Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз 3 марти соли 2007, № 104

Санаи амалкуни: 01.10.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2014 № 299 аз эътибор соқит дониста шуд. 

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 104

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 104

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 518)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд Хадамот) мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои назорату санҷиши давлатӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, шуғл, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият анҷом медиҳад.

2. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, фармонҳои Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор медиҳад.

4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилот анҷом медиҳад.

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                             от 03.05.2014г. № 299     

Приложение 1

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2007 года № 104

Приложение 1

 Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 марта 2007 года № 104

Положение о Государственной службе по надзору в сфере труда, занятости и социальной защиты населения

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№518)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№518)

1. Общие положения

1. Государственная служба по надзору в сфере труда, социальной защиты населения (далее Служба), является органом исполнительной власти, осуществляющим функции по государственному контролю и надзору за соблюдением законодательства Республики Таджикистан о труде, правил по охране труда, стандартов и норм безопасности труда, проведением экспертизы условий труда занятости, миграции, социального страхования и социальной защиты населения на предприятиях, учреждениях и организациях независимо от форм собственности.

2. Служба находится в Схеме управления Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

З. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Служба осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями, международными и иными организациями.

...