Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 612
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 612 "Дар бораи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад.
2. Ба замимаи 1 "Низомномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 612 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархати бисту нуҳуми банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
" - дар доираи ваколатҳои худ назорати андоз, асъор, содиротӣ ва дигар намудҳои назоратро, ки ҳуқуқи анҷом доданашон ё ҳуқуқи иштирок дар анҷом додани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти гумрук вогузор гардидааст, таъмин менамояд;";
- ба банди 6 сархатҳои сиву се ва сиву чор бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти гумрук;
- бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумотро аз низоми иттилоотии худ пешниҳод менамояд;";
- дар банди 10 калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;
- аз банди 13 калимаи ", вимпел" хориҷ карда шавад.
3. Аз замимаи 3 "Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 декабри соли 2006, № 612 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳвили гумрук ва рушди инфраструктура"" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 сентябри соли 2017 № 423
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №612
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в приложение 1 "Положение о Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан", утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №612, следующие изменения и дополнения:
- абзац двадцать девятый пункта 6 изложить из следующей редакции:
"- обеспечивает в пределах своих полномочий налоговый, валютный, экспортный и иные виды контроля, право на осуществление которых или на участие в осуществлении которых предоставлено таможенным органам в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;";
- дополнить пункт 6 абзацами тридцать третьим и тридцать четвертым следующего содержания:
"- реализует в установленном порядке способы и методы проведения анализа коррупционных рисков в таможенных органах;
- представляет по запросу уполномоченного органа по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения сведения из собственных информационных систем;";
- в пункте 13 слово ", вымпел" исключить.
2. Из приложения 3 "Схема управления Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №612, слова "Государственное учреждение "Центр управления региональным проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры"" исключить.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 6 сентября 2017 года, №423