ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
Қонуни мазкур вазифаҳо, асосхои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти идораи давлати ва худидораи маҳалли, ҳуқуқ ва вазифаҳои корҳонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиаи граждани муайян месозад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи граждани
Дар Қонуни мазкур таҳти мафҳуми мудофиаи граждани маҷмӯи чорабиниҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи ва дигар чорабиниҳое, ки ба мавради ҳимояи аҳоли ва сарватҳои миллии кишвар аз фалокат, ки дар натиҷаи амалиёти низоми ва ҳолатҳои фавқулодда ба миён омадааст, фаҳмида мешавад.
Мудофии граждани қисми таркибии сохтмони мудофиави, як ҷузъи бехтарии милли мебошад.
Дар шароити осоишта қувва ва воситаҳои мудофиаи граждани барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, ки бо офатҳои табии, садама ва фалокатҳо вобаста мебошанд, истифода бурда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи граждани
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи граждани ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои конститутсиони, Қонун "Дар бораи мудофиа", қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқи дар соҳаи мудофиаи граждани, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, иборат аст.
Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
ҳимояи аҳоли ва сарватҳои миллии кишвар аз воситаҳои зарбаи ҳозиразамон ва ҳолатҳои фавқулодда ҳам дар замони ҷанг ва ҳам дар замони осоишта;
огоҳонидани аҳоли дар мавриди таҳдид ба зиндагию саломатии онҳо ва тартиби амали онҳо дар шароити бамиёномада;
...