Тартиби расонидани нусхаҳои ҳатмии бепули нашрияҳои электронӣ, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва асоси маълумоти ошкор аз 5 декабри соли 2003, № 532

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2003 № 532

тасдиқ шудааст

Тартиби расонидани нусхаҳои ҳатмии бепули нашрияҳои электронӣ, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва асоси маълумоти ошкор

1. Тартиби мазкур вазифаҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои пешниҳоди нусхаи ҳатмии бепули нашрияи электронии ошкор (минбаъд нашрияи электронӣ) барои ташаккули хазинаи миллии иттилоотӣ-депозитарияи нашрияҳои электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва "Дар бораи иттилоотонӣ" нашрияи электронӣ ҳамчун маводи иттилоотӣ бояд мавриди бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ қарор гирад.

2. Нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронии ошкор, ки маҳсули иттилоотии ҳомили мошинӣ, барнома барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (минбаъд МЭҲ) ё асоси маълумот мебошад ва истифодаи мустақилонаи он баҳри ҳалли масъалаҳои истифодабаранда бо ёрии таъминоти барномавии маъмул ё ба қатори нашр дохилшуда имконпазир аст, бояд ба нигоҳдории доимӣ супорида шавад.

3. Зери мафҳуми нашрияи электронии ошкор маҳсулоти иттилоотие фаҳмида мешавад, ки дар ҳомили мошинӣ қарор гирифта, барои истифодаи мустақилонаи эҳтиёҷмандон бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор пешбинӣ гардида, бо розигии молик ба гурӯҳи номуайяни шахсон бе тағйири ҳам шакл ва ҳам мазмун паҳн мешавад ва дорои маълумотҳоест, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба сирри давлатӣ мансуб надонистааст.

Зери барнома барои МЭҲ шакли объективии пешниҳоди маҷмӯи маълумот ва фармонҳо фаҳмида мешавад, ки барои фаъолияти мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ бо мақсади гирифтани натиҷаҳои муайян истифода мегарданд.

Зери асоси маълумот шакли объективии пешниҳод ва ташкили маҷмӯи маълумотҳои бо чунин усул танзимёфтае фаҳмида мешаванд, ки онҳо тавассути мошинҳои электронии ҳисоббарор қобили дарёфт ва мавриди коркард қарор гирифта тавонанд.

4. Нусхаи ҳатмии нашрияҳои электронӣ, барномаҳо барои МЭҲ ва асоси маълумот ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд.

5. Истеҳсолкунандагони нашрияҳои электронии ошкор расонидани нусхаи ҳатмии нашрияҳои электрониро дар муддати 10, рӯз баъди интишори теъдоди аввалини нашр (новобаста аз теъдоди нусхаҳо) амалӣ месозанд.

6. Нусхаҳои ҳатмии нашрияи электроние, ки танҳо тавассути шабакаи алоқа ё дар тасмаҳои магнитӣ интишор мегарданд, мавриди фиристодан, коркард ва баҳисобгирӣ қарор намегиранд. Ба Маркази миллии патентию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин маҳсулоти иттилоотие, ки дорои хусусияти шартианд ва дар нашрияҳои электронӣ танҳо бо мақсади намоиши имкониятҳои бо як низоми муайян идора кардани асоси маълумот, омӯзиши тарзҳои истифодаи ин ё он низоми автоматикунонидашуда ва воситаҳои барномавӣ истифода мегарданд, расонида намешаванд.

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 декабря 2003 года № 532

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 5 декабря 2003 года № 532

Порядок доставки обязательного бесплатного экземпляра открытых электронных изданий, программ для электронно-вычислительных машин и баз данных 

1. Настоящий порядок определяет обязанность юридических и физических лиц предоставлять обязательный экземпляр открытого электронного издания (далее электронное издание) для формирования национального информационного фонда - депозитария электронных изданий Республики Таджикистан.

Электронное издание, являясь информационным продуктом, подлежит государственной регистрации и хранению в соответствии с Законами Республики Таджикистан "Об информации", "О защите информации" и "Об информатизации".

2. Сдаче на постоянное хранение подлежит обязательный экземпляр открытого электронного издания, представляющего собой информационный продукт на машиночитаемом носителе, программу для электронно-вычислительных машин (далее ЭВМ) или базу данных, допускающую ее самостоятельное использование для решения задач пользователя с помощью широко распространенного или входящего в состав издания программного обеспечения.

3. Под открытым электронным изданием понимается информационный продукт на машиночитаемом носителе, предназначенный для самостоятельного использования потребителями с помощью электронно-вычислительных машин, распространяемый с согласия собственника неопределенному кругу лиц в неизменном виде, как по содержанию, так и по форме, и не содержащий сведений, отнесенных действующим законодательством Республики Таджикистан к государственной тайне.

Под программой для ЭВМ понимается объективная форма представления совокупности данных и команд, предназначенных для функционирования электронных вычислительных машин и других компьютерных устройств с целью получения определенного результата.

Под базой данных понимается объективная форма представления и организации совокупности данных, систематизированных таким образом, чтобы эти данные могли быть найдены и обработаны с помощью электронно-вычислительных машин.

4. Обязательный экземпляр открытого электронного издания, программы для ЭВМ и базы данных доставляются в Национальный патентно-информационный центр Республики Таджикистан Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан.

5. Производители открытого электронного издания осуществляют доставку обязательного экземпляра электронного издания в течение 10 дней со дня выхода в свет первой партии тиража (вне зависимости от количества экземпляров в партии).

6. Не осуществляется доставка, комплектование и учет обязательного экземпляра электронного издания, распространяемых исключительно по каналам связи, а также на магнитных лентах.

...