ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИЛООТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи иттилоот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 320) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқаррар менамояд.".
2. Дар тамоми матни Қонун бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд ва пеш аз сархатҳо аломати дефис " - " гузошта шавад.
3. Номи боби 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ".
4. Дар моддаи 1:
- номи модда ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:";
- дар сархати ҳаштум калимаи "энциклопедӣ" ба калимаи "энсиклопедӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "реквизитҳое (маълумотҳое)" ба калимаҳои "маълумотҳое (реквизитҳое)" иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаи "социалогии" ба калимаи "сотсиологии" иваз карда шавад;
...