядке и условиях доступа к ним, а также сведений об их владельцах.

3. Деятельность по ведению государственного регистра информационных ресурсов Республики Таджикистан осуществляется за счет средств государственного бюджета.

4. За проведение государственной регистрации информационных ресурсов взимается государственная пошлина в размере одной минимальной заработной платы в месяц, официально установленной на момент оплаты пошлины.

...