Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои 1309 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 175 воҳид муқардар карда шавад (№ 132.
З. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар иҷозат дода шавад .
4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити воситаҳои нақлиёти хизматӣ ба миқдори 6 адад (бе воситаҳои нақлиёти махсус) муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нигоҳдории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳои барои мақомоти гумруки собиқ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳом дигари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли дахлдор пешбинӣ шудааст, анҷом дода шавад.
6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;
- оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеояд, таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 612
ш. Душанбе