Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 612
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
2. Роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.
3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад .
4. Хадамот ва мақомоти тобеи он системаи ягонаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
5. Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
6. Хадамот ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ анҷом медиҳад:
- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани истиқлолият, амнияти миллӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин андешидани тадбирҳо доир ба ҳимояи ҳаёт, саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист;
- таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи макомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст;
- таъмини татбиқи сиёсат дар соҳаи фиъолияти гумрукӣ;
- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ягонагии қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- анҷом додани маъмуригардонии гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлилу ҷамъбаст намудани таҷрибаи татбиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ва оид ба такмили қонунгузории гумрук пешниҳод намудани таклифҳо;
- таъмин намудани ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва ифрои ӯҳдададориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
- аз рӯи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳамкорӣ менамояд;
- таъмини саривақтӣ ва воқеии баррасии шикоятҳо оид ба қарор, амали ғайриқонунӣ ё беамалии мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳоро анҷом медиҳад;
- ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, хориҷӣ ва дигар фаъолиятро дар соҳаи гумрук ҳимоя мекунад;
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро таъмин мекунад;
- таъмини барасмиятдарории гумрукӣ, назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол меёбанд, аз ҷумла молҳои зераксизӣ;
- таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи боҷҳо, андозҳо, инчунин хироҷҳо ба буҷети давлатӣ, ки ситонидани онҳо ба зиммаи мақомоти гумруки Ҷуҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст;
- таъмини инкишофи заминаи моддию техникии мақомоти гумрук, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ бо мақсадҳои соддагардонӣ ва такмили хизматрасонии гумрукӣ, инчунин ташкили фаъолияти низоми (системаи) воситаҳои техникии гумрук;
- мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назоратро аз болои риояи низоми минтақаи назорати гумрукӣ, ташкили низоми (системаи) ҳифзи иншоотҳои инфраструктураи гумрукӣ, инчунин бо мақомоти амнияти миллӣ ва татбиқи тадбирҳоро оид ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ ва сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- таъмини Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
- таъмини омори гумрукии тиҷорати хориҷӣ ва омори гумрукии махсусро;
- таъминн мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо маълумот оид 6а омори тиҷорати хориҷӣ, маблағи боҷҳои гумрукӣ, андоз ва хироҷҳои ситонидашуда, инчунин имтиёзҳои тарифӣ;
- системаи назоратро аз болои дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол ташкил менамояд;
- гузаронидани корҳои ахборотию фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- таьмини риояи мамнуният ва маҳдудиятҳо дар тиҷорати хориҷӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда муқаррар намудаааст;
- огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ анҷом медиҳад;
- парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ҷалб намудан ба ҷавобгарии маъмурӣ аз рӯи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ баррасӣ менамояд;
- оид ба пешгирии гардиши гайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ, яроқ, ашёҳои дорои арзишҳои бадеӣ, таърихӣ ва бостоншиносии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, намудҳои ҳайвонот ва наботот, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, қисмҳо ва маҳсули (деривати) онҳо системаи тадбирҳоро таҳия ва татбиқ менамояд;
- тайёр намудан, бозомӯзӣ (тағйири ихтисос) ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти гумрук дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- ҳифзи мол ва воситаҳои нақлиёте, ки ба моликияти давлатӣ табдил дода шудаанд таъмин мекунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти фаъолияти мақомоти гумрук, ҳимояи шахсони мансабдори мақомоти гумрук ва аъзоёни оилаи онҳоро аз амалҳои ғайриқонунӣ таъмин мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ назорати андоз, асъор, содиротӣ ва дигар намудҳои назоратро, ки ҳуқуқи анҷом доданашон ё ҳуқуқи иштирок дар анҷом додани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти гумрук вогузор гардидааст, таъмин менамояд ;
- таъмини иҷрои тартиби иҷозати интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;
