Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 612 "Дар бораи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557, аз 3.05.2010 № 246, аз 03.10.2012№ 557, аз 02.03.2013 № 108, аз 28.11.2015 № 739, аз 6.09.2017 № 423, аз 26.02.2022 № 75, аз 28.02.2025 № 132)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои 1309 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 175 воҳид муқардар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 557, аз 3.05.2010 № 246, аз 03.10.2012№ 557, аз 02.03.2013 № 108, аз 28.11.2015 № 739, аз 26.02.2022 № 75, аз 28.02.2025 № 132).

З. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар иҷозат дода шавад арори Ҳукумати ҶТ аз 6.09.2017 № 423).

4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити воситаҳои нақлиёти хизматӣ ба миқдори 6 адад (бе воситаҳои нақлиёти махсус) муқаррар карда шавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нигоҳдории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳои барои мақомоти гумруки собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳом дигари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли дахлдор пешбинӣ шудааст, анҷом дода шавад.

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;

- оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеояд, таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 612

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№557, от 3.05.2010г.№246,от 03.10.2012г. №557,от 02.03.2013г. № 108, от 28.11.2015г.№739, от 26.02.2022г.№75, от 28.02.2025 №132)

В соответствии со 1 статьёй 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата и Схему управления Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3).

2. Установить предельную численность сотрудников Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 1309 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе численность сотрудников центрального аппарата 175 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№557, от 3.05.2010г.№246,от 03.10.2012г. №557,от 02.03.2013г. № 108, от 28.11.2015г.№739, от 26.02.2022г.№75, от 28.02.2025 №132).

3. Разрешить Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Начальника, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 7 человек.

4. Установить для Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан лимит на содержание служебных транспортных средств в количестве 6 единиц (без специальных транспортных средств).

5. Министерству финансов Республики Таджикистан осуществить финансирование содержания Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан на 2007 год за счет средств предусмотренных для таможенных органов бывшего Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан и иных средств предусмотренных законодательством Республики Таджикистан на соответствующий год.

6. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан:

- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением;

- представить предложения по вопросам внесения изменений и дополнений в нормативно правовые акты Республики Таджикистан вытекающие из настоящего постановления.

от 23 декабря 2006 №612

 г. Душанбе