Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи дар наздн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират
(Карор аз 02.11.2007с. №551)
Бо мақсади такмили идораи равандҳои муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки машғули масъалаҳои муҳоҷират мебошанд, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират таъсис дода, ҳайати он тибқи замима тасдиқ карда шавад (замимаи № 1).
2. Низомномаи замимагардидаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи № 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 462
ш. Душанбе
Замимаи № 1 қарори
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 № 462
Хайати Комиссияи байниидоравии танзими равандхои мухочирати назди Хукумати Чумхурии Точикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;
Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;
Мудири бахши муҳоҷират ва робита бо ҳамватанони бурунмарзии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия;
Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
Муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон . №551).