Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 588

Санаи амалкуни: 09.02.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.04.2015 № 187 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 28 декабри соли 2006 № 588

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007 № 508, аз 2.07.2008 № 309, аз 19.09.2008 № 454, аз 29.09.2008 № 458, аз 3.12.2010 № 627, аз 3.04.2012 № 154, аз 11.05.2012 № 227, аз 09.02.2013 № 37)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз, суғуртавӣ ва асъорро таъмин намуда, дар ин соҳа мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳамоҳанг месозад, иҷро ва риояи қонунгузории андоз, баҳисобгирии дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, пардохтҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро аз андозсупорандагон назорат менамояд.

2. Вазорат фаъолияти мақомоти минтақавии молия, Нозироти давлатии иёргирӣ, Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ, Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагии ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

4. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конситутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

II. Ваколатҳои Вазорат

5. Ваколатҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати буҷету андоз, сиёсати суғуртавӣ, сиёсат дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ (ба ғайр аз системаи бонкӣ), иштирок дар таҳияи сиёсати инвеститсионӣ, нарх, пулию кредитӣ, асъорӣ ва дигар сиёсати ба зиммаи Вазорат гузошташуда;

- таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои буҷету андоз ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба афзалияти маблағгузории буҷетии бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, идораи таҳияи буҷети давлатии миёнамӯҳлат, ҷараёни буҷет;

- таъмини идораи самарабахши фаврии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо ҷиҳати хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатии кишвар;

- таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ягонагии системаи буҷетӣ барои таъмини сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз;

- таъмини мустақилияти буҷетҳо (буҷети чумҳуриявӣ, буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ) дар асоси манбаҳои даромадҳои худӣ ва ҳуқуқи муайян намудани самтҳои истифодаи онҳо ва хароҷот, қонунан муайян кардани манбаҳои _ даромад барои ҳар як сатҳи маблағгузаронии буҷетӣ аз андоз ва даромадҳои давлатӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дурнамои макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақавӣ, ташкили иҷрои буҷет оид ба даромад ва хароҷот дар асоси системаи хазинадорӣ, таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- истифодаи маблағҳои молиявӣ ва захираҳо ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти давлат, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- такмили шаклҳои муносибатҳои мутақобилан молиявии давлат бо институтҳое, ки дар соҳаи иқтисодиёт фаъолият мекунанд, инчунин бо субъектҳои мустақили иқтисодӣ;

- дар асоси сиёсати андоз муайян намудани манбаҳои зарурии пурра намудани буҷети давлатӣ, мутаносибии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, ки рушди иқтисоди кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин менамояд;

- таҳияи методологияи ягонаи тартиб додани буҷетҳои сатҳҳои мухталиф ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;

- муайян намудани манбаъҳои маблағгузории касри буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷалби захираҳои молиявӣ дар бозори маблағҳо;

- идораи қарзҳои берунаи давлатӣ, хизматрасонии онҳо, аз ҷумла иҷрои ӯхдадориҳои қарзӣ вобаста ба кафолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, амалӣ намудани қарзгирӣ, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, мониторинг ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои қарз, ки дар асоси шартнома (созишнома) оид ба қарзи гирифташудае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ доранд;

- таҳияи лоиҳаҳои барномаи қарзҳои берунаи давлатӣ барои соли минбаъда дар асоси дурнамои дарозмӯҳлати рушди иқтисоди ва бо дарназардошти барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур доштани пешниҳодот дар мавриди зарурати ҷалби маблағҳои қарз, иштирок дар музокирот бо кредиторони хориҷӣ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кафолати давлатӣ, роҳбарӣ ва анҷом додани фаъолияти комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзи давлатӣ, ки барои назорати судманди ҷалби қарзҳои берунӣ ташкил шудааст;

- муайян намудани афзалиятҳо дар ташаккул, рушд ва танзими муносибатҳо ва таъсиси инфраструктураи дахлдор дар бозори коғазҳои қиматнок;

