Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 146 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 29.04.2009с. № 275, аз 31.08.2012 № 472)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 29.04.2009с. № 275, аз 31.08.2012 № 472)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1599 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 84 воҳид, муқаррар карда шавад (карори Хукумати ЧТ аз 30.11.2007  № 603, аз 31.08.2012 № 472).

3. Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд (карор аз 29.04.2009с. №275).

Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 21 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 7 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи маркази ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъсис дода шаванд.

6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи ндоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2014г. № 145

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.11.2007г.№603, от 29.04.2009г.№275, от 31.08.2012г. №472)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.11.2007г.№603, от 29.04.2009г.№275, от 31.08.2012г. №472)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республик Таджикистан" и в соответствии с статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет;

1. Утвердить Положение, структуру центрального аппарата, схему управления и перечень организаций системы Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3 и 4).

2. Установить предельную численность работников Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан в количестве 1599 (без обслуживающего персонала) единиц, в том числе центрального аппарата в количестве 84 единиц (в редакции Постановления Правительства РТ от 30.11.2007г.№603 ,от 31.08.2012г. №472).

3. Разрешить Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан иметь 3 заместителей Министра, в том числе одного первого и формировать коллегию в составе 9 человек(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.04.2009г.№275).

Установить Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 21 единиц, в том числе центральному аппарату 7 единиц,

4. Финансирование центрального аппарата и органов предусмотренных в схеме управления Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан осуществлять за счет средства республиканского бюджета.

5. Создать при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан Государственную службу по надзору в сфере труда, занятости и социальной защиты населения, Государственное агентство социальной защиты, занятости населения и миграции и Государственное агентство социального страхования и пенсии.

6. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан в двухмесячный срок:

- разработать положения органов, указанных в схеме управления Министерства и представить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан;

...