Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 № 518 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба боби 44 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- ба банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба фаъолияти бокортаъминкунӣ хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷӣ ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷию ватанӣ мансуб мебошад";

- ба банди 6 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- хулосаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми фаъолият ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

- бандҳои 5, 9 ва 11 хориҷ карда шаванд;

- бандҳои 6, 7, 8, 10 ва 12 мутобиқан бандҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.

2. Дар Низомнома дар бораи Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳуми зербанди "е" банди 5 хориҷ карда шавад.

3. Дар зербанди "в" банди 5- и Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ шудааст:

- сархати панҷум хориҷ карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года  № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В главу 44 Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года № 172 внести следующие изменения и дополнения:

- слова "Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство внутренних дел Республики Таджикистан" и слова "Государственное агентство по социальной защите, занятости населения и миграции" заменить словами "Миграционная служба Министерства внутренних дел Республики Таджикистан";

- пункт 1 дополнить вторым абзацем следующего содержания:

"- к деятельности, связанной с трудоустройством, относится предоставление гражданам Республики Таджикистан и иностранным гражданам услуг по содействию в поиске оплачиваемой работы за пределами Республики Таджикистан и в Республике Таджикистан, в том числе в получении разрешения на работу в иностранном государстве или в Республике Таджикистан, в заключении трудовых договоров с иностранными или отечественными работодателями";

- пункт 6 дополнить четвёртым абзацем следующего содержания:

"- заключение Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан при деятельности, связанной с трудоустройством иностранных граждан в Республике Таджикистан.";

- пункты 5, 9 и 11 исключить;

- пункты 6, 7, 8, 10 и 12 соответственно считать пунктами 5, 6, 7, 8 и 9.

2. В Положении о Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №600 "О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" абзац двенадцатый подпункта "е" пункта 5 исключить.

3. В подпункте "в" пункта 5 Положения о Государственном агентстве социальной защиты, занятости населения и миграции, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года № 102 "О Государственном агентстве социальной защиты, занятости населения и миграции":

- абзац пятый исключить;

...