Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 №245
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007 №245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
аз Шабака Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Паррандапарвар"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Шукуфон"-и шаҳри Қайроққум, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Баракат"-и ноҳияи Ҳисор, Хоҷагии кооперативии ба номи Карл Маркс ноҳияи Ҳисор, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Паррандапарварии Душанбе"-и ноҳияи Рӯдакӣ хориҷ карда шуда, бандҳои 13, 14, 35, 37,45 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
- бандҳои 21, 56, 57, 58, 59 ва 60 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2009 № 669
ш. Душанбе
аз 2 декабри соли 2009 № 669
ш. Душанбе
...