Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 551 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 462 "Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ҳайати Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

Мудири Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

Мудири бахши муҳоҷират ва робита бо ҳамватанони бурунмарзии Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия;

Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 1997 года №462

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 21 октября 1997 года №462 "Об образовании при Правительстве Республики Таджикистан Межведомственной Комиссии по регулированию миграционных процессов" следующие изменения и дополнения:

1. Состав Межведомственной Комиссии по регулированию миграционных процессов при Правительстве Республики Таджикистан изложить в следующей редакции:

"Заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан-председатель Комиссии;

Заведующий Отделом занятости и социальной защиты населения Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан-заместитель председателя Комиссии;

Заведующий сектором миграции и связей с зарубежными соотечественниками Отдела занятости и социальной зашиты населения Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан-секретарь Комиссии;

Первый заместитель Министра юстиции Республики Таджикистан;

Заместитель Министра внутренних дел Республики Таджикистан;

Заместитель Министра труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

Заместитель Министра финансов Республики Таджикистан;

Заместитель Министра здравоохранения Республики Таджикистан;

Заместитель Министра иностранных дел Республики Таджикистан;

...