Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010 аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои инвеститсионӣ, ки барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинӣ мешаванд ва аз ҳисоби маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ амалӣ карда шавад.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба татбиқи барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз рафти иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 августи соли 2007 № 391
ш. Душанбе