Қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ аз 30 ноябри соли 2007, № 590

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 ноябри соли 2007 № 590

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216)

Қоидаҳои мазкур бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнокро дар феҳристи давлатӣ ва тартиби пешбурди феҳристи давлатиро муқаррар менамоянд.

Қоидаҳои мазкур 6а иншооти истеҳсолии хатарнок, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок" муайян карда шудааст, таалуқ доранд.

Иҷрои Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти онҳо, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд, ҳатмист.

Дар феҳристи давлатӣ тамоми маълумот оид ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки бо истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳосил кардан, нигоҳдорӣ, интиқол ва нест кардани моддаҳои хатарнок машғуланд, дар асоси қоидаи ягонаи барномаҳои технологӣ ва методологӣ бо истифодаи технологияи ҳозиразамон ҷамъ, таҳлил ва нигоҳ дошта мешаванд.

1. Мафҳумҳои асосӣ

1. Иншооти истеҳсолии хатарнок (минбаъд - иншоот) - корхона ё сех, минтақа ё қитъаи он, инчунин иншооти дигаре, ки дорои як ё якчанд аломати хатарнок мебошанд ва дар моддаи 2 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноати иншооти истеҳсолии хатарнок" дарҷ гардидаанд, ҳисоб меёбад.

2. Феҳристи давлатӣ - манбаи ягонаи ахбории иншооте, ки маълумоти онҳо бо принсипҳои ягонаи методикӣ ва барномаҳои технологӣ оид ба иншоот, инчунин маълумот дар бораи иншоот ҷамъ оварда шудааст.

3. Бақайдгирии иншоот дар феҳристи давлатӣ - дохил намудани маълумот дар бораи иншооти фаъолияткунанда, додани рақами бақайдгирӣ дар феҳристи давлатӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии иншоот.

4. Пешбурди феҳристи давлатӣ - дар манбаи ахбории феҳристи давлатӣ ҷамъшавии маълумот дар бораи иншооти фаъолияткунанда, ба манбаи ахборҳо даровардани тағйирот, таҳлил ва нигоҳдории маълумот дар бораи иншооти бақайдгирифташуда ва корхонаҳое, ки онҳоро истифода мебаранд.

5. Хориҷ кардани ахборот дар бораи иншоот аз феҳристи давлатӣ ба манбаи ахбории феҳристи давлатӣ даровардани маълумот оид ба хориҷ кардани иншоот аз феҳристи давлатӣ дар натиҷаи барҳамдиҳӣ, аз истифода баровардани иншоот (аз тавозун) ва ё дигаргуншавии иншоот дар ҳолате, ки иншоот аломати хатарнокии худро гум кардааст.

6. Ворид намудани тағйирот дар феҳристи давлатӣ - тағйироти манбаи ахбории феҳристи давлатӣ мувофиқи тағйирёбии маълумот дар бораи иншоот ва ё корхонаи онро истифодабаранда.

7. Мушаххасгардонии иншоот - мансуб/донистани иншоот дар ҳайати корхона ба дараҷаи иншооти хатарнок ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок" муайян намудани шакли он.

8. Мақомоти бақайдгиранда Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216).

2. Ҳолатҳои умумӣ

9. Бақайдгирии иншоот дар феҳристи давлатӣ барои ба ҳисоб гирифтани иншооти хатарнок ва корхонаи истифодабаранда амалӣ карда мешавад.

Ошкор кардани иншоот дар ҷараёни мушаххасгардонии иншоот тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур амалӣ мегардад.

3. Талаботи умумӣ барои мушаххасгардонии иншоот

10. Мушаххасгардонии иншоот барои бақайдгирии онҳо дар феҳристи давлатӣ ба мақсади ошкор кардани иншооти хатарноке, ки корхонаҳо истифода мебаранд, гузаронида мешавад.

Мушаххасгардонии иншоотро корхонаҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи гузаронидани мушаххасгардонӣ дода шудааст дар ҳудуди салоҳиятҳои доштаашон мегузаронанд.

