Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ЧТ аз 30.12.2021 № 570 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 № 501, аз 31.10.2008 № 544, аз 27.02.2009 № 137, аз 2.12.2009 № 669, аз 30.12.2010 № 714, аз 02.05.2012 № 297, аз 02.07.2013 № 302, аз 27.02.2014 № 126, аз 2.05.2014 № 267, аз 26.10.2021 №466)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади беҳтар намудани кори зотпарварию селексионӣ, ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштани хоҷагиҳои зотпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шабакаи заводҳо, хочагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани генофонди зотҳои мавҷуда, зиёд намудани саршумор, маҳсулнокӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ чораҳои зарурӣ андешад ва бо хоҷагиҳои ғайридавлатӣ ҳамкориро дар ин самт дар асосӣ шартнома ба роҳ монад.

3. Беэътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 267 "Дар бораи тадбирҳои зиёд намудани саршумори чорвои зотии ҷамъиятӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 262 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо, ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, занбӯри асал ва моҳии зотии соҳаи кишоварзӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 № 519 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 262";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 202 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаи зотпарвариро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 714).

...

Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008 № 501, аз 31.10.2008 № 544, аз 27.02.2009 № 137, аз 2.12.2009 № 669, аз 30.12.2010 № 714, аз 02.05.2012 № 297)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади беҳтар намудани кори зотпарварию селексионӣ, ба шакли нави хоҷагидорӣ гузаштани хоҷагиҳои зотпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шабакаи заводҳо, хочагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани генофонди зотҳои мавҷуда, зиёд намудани саршумор, маҳсулнокӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ чораҳои зарурӣ андешад ва бо хоҷагиҳои ғайридавлатӣ ҳамкориро дар ин самт дар асосӣ шартнома ба роҳ монад.

3. Беэътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 1996 № 267 "Дар бораи тадбирҳои зиёд намудани саршумори чорвои зотии ҷамъиятӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 262 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо, ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, занбӯри асал ва моҳии зотии соҳаи кишоварзӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 № 519 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 262";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 № 202 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаи зотпарвариро таҳлил намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010 № 714).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 2 майи соли 2007 № 245

 ш. Душанбе

Ниг. ба Замима