ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Банди 4 қисми 4 моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаҳои 688, 689; соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, №7, моддаи 341; №12, моддаи 543) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои зераксизӣ дохил нагардад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар сурати барҳам дода шудани чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми чор сол аз лаҳзаи воридот ба ҷумҳурӣ истифода нашудан ё ба шахси дигар фурӯхтани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудааст, бояд ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 226 Кодекси мазкур ситонида шавад. Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Дар ҳама ҳолат озодкунии пешбининамудаи ҳамин банд нисбати корхонаҳои навтаъсисёфта (нав) аз рӯзи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ва нисбати корхонаҳои дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин банд мавҷудбуда, аз лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин имтиёз ба мӯҳлати на зиёда аз чор сол пешниҳод карда мешавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое низ татбиқ мегардад, ки аз 1 январи соли 2007 ба вуҷуд омадаанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 марти соли 2007 № 239
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
9 феврали соли 2007 № 486
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
22 феврали соли 2007 № 281