- назорат аз болои содироти моли хусусияти стратегидошта ва дигар молҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаётан муҳим, арзишҳои фарҳангӣ, инчунин иштирок намудан дар ташкили назорати содиротӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти гумрук ;
- бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумотро аз низоми иттилоотии худ пешниҳод менамояд ;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолият доир ба мукаммалгардонӣ, нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Хадамот ташкил шудаанд;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Хадамот бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ воҳидҳои тобеашро таъсис диҳад, аз нав ташкил кунад ва барҳам диҳад, инчунин доираи фаъолияти онҳоро муайян намояд;
- аз мақомоти давлатӣ, ташкилот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои анҷоми фаъолияти ба зиммаи Хадамот гузошташуда иттиолот талаб намояд ва гирад;
- доир ба лоиҳаҳои шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- таҳқиқ ва санҷиши фаъолияти вохидҳои тобеъ, аз ҷумла фаъолияти молиявию хоҷагии онҳоро дар ҳамаи сатҳҳо гузаронад, доир ба бартараф намудани камбудиҳо ва қонуншиканиҳо тадбирҳо андешад, инчунин дар мавридҳои зарурӣ ҳисоботи роҳбарони ин воҳидҳо дар бораи ҳолати фаъолияти оиҳоро талаб намояд, ёрии методӣ ва амалӣ дар ташкили он, омӯхтани ташкили фаъолияти воҳидҳои тобеъ ва паҳн намудани таҷрибаи мусбати фаъолияти онҳоро таъмин кунад;
- риояи қонуниятро аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми ба амал баровардани тафтиши гумрукӣ, истеҳсолоти парвандаи ҷиноӣ ва парванда дар бораи ҳуқуқвайронкуннии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ назорат намояд;
- аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин аз шахсони воқеӣ бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва назорати иҷрои онҳоро талаб намояд;
- мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои гумрукӣ гузаронад;
- чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва истеҳсолоти парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ анҷом диҳад;
- шахсони ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳдода ва дар содир намудаии ҷиноят мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбаршударо дасгир намуда, ба биноҳои хизматии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварад;
- далел ва воқеаҳоро мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатнок кунад, сабти видиоӣ-аудиоӣ, кино ва суратгирии онҳоро анҷом диҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низомҳом (системаҳои) иттилоотӣ, алоқа ва интиқоли маълумот, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, инчунин воситаҳои ҳифзи иттилоотиро таҳия, ташкил ва истифода намояд;
- харидории молҳо, аз ҷумла яроқ ва лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои махсуси техникӣ ва дигар воситаҳои барои иҷрои функсияҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти гумрук гузошташударо таъмин намояд;
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия ва нашр намояд;
- доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, экспертӣ ва гурӯҳҳои кории илмию тадқиқотӣ ташкил намояд;
- дар асоси шартномавӣ барои ҳалли масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисон, аз ҷумла хориҷиёнро ҷалб намояд;
- ба кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи ваколатҳои хизматиашон шаҳодатнома диҳад, ки намунаи он аз тарафи Сардори Хадамот тасдиқ шудааст;
- дар доираи салоҳияти худ таҳқиқоти зарурӣ, озмоишҳо, ташхисҳо, таҳлил ва баҳодиҳӣ, инчунин мутобиқи сметаи барои нигоҳдории мақомоти гумрук пешбинигардида тадқиқотҳои илмӣ ташкил намояд;
- мақомоти гумруки маҳсусгардонидашуда таъсис намояд, ки салоҳияти онҳоро бо соҳибҳуқуқии алоҳида барои иҷрои баъзе функсияҳои ба зиммаи мақомоти гумрук гузошташуда ё барои анҷоми амалиётҳои гумрукӣ нисбати намудҳои муайяни мол маҳдуд гардонад;
- намояндагиҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ ташкил намояд;
- аттестатсияи шахсони мансабдори мақомоти гумрукро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;
- доир ба таҳияи намунаҳои либоси расмӣ ва тартиби пӯшидани он таклифҳо пешниҳод намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди манзилии хизматӣ ташкил намояд;
- воситаҳои нақлиётии таъинотии махсусеро, ки дорои аломатҳои фарқунандаи мақомоти гумрук ҳастанд, дошта бошад ва аз онҳо истифода намояд;
- дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳад.
III. Ташкили фаъолият
8. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардор фаъолияти Хадамотро ташкил ва роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва функсияҳои худ масъулият дорад.
10. Сардори Хадамот се муовин дорад, аз ҷумла муовини якум, ки бо пешниҳоди Сардор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд .
