Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 282 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603

Мувофиқи моддаи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3);

Дар банди 2 қарор рақами "56" ба рақами "84" иваз карда шавад;

Дар Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар сархати шашуми банди 6 баъд аз калимаҳои "тиббию санитарӣ", "давлатии тиббӣ" калимаҳои "ва фармасевтӣ" илова карда шуда, дар сархати нӯҳум калимаи "таҷрибаҳои" ба калимаи "озмоиши" иваз карда шавад;

Дар банди 7:

- дар сархати нӯҳум калимаи "муқаррар" ба калимаи "муайян" иваз карда шуда, дар сархати ёздаҳум пеш аз калимаи "ҳамоҳангсозии" калимаи "назорат ва" ва баъд аз калимаҳои "тиббию санитарӣ", "давлатии тиббӣ" калимаҳои "ва фармасевтӣ" илова карда шаванд;

баъд аз сархати бисту ҳашт сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- муайян намудани тартиби рухсатдиҳӣ" ба мутахассисон барои фаъолият дар соҳаи тиб ва фарматсия;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили экспертиза, стандартонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, кор ва хизматрасонии тиббиву санитарӣ ва фармасевтӣ;

- тасдиқ ва нашри Доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии маводи дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 603

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 603 "О Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

- утвердить Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень учреждений и организаций системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан в новой редакции (приложения 1,2,3);

- в пункте 2 постановления цифру "56" заменить на цифру "84";

- в Положении Министерства здравоохранения Республики Таджикистан:

- в абзаце шестой пункта 6 после слова "медицинских" и "медико-санитарной" дополнить словами "и фармацевтических" и в абзаце девятом слова "экспериментов" и "эксперимента" заменить соответственно словами "испытаний" и "испытания";

В пункте 7:

- в абзаце девятом слово "утвердить" заменить словами "определить", и в абзаце одиннадцатом перед словом "координация" дополнить слова "контроль и" и после слов "медико-санитарной" дополнить словами "и фармацевтических";

- после абзаца двадцать восьмой дополнить новые абзацы следующего содержания:

"- определение порядка допуска специалистов к деятельности в области медицины и фармации;

- организация экспертизы, стандартизации, государственной регистрации, сертификации лекарственных средств, медицинских товаров, медико-санитарных и фармацевтических услуг в установленном порядке;

- утверждение и издание Государственной Фармакопеи Республики Таджикистан и Государственного Реестра лекарственных средств Республики Таджикистан;

...