11. Дар корхонаҳои истифодабарандаи иншоот бояд муддати таъиншудаи мушаххасгардонӣ, шахсони масъул тартиб ва пешниҳоди маълумот мавҷуд бошад.

12. Натиҷаи мушаххасгардонии иншоот барои ба қайдгирии он дар феҳристи давлатӣ, варақаи баҳисобгирии иншоот, ки аз тарафи корхонаи истифодабаранда мувофиқи шакли замимагардида пешниҳод шудааст, ба ҳисоб меравад (замимаи 4).

13. Ҳангоми тартибдиҳии варақаи баҳисобгирӣ дар бандҳои 1.1.-1.2., 5.1.-5.6. канори рости холии ин варака, ки ҳамчун замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур тасдиқ шудаанд, пур карда мешавад. Дар канори рости бандҳои 2.1.-2.5., 3.1.- 3.3. ва 4.1.- 4.7. бо нишонаи "V" рамзҳои аломатҳои муҳими хатарноки як намуди иншоот ва як ё якчанд намудҳои фаъолияти иҷозатшаванда нишон дода мешаванд. Тарзи пур кардани варақаи баҳисобгирӣ дар замимаи 2 оварда шудааст.

Варақаи баҳисобгирӣ аз тарафи роҳбари корхонаи истифодабаранда ба имзо расида бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

14. Дар рафти мушаххасгардонӣ бояд дар ҳамаи иншоот, аломатҳои хатарнок, ки дар иншооти истеҳсолии корхонаҳо ҷой доранд тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок" ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии саноатӣ ва дар асоси таҳлили ҳолати корхона, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, эъломияи бехатарии саноатӣ, батартибандозии техлологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки ба истифодабарии иншоот мансубанд, ошкор карда мешаванд.

15. Ҳангоми мушаххасардонии иншоот бояд майдончаҳои истеҳсолӣ ва биноҳое, ки дар он ҷо истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳосил кардан, нигоҳдорӣ, интиқол ва паст кардани моддаи (иншооти) хатарнок, истифода мешаванд; ҷойҳои корие, ки бо таҷҳизотҳои дар зери фишори зиёда аз 0.07 мегапаскал (МПа) ё ҳарорати гармшавии об зиёда аз 115оС алоқаманданд; ҷойҳое, ки дар он ҷо ба иншооти борбардор (кран, лифт, борбардор, роҳи танобӣ, эскалатор, фуникулёр), сарукор доранд; дар ҷойҳое, ки ҳосили гудохта шудани металлҳои сиёҳ ва ранга ва хулаҳо дар асосӣ ин гудозиш ба роҳ монда шудааст; дар ҷойҳое, ки корҳои кӯҳӣ ва коркарди тозакунии кандании фоиданок, инчунин корҳое, ки дар шароити зеризаминӣ гузаронида мешаванд, истифода мешаванд.

Дар баробари ин иншоот, механизми таҷҳизот ё зарфи моддаи зараровар барои нигаҳдорӣ, балки иншооти истеҳсолие, ки дар он истеҳсолкунанда таҷҳизоту механизмҳо ё бо моддаҳои заҳрнок корҳоро иҷро менамояд ба ҳисоб меравад.

Ба сифати иншоот (сех, минтақа ва ғ.), ки дар як майдони истеҳсолӣ ҷойгиранд, ҷудо карда мешанад.

16. Агар дар корхона якчанд иншоот истифода бурда шавад ва яке аз он аломати хатарнок дошта бошад, танҳо ҳамон иншоот ба сифати иншооти истеҳсолии хатарнок ҳисобида мешавад.

4. Талабот оид ба бақакдгирии иншоот

17. Ташкилоте, ки чунин иншоотро истифода мебарад на дертар аз 20 рӯз аз оғози истифодабарӣ бояд ба мақомоти бақайдгиранда ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои ба қайд гирифтан дар феҳристи давлатӣ пешниҳод намояд.

Иншооти дар қайди феҳристи давлатӣ буда дар 5 сол як маротиба аз нав ба қайд гирифта мешавад.

Ташкилоте, ки ин иншооти бақайдгирифташударо ба иҷора медиҳад, бояд маълумотҳоро оид ба иҷоракор пешниҳод намояд.