11. Сардори Хадамот:
- роҳбарии фаъолияти Хадамотро анҷом медиҳад;
- Хадамотро дар ҳамаи мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо муаррифӣ мекуиад;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муовинони худ, инчунин сардорони воҳидҳои минтақавӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамотро муайян менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ фармон, фармоиш мебарорад, супориш медиҳад ва иҷрои онҳо аз ҷониби мақомоти гумрук ҳатмӣ мебошад;
- мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- ба шахсони мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикнстон рутбаҳои махсуси аввалия ва минбаъда, аз он ҷумла полковники хадамоти гумрукиро медиҳад;
- аз рӯи тартиби муқарраргардида барои ба ҳайати роҳбарикунандаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук додани рутбаҳои махсуси баланд ва пешниҳод намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурни Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад;
- аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ масъалаҳои мукофотонидан, расондани ёрии моддӣ, додани қарзҳои бефоизро ҳал намуда, ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҷазоҳои интизомӣ ва дар доираи салоҳияти худ ба онҳо унвонҳои фахрӣ медиҳад;
- низомномаҳои воҳидҳои тобеи Хадамотро тасдиқ мекунад;
- сохтор, басти кории воҳидҳои тобеи Хадамот ва сметаи хароҷоти онҳоро дар доираи шумораи ниҳоии кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, тасдиқ мекунад;
- салоҳияти мақомоти гумрук ва шахсони маисабдори онҳоро доир ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, кадрӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо муайян мекунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурин Тоҷикистон дигар ваколатҳоро анҷом медиҳад.
12. Дар Хадамот дар ҳайати 7 нафар - Сардори Хадамот, муовинони Сардори Хадамот, ки аз рӯи вазифа ба он дохиланд ва дигар шахсони мансабдори роҳбарикунандаи Хадамот Ҳайати мушовара ташкил карда мешавад.
Аъзои Ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсони аз рӯи вазифа ба он дохилбуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои худ масъалаҳои асосии марбут ба салоҳияти Хадамотро баррасӣ менамояд.
Қарори Ҳайати мушовара бо овозҳои аксари аъзо қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешавад ва бо Фармони Сардори Хадамот амалӣ мегардад.
Сардор дар мавриди ихтилофот байни Сардори Хадамот ва аъзои Ҳайати мушовара қарор қабул менамояд ва доир ба ихтилофоти баамаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод мекунад.
Аъзои Ҳайати мушовара ҳамчунин метавонанд ақидаи худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намояед.
13. Хадамот ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дорои мӯҳри худ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, бланкаҳои намунаи муқарраргардида, инчунин эмблема, парчам ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳои худро дорад .
14. Хадамот ба сифати идораи оперативӣ амволи мустақил дорад.
Амволи Хадамот аз ҳисоби амволи додаи давлат, инчунин амволи дигар, ки арзиши онҳо дар баланси Хадамот ииъикос меёбад, ташкил мешавад.
Амволи ба Хадамот тааллуқдошта моликияти давлатӣ мебошад.
Хадамот ихтиёрдории амволи мазкурро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
15. Фаъолияти Хадамот аз буҷети давлатӣ, инчунин аз хисоби маблағҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
16. Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, инчунин шумораи ниҳоии кормандони Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
17. Номи пурраи Хадамот:
Бо забони тоҷикӣ - "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Бо забони русӣ - "Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан".
18. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, 50 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 612
тасдиқ карда шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкилию-бозрасӣ
Раёсати ташкили назорати гумрукӣ
Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ
Раёсати ҳамкориҳои байлалмилалии гумрукӣ
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ
Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ
Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ ()
Раёсати молиявию хоҷагӣ
Раёсати таъмини ҳуқуқӣ ()
Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит ()
Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонишудаи ягона (СИАЯ) ()
Шӯъбаи иттилоотӣ
Хориҷ карда шуд
Шӯъбаи оперативии навбатдорӣ
Шуъбаи коргузорӣ ва назорат ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 612
тасдиқ карда шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Лабораторияи гумрукии марказӣ
Донишкадаи такмили ихтисос
хориҷ карда шуд
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе
Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода
Гумрукҳо
Дидбонгоҳхои гумрукӣ
хориҷ карда шуд
Намояндагиҳо дар давлатҳои хориҷӣ
Редаксияи маҷаллаи "Гумрук"
Корхонаи воҳиди давлатии "Матбаа"
Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 459)
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" ()