ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИЛООТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 320; с. 2012, №7, мод. 698)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848, аз 27.11.2014 № 1164)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848, аз 27.11.2014 № 1164)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқаррар менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848)
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд ():
- иттилоот - маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
- фаъолияти иттилоотӣ - маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;
...