- анҷом додани бақайдгирии давлатии барориши қоғазҳои қиматноки эмитентҳо, рухсатдиҳӣ ва назорати муомилоти қоғазҳои қиматнок дар бозори фондӣ, муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ва назорати фаъолияти иштирокчиёни касбӣ, намояндагии ҳуқуқи иштирокчиён дар бозори қоғазҳои қиматнок;

- таҳияи тартиби гузаронидан ва анҷом додани барориш ва ҷойгиркунонии векселҳои хазинавӣ, ӯхдадориҳои қарзӣ, вомбаргҳои давлатӣ, вомбаргҳои бурднок ва лотереяҳои ҷумҳуриявӣ;

- иштирок дар муайян намудан ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ташаккули нарх;

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии соҳаҳои иқтисодиётро танзим менамоянд;

- иштирок дар таҳия ва пешбурди сиёсати ягона дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, коркард, истеҳсол ва рушди бозори металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар арзишҳо;

- барои ҳар як соли минбаъда таҳия намудани ҳаҷми (квотаи) металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо барои фурӯш аз Фонди давлатӣ дар бозори дохилй ва хориҷӣ ва пешниҳод ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

- бо вазоратҳои дахлдор муайян намудани тартиби баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва нигахдошти сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо;

- анҷом додани назорати коркард, истифода, нигахдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо дар ҳамаи ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолиятро анҷом медиҳанд;

- амали намудани аудити дохилӣ ва назорат ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ ва дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати ҷараёни иҷрои буҷет дар ҳамаи сатҳҳо;

- анҷом додани роҳбарии методологии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот (ба истиснои ташкилотҳои кредитӣ), татбиқи тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи заминаи меъёрии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;

- таҳия ва татбиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва фаъолияти аудиторӣ. Ташкили тайёр намудани (омӯзиш) аудиторҳо, додани атгестатсияи тахассусии аудит ва иҷозатнома (литсензия) барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ;

- анҷом додани назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории суғурта аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои суғурта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои суғурташавандагон, сугуртакунандагон ва давлат;

- таҳияи пешниқодот оид ба ихтисори теъдоди кормандони дастгоҳи идора ва хароҷот барои нигахдошти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- бақайдгирии ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷот барои нигаҳдошти дастгоҳи идораи ташкилотҳои буҷетӣ;

- таъмин намудани риояи қонунгузорӣ оид ба андозхо, пардохтҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, назорати баҳисобгирии дуруст, пурра ва сари вақт пардохт намудани онҳо ба буҷети давлатӣ, инчунин таъмини риояи дигар қонунгузорӣ ва санадҳои меъерии ҳуқуқӣ, ки назораташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти Вазорат гузошта шудааст;

- амалӣ намудани назорати асъорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба батанзимдарории асъор ва назорати асъорӣ дар доираи салоҳияти мақомоти молия, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

- дар доираи салоҳияти худ таъмин намудани ҳифзи бехатарӣ ва ҳимояи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи андоз, бо мақсади ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иқтисодиёти байналмилалӣ (дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ) бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти ваколатдор оид ба таъмин намудани даромад ва пардохтҳои давлатӣ ба буҷети давлатӣ ва дигар фондҳои давлатӣ.

- татбиқи самараноки сиёсати ягона дар соҳаи суғуртавӣ, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад;

- аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муайян карда шудааст, нақшаи молиявияшонро барои соли пешбинишуда ва ҳисоботи фаъолияти молиявии хоҷагидорӣ ва ҳисобот оид ба санҷиши аудитории берунии онҳоро талаб менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454, аз 29.09.2008 № 458);

- қарори дахлдорро оид ба талаботи пешниҳод намудани ахбор аз тарафи ҳамаи муассисаю корхонаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои шартии онҳо қабул менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454);

- анҷом додани чоп ва нашри қоғазҳои қиматнок (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454).