18. Дар ташкилоти истифодабарандаи иншоот Қоидаи пешниҳоди маълумотҳо барои бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии иншоот зарур буда, барои ворид намудани тағйирот дар феҳристи давлатӣ муқаррар карда мешавад.

19. Барои бақайдгирӣ ва аз нав бақайдгирии иншоот дар феҳристи давлатӣ аз тарафи ташкилоти истифодабаранда (минбаъд - ташкилот) мактуб дар шакли замимагардида (замимаи 3) ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд:

- варақаи ба ҳисобгирии иншоот дар 3 нусха, оид ба ҳар як иншоот;

- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии пешниҳодшуда (ҳангоми аз нав бақайдгирӣ);

- хулосаи ташхиси бехатарии саноатӣ (ҳангоми гузаронидани мушаххасгардонӣ аз тарафи ташкилоти ташхискунанда);

- маълумоти иловагӣ оид ба ҳайат ва ҳаҷми истеҳсолоти иншоот.

20. Ташкилоти бақайдгиранда дар мӯҳлати 10 рӯз:

- пуррагии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, пешбурди дуруст ва истифодабарии талаботи мушаххасгардониро ҳангоми тартиб додани онҳо месанҷад;

- ҳангоми мувофиқат намудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ба талаботи ҳамин Қоида ба ҳар як иншоот рақами бақайдгириро дар феҳристи давлатӣ медиҳад;

- маълумот оид ба бақайдгирӣ ва рақами бақайдгирифташудаи иншоотро дар варақаи ҳисоботҳо дарҷ намуда, бо мӯҳр тасдиқ мекунад;

- оид ба қайди иншоот дар феҳристи давлатӣ шаҳодатнома тартиб дода бо мӯҳр тасдиқ менамояд ва дар китоби баҳисобгирии шаҳодатномадиҳӣ қайд мекунад (замимаи 4);

- ба ташкилот шаҳодатнома оид ба бақайдгирӣ, хулосаи ташхиси бехатарии саноатӣ (ҳангоми мавҷуд будани он) аз ҳар як варақаи баҳисобгирӣ як нусхагӣ фиристода, боқимонда нусхаҳоро дар корҳои санҷишӣ истифода мебарад;

- ҳангоми аз нав бақайдгирӣ, ҳуҷҷатҳои пешинаро бо тартиби муқарраргардида нест мекунад;

- дар ҳолати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба талаботи ҳамин Қоида ҷавобгӯй набудан онҳоро ба ҳамон ташкилот бармегардонад, ки онро бояд дар мӯҳлати 10 рӯз аз нав дида бароянд.

Рақами бақайдгирии иншоот мувофиқи замимаи 5 дода мешавад.

21. Ташкилоти истеҳсолӣ нигоҳдории шаҳодатномаро дар бораи бақайдгирии иншоот бо варақаи (варақаҳои) ҳисобгириашон, ки бақайдгирии иншоотро дар феҳристи давлатӣ тасдиқ мекунад бо талаби шахсони мансабнок (вазифавии) ташкилоти бақайдгиранда, ки шиносномаро додаанд, пешниҳод менамояд.

22. Барои дар феҳристи давлатӣ тағйирот даровардан бо сабаби тағйир ёфтани маълумот дар варақаи баҳисобгирӣ, корхона ба ташкилоти бақайдгиранда бо намунаи пешниҳодшуда (замимаи 3) мактуб бо замимаҳои зерин мефиристад:

- аз нав ба расмият даровардан ё тағйироти варақаи баҳисобгирии иншоот се нусхагӣ оид ба ҳар як иншоот;

- нусхаи шаҳодатнома оид ба бақайдгирӣ;

- хулосаи ташхиси бехатарии саноатӣ оид ба азнавбақайдгирии иншоот (ҳангоми гузаронидани муқоисаи ташкилоти ташхискунанда);

- маълумоти иловагӣ дар бораи иншоот.

