банди 5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2008 № 191 аз эътибор соқит дониста шуд.
банди 3 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 282 аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- дар банди 2 рақамҳои "1462" ва "231" мутаносибан ба рақамҳои "1470" ва "239" иваз карда шаванд;
- аз банди 4 калимаҳои ", аз ҷумла нигоҳдории 8 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 13 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус" хориҷ карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- дар банди 2 рақами "92" ба рақами "96" иваз карда шавад;
- ба замимаи 1 банди 45 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"45. Амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат".
- 6а замимаи 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Шӯъбаи аудити дохилӣ".
...