Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъин намудани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ
Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки мутобиқи Созишномаи 16 сентябри соли 1996 дар шаҳри Пекин баимзорасидаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов И.И. Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъин гардида, ба ӯ ваколат дода шавад, ки намояндагони вазорату идораҳои манфиатдорро бо розигии роҳбарони онҳо, бо дарназардошти доираи масъалаҳои муҳокимашаванда, ба комиссияи зикргардида ба кор ҷалб намояд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Хитойро аз таъин гардидани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ огоҳ созад.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1998 № 336 "Дар бораи таъсиси Комиссияи Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 9 апрели соли 2001 № 137
ш. Душанбе