23. Барои даровардан ба феҳристи давлатӣ маълумот дар бораи хориҷ кардани иншоот бо сабаби барҳамдиҳӣ, қатъ гардидани кор, баровардан аз истифодабарӣ (аз тавозун баровардани) иншоот ё тағйири иншоот, бо сабаби дар иншоот нишонаҳои хавфи хатар мондаи ташкилоти истеҳсолӣ ба шакли пешниҳодшаванда (замимаи 3) бо ҳуҷҷатҳои зерин мактуб пешниҳод менамояд:

- нусхаи ҳуҷҷате, ки барҳам додан ё аз истифодабарӣ (аз тавозун) баровардани иншоот ва қатъ гардидани иншоотро тасдиқ мекунад;

- варақаи баҳисобгирӣ дар бораи аз феҳристи давлатӣ баровардани иншоот;

- шаҳодатномаи бақайдгирии иншоот, ки дар феҳристи давлатӣ будани онро тасдиқ мекунад (дар ҳолате, ки иншоот дар феҳристи давлатӣ ҳамчун иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд гирифта шуда бошад);

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ (дар ҳолате, ки иншоот дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ғайр аз иншооти ба тариқи истисно хатарноки истеҳсолие, ки корхонҚонуни фода мебарад).

Ҳангоми хориҷ кардани иншоот аз феҳристи давлатӣ дар натиҷаи тағйироти иншоот бо сабаби он, ки дар иншоот нишонаҳои хатарнок намондааст, дар мактуби ташкилот ҳатман ҳамин тағйирот нишон дода мешавад.

24. Мақомоти бақайдгиранда дар мӯҳлати 10 рӯз:

- пурра ва дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо тафтиш менамояд:

- дар феҳристи давлатӣ маълумот дар бораи хориҷ кардани иншоот аз феҳристи давлатиро дохил менамояд;

- дар ҳолати агар дар феҳристи давлатӣ дигар иншооте, ки дар он кор иҷро мегардад ба қайд гирифта шуда бошад, пас ба ғайр аз иншооти хориҷ шуда, шаҳодатномаи нав оид ба бақайдгирии иншоот дар феҳристи давлатиро ба расмият дароварда, ба ташкилоти (корхона) истеҳсолӣ мефиристад;

- дар ҳолате, ки агар иншооти хориҷгардида дар феҳристи давлатӣ ҳамчун иншооти ягонаи хатарноки истеҳсолӣ ба қайд гузошта шуда бошад, ба ташкилот (корхона) дар бораи аз феҳристи давлатӣ хориҷ намудани он хабар медиҳад;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаро дар бораи барҳамдиҳӣ ё баровардани иншоот аз истифодабарӣ (баровардан аз тавозун), ки шаҳодатномаи бақайдгириро дорад, дар асоси варақаи баҳисобгирӣ ба бойгонӣ то бақайдгарии навбатии иншооти ҳамин ташкилот (корхона) истифода мегардад ё ҳангоми мавҷуд набудани чунин иншоот дар муддати 5 сол, барои нест кардан бо тартиби муқарраргардида месупорад.

5. Талаботи ташкили маълумотмома ё пешбурди феҳристи давлатӣ

25. Мақомоти бақайдгиранда феҳристи давлатиро дар асоси маҷмӯи маълумоти иншоот мебарад.

26. Дохил кардани маълумот дар бораи иншооти бақайдгирифташуда ё даровардани тағйирот ба маҷмӯи маълумот ташкилоти бақайдгиранда то додани шаҳодатнома оид ба бақайдгирӣ ва баргардонидани варақаи баҳисобгирӣ иҷро карда мешавад.

27. Мақомоти бақайдгиранда ҳангоми пешбурди феҳристи давлатӣ:

- тарзи пешбурди манбаъи маълумоти ягонаи феҳристи давлатиро ба шакли муайян медарорад;

- ба мақомоти иҷроияи марказӣ, ки иншооти хавфнокро истифода мебарад, бо дархости хаттӣ, маълумот дар бораи иншооти бақайдгирӣ ва пешбурди феҳристи давлатиро пешниҳод менамояд.