6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда вакодатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- оид ба такмили системаи буҷети давлатӣ, механизми рушди муносибатҳои буҷетӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодотро таҳия ва татбиқ менамояд;

- рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро барои дурнамои дарозмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат пешгӯӣ менамояд;

- маҷмӯи тадбирҳоро оид ба солимгардонии молиявӣ ва бозсозии сохтори иқтисодиёти миллӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, дастгирии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватании молҳо, иҷрокунандагони кор ва хизматрасонӣ амалӣ менамояд;

- самтҳои асосии сиёсати қарзӣ ва пулии давлат, бехдошти вазъи ҳисобот ва пардохтҳоро дар иқтисодиёт муайян менамояд;

- оид ба барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намудани маблағгузории онҳо чораҳо меандешад;

- роҳбарии умумии методӣ дар соҳаи банақшагирии молиявию буҷетӣ ва маблағгузории буҷетҳои ҳамаи бахшҳо ва сатҳҳоро анҷом медиҳад;

- танзими буҷетӣ, аз ҷумла бо буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобила бо Бонки милли Тоҷикистон ва дигар институтҳои иқтисодиро анҷом медиҳад;

- масъалаҳои молиявиро вобаста ба ҳамкориҳои байиалмилалии иқтисодии давлат таҳлил ва пешниҳодоти дахлдорро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;

- лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои буҷет ва андоз таҳия менамояд;

- пешниҳодотро таҳия намуда, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои (конвенсияҳои) байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои андоз иштирок менамояд;

- методикаи ташаккули арзиши аслии кор ва хизматрасонии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, инчунин меъёрҳои хароҷот оид ба гурӯҳҳои алоҳидаи хароҷоте, ки ба арзиши аслии мол, кор ва хизматрасони дохил карда мешаванд, муайян менамояд;

- якҷоя бо мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили системаи андози давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд, инчунин дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозҳои тарифии гумрукӣ, тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ иштирок менамояд;

- сиёсати давлатро дар соҳаи барориш, ҷойгиркунонӣ ҷой ва нашри қоғазҳои қиматноки давлатӣ, амалӣ намуда, самтҳои асосии рушди бозори қоғазҳои қиматнок таҳия менамояд ва фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои танзими бозори қоғазҳои қиматнок ҳамоҳанг месозад ва санадхои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба бозори қогазҳои қиматнокро таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454);

- феҳристи ягонаи давлатии ҷамъиятҳои саҳомӣ, феҳристи корхонаҳо бо инвеститсияҳои хориҷӣ, феҳристи субъектҳои фаъолияти лоторея, бақайдгирии беқурбшавии қоғазҳои қиматнок, таҳияи хулосаҳои молиявӣ барои ҳуҷҷатҳои муассисии корхонаҳо бо инвеститсияҳои хориҷиро мебарад, баҳисобгирии саҳмияҳо ва дивидентҳои марбут ба давлат, назорати хизматрасонӣ ҷиҳати пешбурд ва нигахдошти феҳристи саҳомон ва шаҳодатномаи ҳуқуқӣ дорандагони қоғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд, инчунин иҷозатномадиҳиро вобаста ба фаъолияти ломбардӣ, ташкилу нигаҳдории тотолизаторӣ ва қиморхонаҳо, дар соҳаи биржавӣ, иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнокро амалӣ менамояд;

- қоидаҳои гузаронидани бозиҳои лотереяҳои ҷумхуриявиро таҳия менамояд;

- масъалаҳои қарзҳои дебиторӣ ва кредитории ташкилоту муассисаҳои барҳамдодашавандаро ба танзим медарорад;

- дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиётро оид ба хизматрасонии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назорат ва таҳлили маблағгузории касри буҷети ҷумхуриявиро аз ҳисоби қарзҳои берунӣ ва дохилӣ анҷом медиҳад;

- дар баррасии масъалаҳои татбиқ ва барасмиятдарории ҳисобҳои байнидавлатӣ тибқи шартҳои реструктуризатсияи қарзҳои берунӣ, инчунин мутобиқи мақсад будани ҷалби кредитҳои хориҷиро таҳти кафолати давлатӣ ширкат меварзад;

- корҳои котиботи иҷроияи комиссияи байниидоравиро оид ба қарзи берунӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои корҳои экспертию таҳлилӣ барои арзёбии мутобиқати онҳо ва омилҳои фаврӣ, баргардонидашаванда будан, андозаи фоизӣ, лимити қарзи берунӣ, элементҳои грантӣ ва мутобиқат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад;

