Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
з 3 июли соли 2003 № 301
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
з 3 июли соли 2003 № 301
тасдиқ шудааст
Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с. № 613)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с. № 613)
1. Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот" таҳия шуда, барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷро гардидани он ҳатмӣ мебошад.
2. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикисгон воридгардида, манъ аст. Ба таври истисно дошта гирифтани намудҳои мазкур барои корҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин бо мақсади нигоҳ доштан ва зиёд намудани ин ҳайвонот дар муҳити сунъӣ, ба даст даровардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоидаовари ҳаёти онҳо, ҳифзи саломатии инсон, бартараф намудани таҳдид ба ҳаёти инсон, пешгирии ҳайвоноти кишоварзӣ ва хонагӣ аз касалиҳои оммавӣ роҳ дода мешавад.
3. Дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, дар асоси иҷозатномаҳои махсусе (минбаъд - иҷозатнома), ки аз тарафи Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун дода мешаванд, амалӣ карда мешавад.
4. Иҷозатнома дар асоси хулосаи мусбии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта дода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба кори Комиссия намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор ва мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳал (Ҳукуматҳо) низ ҷалб шуда метавонанд.
5. Комиссияи мазкур квотаи ҳарсолаи дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта, андоза ва тартиби истифодаи воситаҳои аз доштани ин намудҳои ҳайвонот ба даст даровардашударо муқаррар менамояд.
6. Варақаи иҷозатнома дорои дараҷаи дахлдори муҳофизатӣ, силсила ва рақами баҳисобгирӣ буда, ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад.
7. Баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ва додани иҷозатнома ба таври пулакӣ анҷом дода мешавад.
...