Замимаи 1

ба Қоидаҳои бақайдгирии иншооти

истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ

Варақаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ

1. Иншоот

+-----------------------------------+--------------------------------ҷ
|1.1.Номгӯи пурраи иншоот           |                                |
|                                   |                                |
+-----------------------------------+--------------------------------+
|                                   |                                |
|1.2. Ҷойгиршавии (суроғаи) иншоот  |                                |

2. Нишонаи иншоот (аломатҳои даркорӣ дар тарафи рости ҷадвал бо ишораи "V" нишон дода шавад)

+-----+--------------------------------------------------------+-----ҷ
|2.1. |Истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳосил кардан,нигоҳдорӣ,|     |
|     |интиқол, паст кардани моддаҳои хатарнок, ки дар моддаи 2|     |
|     ЖҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии|     |
|     |иншооти истеҳсолии хатарнок" нишон дода шудааст;        |     |
+-----+--------------------------------------------------------+-----+
|     |                                                        |     |
|2.2. |Истифодабарии таҷҳизоти бо фишори зиёда аз 0,07 МПа     |     |
|     |коркунанда ё дараҷаи гармшавии об зиёда аз 115оС;       |     |
+-----+-----------------Р--------------------------------------+-----+
|     |                                                        |     |
|2.3. |Корҳое, ки ба иншооти борбардор алоқаманд аст;          |     |
|     |(кран, лифт, мошини болобардор, роҳи сими, зинаи равон) |     |
|     |ва ғайра;                                               |     |
+-----+---Р----------------------------------------------------+-----+
|     |                                                        |     |
|2.4. |Гудохтаи металлҳои сиёҳ ва ранга ва омехтаи он дар асоси|     |
|     |гудозиш;                                                |     |

|2.5. |Бурдани корҳои кӯҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок ва|     |
|     |бурдани корҳо дар шароити зеризаминӣ                    |     |

3. Намуди иншоот (аломатҳои даркорӣ дар тарафи рости ҷадвал бо ишораи "V" яке аз намудҳо)

|3.1. |Иншооти истеҳсолии хатарнок, ки шуморааш якхел ва ё аз  |     |
|     |шуморае, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4|     |
|     |июли соли 2006 таҳти № 298 "Дар бораи тасдиқи шумораи   |     |
|     |камтарини моддаҳои хатарнок, ки шумораашон дар иншооти  |     |
|     |истеҳсолии хатарнок барои коркарди эъломияи саноатии    |     |
|     |бехатарӣ ҳатмист муайян гардидааст;                     |     |
+-----+-------Р------------------------------------------------+-----+
|     |                                                        |     |
|3.2. |Иншооти истеҳсолии хатарнок, ки ба банди 3.1. алоқаманд |     |
|     |нест ва иншооти истеҳсолии хатарнок, ки шумораашои аз   |     |
|     ЖҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 |     |
|     |таҳти № 298 "Дар бораи тасдиқи шумораи камтариии        |     |
|     |моддаҳои хатарнок, ки шумораашон дар иншоотҳои          |     |

|     |бехатарӣ ҳатмист" кам аст.                              |     |
|     |                                                        |     |
+-----+------------Т-------------------------------------------+-----+
|3.3. |Иншооти истеҳсолии хатарнок, ки ба банди 3.1., 3.2.     |     |
|     |алоқаманд нест, вале аломатҳои хатарноки бандҳои        |     |
|     |2.1,- 2.5.- ро дорост;                                  |     |

4. Намудҳои фаъолияте, ки барои ба амал баровардани онҳо иҷозатнома талаб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216)

4.1.

Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ;

4.2.

Фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолиеки хавфи таркидансӯхтан ва химиявӣ доранд;

4.3.

Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ;

4.4.

Фаъолият вобаста ба истеҳсолнигоҳдорӣпаҳн карданинтиқол додан ва истифодаи маводди таркандаи таъиноти саноатӣ;

4.5.

Фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣки ба кадастри давлатии маводди тарканда дохил шудаанд;

4.6.

Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ

5. Ташкилоти истифодабаранда (тибқи ҳуҷҷатҳои муассисавӣ ва мактубҳои ахборотии мақомотии кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон)

+-----+-------------------------------------------------+------------ҷ
|5.1. | Номи пурраи ташкилот                            |            |
+-----+-------------------------------------------------+------------+
|     |                                                 |            |
|5.2. | Индекси почтавӣ, суроғаи ташкилот               |            |

|5.3. | Рамзи ташкилот мувофиқи ОКПО                    |            |

|5.4. | Рамзи тобеъияти идоравии  ташкилот мувофиқи ОКПО|            |
+-----+---------+-----------------------------+---------+------------+
|     |         |                             |         |            |
|5.5. | Телефон |                             |5.6. Факс|            |
+-----+---------+-------------+---------------+---------+------------+
|                             |                                      |
|Вазифаи роҳбари ташкилот     |                                      |
+-----------------------------+--------------------------------------+
|                             |                                      |
|Ному насаби роҳбари ташкилот |                                      |
+---------------+-------------+---------------+-----------+----------+
|Имзо           |                             |Таърихи рӯз|          |
|               |                             |           |          |
+---------------+-----------------------------+-----------+----------+

Ҷои мӯҳр

6. Маълумот оид ба бақайдгирии ташкилот дар феҳристи давлатӣ

+-----+--------------------------------------------------------------ҷ
|6.1. |Рақами бақайдгирӣ                                             |
|     |                                                              |
+-----+--------------------------------------------------------------+
|6.2. |Санади бақайдгирӣ                                             |

|Сардори Хадамот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216)  |
+-----+---------------------------------------+-----------+----------+

Замимаи 2

Тартиби пешбурди варақаи бақайдгирӣ

Дар банди 1.3 варақаи бақайдгирӣ рамзи маъмурӣ-территориявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иншооти истеҳсолии хатарнок ҷойгир аст, оварда мешавад:

А - барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ;

Б - барои вилояти Суғд;

В - барои вилояти Хатлон;

Г - барои вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ.

Дар бандҳои 2.1-2.5 метавонад як ва ё якчанд аломатҳо нишон дода шавад (агар дар иншоот дигар намуди аломатҳо вуҷуд надошта бошад) масалан, дар ҳолате, ки дар иншоот ҳам моддаҳои ҳанфнок ва ҳам таҷҳизоти дар зери фишор коркунанда ва иншооти борбардор мавҷуд аст.

Дар бандҳои 3.1-3.3 фақат як намуди иншоот, ки феълан ба намуди махсусан хавфнок мансуб аст, нишон дода мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ҳолати зиёд будани моддаи хатарнок дар иншооте, ки дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.соли 2006 таҳти № 298 "Дар бораи тасдиқи шумораи камтарини моддаҳои хатарнок, ки шумораашон дар иншооти истеҳсолии хатарнок барои коркарди эъломияи саноатии бехатарӣ ҳатмист" фақат дар банди 3.1 қайд гардида, бандҳои 3.2 на 3.3 бетағйир мемоманд.

Агар миқдори чунин моддаҳо дар иншоот, нисбат ба миқдори нишондодашуда кам бошад дар ин ҳолат фақат банди 3.2 сабт гардида бандҳои 3.1 ва 3.3 бе тағйир мемонанд.

Дар вақти набудани чунин моддаҳо дар иншоот (масалан фақат иншоотҳои борбардор ва чангҳои сӯзандаи вуҷуд дошта) банди 3.3 сабт гардида бандҳои 3.1 ва 3.2 бе тағйир мемонанд.

Дар бандҳои 4.1- 4.7 варақаи бақайдгирӣ дар феҳристи давлатии иншоотҳо рамзи намудҳои фаъолият сабт мегардад, ки барои гузаронидани онҳо истеҳсолкунанда иҷозатнома гирифтааст.

Намуди фаъолият ва рамзи он дар варақаи баҳисобгирии иншоот дар феҳристи давлатӣ мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216).

