ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 4, мод. 43; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10, мод. 119) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар дебоча ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "коргарон", "Меҳнаткашоне", "меҳнаткашон" мутаносибан ба калимаҳои "кормандон", "Кормандоне" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми сеюми моддаи 1 калимаҳои "Шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ" ба калимаҳои "Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд" иваз карда шаванд.
4. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- муҳофизати меҳнат - системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунӣ ва барқароркунии дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда, ки бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунанд;
- шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсолӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ;
- корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад;
- корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва филиалҳои он ва шахси воқеӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;
- ҷойҳои корӣ - ҳамаи ҷойҳое, ки дар он кормандон бояд ба иҷрои кор машғул шуда, бевосита ё бавосита дар зери назорати корфармо бошанд;
- кафолати ҳуқуқи кормандон оид ба муҳофизати меҳнат - шароит ва воситаҳои имконияти истифодаи пурра аз ҳуқуқҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муҳофизати меҳнат муқаррар кардаанд;
...