ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии соҳаи хазинадориро муқаррар намуда, муносибатҳоеро, ки ҳангоми фаъолияти хазинадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- хазинадорӣ - фаъолияти молиявии давлатӣ буда, ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои иқтисодии умумидавлатӣ, ташкили назорати даромаду хароҷот, ҷамъоварӣ ва истифодабарии маблағҳо, идоракунии иҷрои буҷети давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатиро амалӣ менамояд;
- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ - суратҳисоб дар назди хазинадорӣ, ки дорои рамзи мушаххаси бонкӣ ва суратҳисоби муросилотӣ мебошад;
- суратҳисобҳои ягонаи маҳаллии хазинадорӣ - суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ кушода мешаванд;
- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ - суратҳисобе, ки дар назди хазинадорӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ кушода мешаванд;
- суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба даромадҳо-суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои ҷамъоварӣ ва интиқоли ҳаррӯзаи андозу даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд;
- суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба хароҷот-суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадор барои ташкилотҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода мешаванд;
- суратҳисоби ягонаи хазинадории маҳаллӣ оид ба маблағҳои махсуси буҷетҳои маҳаллӣ - суратҳисобе, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии хазинадорӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетии маҳаллӣ кушода мешаванд;
...