Замимаи 3

ба Қоидаҳои бақайдгирпи иншооти

(дар бланкаи ташкилот ба расмият дароварда мешавад)

Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Хоҳишмандам (заруриро интихоб кунед)

1. Дар феҳристи давлатӣ иншооти истеҳсолии хатарноки зеринро ба қайд гиред:

- иншооти истеҳсолкунанда;

- иншооти истифодабаранда;

- иншооти аз нав коркардабароӣ;

- иншооти ба вуҷуд омада;

- иншооти нигоҳдоранда;

- иншооти кашонанда;

- иншооти барҳамдиҳанда (дар ҳолате, ки истеҳсолкунанда як қатор корҳоро иҷро намояд онҳо дар ин мактуб қайд мегарданд).

2. Дар феҳристи давлатӣ иншооти зерин аз нав ба қайд гирифта шавад: (мувофиқи банди 1 замимаи 3 заруриро интихоб кунед).

3. Дар феҳристи давлатӣ маълумот дар бораи (мувофиқи банди 1 замимаи 3 заруриро интихоб кунед).

4. Дар феҳристи давлатӣ маълумот дар бораи соҳибмулк тағйироти зеринро ворид намоед (мувофиқи банди 1 замимаи 3 заруриро интихоб кунед).

5. Аз феҳристи давлатӣ иншооти зеринро аз қайд бароред (мувофиқи банди 1 замимаи 3 заруриро интихоб кунед).

6. Аз феҳристи давлатӣ иншооти зеринро, ки дар онҳо нишонаи хавфу хатар намондааст, аз қайд бароред (мувофиқи банди 1 замимаи 3 заруриро интихоб кунед).

+---+------------------+---------------------+-----------------------ҷ
|Т/Р|  Номгуӣ иншоот   |  Маълумот оид ба    |  Рақами бақайдгирӣ    |
|   |                  | тағйироти иншоот    | (иншооти пеш бақайд   |
|   |                  |                     |    гирифта шуда)      |
+---+------------------+---------------------+-----------------------+
| 1 |                  |                     |                       |

| 2 |                  |                     |                       |

| 3 |                  |                     |                       |

| 4 |                  |                     |                       |

+----------------------------------+---------------------------------ҷ
|    Маълумот дар бораи            |   Маълумот дар бораи ташкилоти  |
|    ташкилоти истеҳсолӣ           |    истеҳсолӣ баъди дигаргунӣ    |
|                                  |                                 |
+----------------------------------+---------------------------------+

Илова: (заруриро интихоб кунед)

1. Варақаи бақайдгирии иншоот дар ________ саҳифа, 3 нусха.

2. Варақаи бақайдгирии иншоот то дигаргунӣ дар ________ саҳифа, 1 нусха.

3. Дигаргунии варақаи баҳисобгирии иншоот дар ______ саҳифа, 3 нусха.

4. Хулосаи санҷиши бехатарии саноатӣ дар ______ саҳифа, 1 нусха.

5. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар ______ саҳифа, 1 нусха.

6. Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар ______ саҳифа, 1 шумора.

7. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оиди аз тавозун баровардан дар _______ саҳифа, 1 нусха.

Номгуӣ ташкилот (барои шахсони воқеӣ - ному насаб ва номи падар):

Нишонӣ - (барои шахсони воқеӣ - ҷои истиқомат).

Телефон: Факс:

_____________________ ___________________________

       (имзо)         (ному насаб ва номи падар)

Замимаи 4

Китоби бақайдгирии шаҳодатнома барои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ

Оғоз_______________________ Хотима___________________

+-----+-----------+---------+--------+-------+-----------+-----------ҷ
|Санаи|Шаходатнома|Ташкилоти|Шумораи |Сабаби |Бар ивази  |  Аломати  |
|сабт |дода шуд № |истеҳсолӣ|иншоот  |аз нав |шаҳодат-   |  додашуда |
|     |(сана)     |         |        |бақайд-|нома №     |           |
|     |           |         |        |гирӣ   |(сана)     |           |
+-----+-----------+---------+--------+-------+-----------+-----------+
|  1  |    2      |    3    |   4    |   5   |    6      |      7    |

Замимаи 5

Талабот ба додани рақамҳои бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ

Ҳангоми бақайдгирӣ дар феҳристи давлатӣ ба ҳар иншоот рақами бақайдгирӣ дода мешавад ва мушаххаскунандаи мақомоти бақайдгиранда ба зиммаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216).

