Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 308 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, моддаи 714) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми сеюми моддаи 11 калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар сархатҳои бистум ва бисту якуми қисми якуми моддаи 31 калимаҳои "тафтиш менамояд;" ва "тафтиш мекунад;." ба калимаҳои "тибқи муқаррароти қонун месанҷад;" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 55:

- дар қисми якум калимаҳои "Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

4. Дар моддаи 63:

- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;";

- сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;".

Сархатҳои шашум ва ҳафтум мутаносибан сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 2 декабря 2002 года "О государственных финансах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 год, №11, статья 714) следующие изменения и дополнения:

1. В части третьей статьи 11 слова "Министерством по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" заменить словами "Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан".

2. В абзацах двадцатом и двадцать первом части первой статьи 31 слова "проводит проверки" дополнить словами "в порядке, предусмотренном законом".

3. В статье 55:

- в части первой слова "Комитет государственного финансового контроля Республики Таджикистан" заменить словами "уполномоченный государственный орган в области государственного финансового контроля";

- в части второй после слов "Законом Республики Таджикистан "О казначействе" дополнить словами "Законом Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан".

4. В статье 63:

- абзац пятый изложить в следующей редакции:

"- Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан;";

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан;".

Абзацы шестой и седьмой соответственно считать абзацами седьмым и восьмым.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

...