Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда аз 10 майи соли 2005, № 175

Санаи амалкуни: 01.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 178 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2005 № 175

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2005 № 175

ТАРТИБИ АЗ БУҶЕТИ ҶУМҲУРИЯВИ БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497, аз 30.03.2013 № 163)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497, аз 30.03.2013 № 163)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1. Тартиби мазкур дар асоси муқаррароти моддаҳои 173, 183-187 ва 191 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006 № 497, аз 30.03.2013 № 163).

2. Андоз аз арзиши иловашуда тибқи Тартиби мазкур баргардонида мешавад:

а) ба андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботи бояд тибқи меъёри сифр андозбанди шавад;

б) ба дигар андозсупорандагоне, ки дар зербанди "а)" ҳамин банд фаро гирифта нашудаанд, мутобиқи зербанди "в)" банди 3 Тартиби мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006№ 497).

3. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашудаи ба буҷет пардохт карда шуда дар ҳолатҳои зерин амали карда мешавад:

...

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 майи соли 2005 № 175

Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур дар асоси муқаррароти моддаҳои 215, 226-231, 236 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497).

2. Андоз аз арзиши иловашуда тибқи Тартиби мазкур баргардонида мешавад:

а) ба андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботи бояд тибқи меъёри сифр андозбанди шавад;

б) ба дигар андозсупорандагоне, ки дар зербанди "а)" ҳамин банд фаро гирифта нашудаанд, мутобиқи зербанди "в)" банди 3 Тартиби мазкур (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497).

3. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашудаи ба буҷет пардохт карда шуда дар ҳолатҳои зерин амали карда мешавад:

а) нисбати андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботи бояд тибқи меъёри сифр андозбанди шавад, барзиёдии маблағи андози ба ҳисоб гирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашуда дар давраи ҳисоботи аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 30 рӯзи тақвими аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупоранда дар бораи баргардонидани маблағи зиёдати, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли муқаррарнамудаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, аз буҷети ҷумҳурияви баргардонда мешавад;

б) нисбати дигар андозсупорандагоне, ки дар зербанди "а)" ҳамин банд фаро гирифта нашудаанд, зиёдатии маблағи андози ба ҳисоб гирифташуда нисбати маблағи андози барои давраи ҳисоботи ҳисоб шуда ба 6 давраи минбаъдаи ҳисоботи гузаронида мешавад ва ба ҳисоби ӯҳдадориҳои андоз барои ин давраҳо, инчунин ба ҳисоби пардохти қарздории супорандаи андоз аз арзиши иловашуда доир ба дигар андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдати дар давоми 30 рӯзи баъди гузаштани ин давраи 6-моҳа аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, аз буҷети ҷумҳурияви баргардонида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497).

4. Андоз аз арзиши иловашуда бо роҳи пай дар пай иҷро намудани амалҳои зерин баргардонида мешавад:

а) ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти андози мавҷудбудаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда доир ба қарзи дигар андозҳо, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;

б) ҳисобкуни ба андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти молҳо бояд супорида шавад;

в) ба суратҳисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи зербандҳои "а)" ва "б)" ҳамин банд боқи мондаанд.

5. Дар ҳама ҳолатҳое, ки мақомоти андоз ошкор менамояд, ки маблағи муайян ба андозсупоранда хато баргардонида шудааст, мақомоти андоз дар давоми 3 соли баъди ба охир расидани давраи андоз метавонад баргардонидани ҳамин маблағро талаб намояд.

Ҳамзамон, андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андозро дар давоми 3 соли баъди ба охир расидани давраи андоз, бо назардошти мӯҳлати иловагие, ки боби 11 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ин мӯҳлати сесола фароҳам овардааст, талаб намояд.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи мақомоти молия, ки амалиётҳои аз буҷет мутобиқи Тартиби мазкур баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо анҷом медиҳад, муайян менамояд.

II. Ҳуҷҷатҳое. ки ба мақомоти андозе, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, барои аз буҷети ҷумҳуривӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод карда мешаванд

7. Ҳангоми содироти мол бо меъёри сифри:

а) эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки тибқи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст;

б) ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи моддаи 215 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ намудани содироти молҳо лозиманд:

- шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳои содиршаванда;

- эъломияи гумрукии бор бо қайди мақомоти гумруки, ки молҳоро ба низоми содирот баровардааст ва ҳангоми баровардани молҳо тибқи низоми содирот бо хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврави эъломияи пурраи гумрукии бор бо сабти мақомоти гумрукие, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол бо сабти мақомоти гумрук, ки дар нуқтаи гузаргоҳ дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Дар ҳолати баровардани молҳо таҳти низоми содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ санади қабулу супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад.

в) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар зербанди "б)" ҳамин банд зикр шудаанд, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар мамлакати воридоти молҳои аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми содирот баровардашуда ба расмият дароварда шудаанд.

г) ҳангоми содироти минбаъдаи молҳое, ки қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми коркард берун аз қаламрави гумруки бароварда шудаанд ё маҳсулоти коркарди онҳо тасдиқи содирот мутобиқи ҳамин банди Тартиб инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешаванд:

- эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми коркард ба низоми содирот тағйир дода мешавад;

- эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми коркарди молҳо берун аз қаламрави гумруки ба расмият дароварда шудааст;

- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки ҳангоми воридоти бор ба қаламрави давлати хориҷи таҳти низоми коркарди молҳо дар қаламрави гумруки (коркарди молҳо таҳти назорати гумруки) ба расмият дароварда шуда, мақомоти гумруки ин барасмиятдарориро анҷом дода тасдиқ кардааст;

- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми содирот ҳангоми баровардани молҳо ё маҳсулоти коркарди онҳо аз қаламрави давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақоми ба расмият дароварда тасдиқ кардааст.

8. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 7 ва 8 Тартиби мазкур дарҷгардида барои тасдиқи асоснокии баргардонидани (баҳисобгирии) андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби шахсоне, ки дар банди 2 ҳамин Тартиб зикршуда баргардонидани андозро талаб менамояд, пешниҳод карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497).

9. Мақомоти андоз асоснокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида оид ба баргардонидани андоз аз арзиши иловашударо меомӯзанд ва аз натиҷааш ба муроҷиаткунанда хабар медиҳанд, дар ҳолати зарури ба мақомоти молияи дахлдор оид ба баргардонидани андоз хулоса пешниҳод менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2006с. № 497).