Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002, № 192 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ"

Санаи амалкуни: 30.03.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010с. № 191)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010с. № 191)

Бо мақсади иҷро намудани тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", таъмини омодагии доимӣ барои иҷрои вазифаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010с. № 191):

-ба созмон додани мақомотҳои идоракунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонӣ ва барпо намудани иншоотҳои муҳофизати мудофиаи гражданӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

-бо назардошти сиёсати мудофиавии мамлакат ва ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулоддаи ҷанбаи табиӣ, экологӣ ва техногенӣ дошта, нақшаҳои мудофиаи гражданиро таҳия ва тасдиқ намоянд;

-тайёрии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва ташкили омӯзиши умумӣ ва ҳатмии аҳолиро оид ба мудофиаи гражданӣ ташкил намоянд.

2. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо зарурати таъсис намудани фондҳои эҳтиётии воситаҳои инфиродӣ, тиббӣ, хурокворӣ ва дигар амволи мудофиаи гражданӣ, инчунин сохтмони иншоотҳои муҳофизатиро муайян намуда, барои банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳои мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010с. № 191)

3. Ҳайати комиссияҳои зерини мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад:.

- комиссияи устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаи замонҳои осоишта ва ҷангӣ (замимаи № 2).

4. Раисони комиссияҳои таъсисдодашудаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияҳоро пурра гардонида фаъолиятл доимии онҳоро ба роҳ монанд.

5. Номгӯи хадамотҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаи № 3).

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации Закона Республики Таджикистан "О гражданской обороне"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.03.2010г. № 191)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.03.2010г. № 191)

В целях реализации Закона Республики Таджикистан "О гражданской обороне", обеспечения постоянной готовности к выполнению задач в чрезвычайных ситуациях Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Руководителям министерств, ведомств Республики Таджикистан, Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов по согласованию с Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

- принять необходимые меры по созданию органов управления, сил и средств гражданской обороны, их материально-техническому обеспечению, ремонту, оснащению и созданию защитных сооружений гражданской обороны;

- с учетом оборонной политики государства и возникновения чрезвычайных ситуации природного, экологического и техногенного характера разработать и утвердить планы гражданской обороны;

- организовать подготовку руководящего состава гражданской обороны, всеобщее и обязательное обучение населения по гражданской обороне:

2.Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Председателями Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов определить потребность в создании резервных фондов продовольствия, средств индивидуальной защиты, медицинских средств и другого имущества гражданской обороны, а также в строительстве защитных сооружений гражданской обороны и представить предложения Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан для прогнозирования работ и финансирования указанных мероприятий(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.03.2010г. № 191).

3. Утвердить составы следующих комиссий по гражданской обороне Республики Таджикистан:

- эвакуационной комиссии Республики Таджикистан (приложение №1)

- Республиканской комиссии по повышению устойчивости функционирования отраслей и объектов экономики в чрезвычайных ситуациях мирного и военного времени (.приложение № 2).

4. Председателям созданных республиканских комиссий гражданской обороны укомплектовать состав комиссий и обеспечить их постоянную деятельность.

...