Рақами бақайдгирӣ аз 3 гурӯҳ нишона иборат буда бо нимтире Х-ХХХХ-ХХХ ҷудо карда мешавад,

Нишонаи аввал (аломати кириликӣ) рамзи мавзеи ҷойгиршавии маъмурӣ - ҳудудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷо иншоот ҷойгир шудааст:

А - барои ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ;

Б - барои вилояти Суғд;

В - барои вилояти Хатлон;

Г - барои вилояти мӯхтори Бадахшони кӯҳӣ.

Гурӯҳи дуюм ададӣ буда, рақамҳои аз 0001 то 9999-ро дар бар мегирад. Дар он ба ҳар як бақайдгиранда рақами мушаххас дода мешавад, ки тартиби ба иншоот додани шаҳодатномаро муайян мекунад.

Гурӯҳи сеюми иншоотҳо ҳам ададӣ буда, рақамҳои 001 го 999 дар бар мегирад. Дар он ба ҳар як иншооти бақайдгирӣ ададе, ки онро дар ҳайати иншоот мушаххас мегардонад, дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216).

Ба иишооти бақайдгирифташуда аз ҷониби ташкилоти истеҳсолӣ ҳангоми истифодабарии иншооти нав дар иншооти охирин рақами навбатӣ дода мешавад.

Ҳангоми аз нав бақайдгирӣ ва ворид намудани дигаргунӣ дар феҳристи давлатӣ бо сабаби иваз шудани маълумот оид ба истеҳсол, истифода, коркард, сохтан, нигоҳ доштан, кашондан ва барҳамдиҳии иншооти мушаххаскунандаи кор бетағйир мемонад.

Мувофиқи қоида рақамҳо дар ҳолати ивазшавии маълумот оид ба иҷрокунандаи кор бетағйир мемонад, ба ғайр аз ҳолатҳои аз нав ташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва фурӯши иншоот ба дигар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Санаи аввали бақайдгирии иншоот дар феҳристи давлатӣ, дар варақаи бақайдгирӣ ва дар шаҳодатномаи бақайдгирӣ то аз нав бақайдгирии оянда бетағйир мемонад.

Санаи аз нав бақайдгирии иншоот дар шаҳодатнома ҳангоми бақайдгирии аввал ва аз нав бақайдгирӣ ворид карда шуда то бақайдгирии оянда бетағйир мемонад.

Замимаи 6

Тартиби бақайдгирии механизмҳои сайёр

Барои бақайдгирӣ ва истифодабарии механизмҳои сайёр аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъии истифодабаранда ба нишонии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216).

Ташкилоти истифодабаранда шиносномаи механизмро барои ба қайд гирифтан пешниҳод менамоянд.

Механизмҳои сайёр дар китоби бақайдгирии феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуда ба онҳо аломатҳои махсус дода мешаванд:

- К - карер;

- Р - руизаминӣ;

- 3 - зеризаминӣ;

- О - обӣ;

- Б - барфӣ,

Механизмҳои сайёр:

мошинҳо ва механизмҳои махсуси боркашонӣ, борбардорӣ, пармакунӣ, майдакунӣ, тозакунӣ, геологӣ ва дигар механизмҳое, ки дар конҳои коркарди маъдан, ғайримаъдан ва сохтмонҳои махсусан муҳим истифода бурда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216);

- механизмҳои махсуси обӣ ва барфӣ.

Маълумот дар бораи механизмҳои сайёр дар феҳристи давлатӣ (аз тарафи идораи бақайдгиранда пур карда мешавад)

+----+--------------------+------------------------------------------ҷ
| 1. |Механизмҳои сайёр   |                                          |
+----+--------------------+------------------------------------------+
| 2. |Аломати махсус      |                                          |

| 3. |Рақами бақайдгирӣ   |                                          |
+----+----------------Р---+------------------------------------------+
| 4. |Санади бақайдгирӣ   |                                          |

| Сардори Хадамот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2025 № 216) |
+-----+---------------------------+------------------+---------------+
| Имзо|                           |     Таърихи рӯз  |               |
+-----+---------------------------+--------------Р---+---------------+