- дар омодасозӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии хуқуқӣ, ки тартиб ва расмиёти қарз, идораи қарзҳои давлатӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кафолатдодашуда, пӯшонидан ва хизматрасонии онҳоро танзим менамоянд, иштирок мекунад;

- муносибатҳои мутақобила ва ҳамкориро бо мақомоти идораи давлатӣ, бонкҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилот оид ба масъалаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои Вазоратро таъмин менамояд;

- хамкориро бо ташкилотҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла хориҷӣ оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти системаи самарабахши идораи қарзҳои давлатӣ дар Вазорат таъмин менамояд;

- дар ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон (Фонди давлатии Тоҷикистон) иштирок намуда, харид ва пурра намудан, ба навъҳо ҷудо кардан, арзёбӣ, баҳисобгирӣ ва ҳифзи металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои таркиби онҳоро таъмин менамоянд;

- тартиби муайян намудани нархҳоро барои металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз он, ки аз ҷониби Фонди давлатии Тоҷикистон харидорӣ ва ба фурӯш расонида мешавад, таҳия ва тасдиқ менамояд, якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор оид ба танзими бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- назорати давлатиро оид ба сифати навъбандӣ, гурӯҳбандӣ, арзебӣ ва фурӯши ашёи сангҳои ороишӣ анҷом дода, иштироки назоратчиёни давлатиро дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷкунанда ва дигар ташкилотҳо, нуқтаҳои махсусгардонидашудаи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин иҷозатномадиҳии фаъолиятро ҷиҳати аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуотҳои аз меттал ва дигар сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи маснуотҳои аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташударо амалӣ менамояд;

- бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи нархҳои баҳисобгирӣ, фурӯш ва дигар навъи нархҳоро барои сангҳои қиматбаҳои дар кишвар истихроҷшуда ё коркардшуда таҳия ва тасдиқ менамояд; таҳлили афзоиши нархҳоро дар бозори ҷаҳонии сангҳои қиматбаҳо тавассути коркард ва фурӯши он тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иёргириро дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд, ҳаҷми пардохти иёргириро барои иёр ва тамғагузории маҳсулот аз металлҳои қиматбаҳо муқаррар менамояд;

- сохтор ва таркиби гурӯҳбандии буҷетӣ, нақшаи ҳисобҳо, намунаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисобботдиҳӣ, дастурҳо оид ба истифодаи онҳо ва тартиби таҳияи ҳисоботдиҳии ташкилотҳои бонкӣ ва кредитиро тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои консептуалии рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботдиҳии муҳосибӣ (молиявӣ) ва аудитро барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодйёт муайян месозад;

- системаи назорат ва иҷрои назоратро вобаста ба риояи санадҳои мсъёрии ҳуқуқӣ дар мавриди баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит таҳия менамояд;

- ташаккул ва фаъолияти устувори Ииститути ҷамъиятии кормандони мақомоти молия, муҳосибони касбӣ ва аудиторҳои давлатиро ташкил менамояд;

- назорати ҷараёни маблағгузориро аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хазинадории маркази анҷом дода, мӯҳлат ва шаклҳои ҳисоботдиҳии буҷетиро муайян менамояд;

- системаи хазинадории иҷрои буҷети давлатиро такмил дода, ҷараёни иҷрои нақшавии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллиро назорат менамояд;

- ҳисоботҳои давравиро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ таҳия ва нашр менамояд;

- дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои хазинадории буҷети давлатӣ вобаста ба даромадҳо ва хароҷот таҳия намуда, баҳисобгирии активҳо, қарзҳои дохилӣ ва беруниро пеш мебарад;

- дар доираи салоҳияти худ санҷишҳои дохилӣ ва мавзӯиро доир намуда, таҳлили воридот ва хароҷоти маблағҳои буҷети давлатиро таҳия менамояд ва дар соҳаи мақомоти ҳудудии худ сиёсати ягонаи иттилоотии техникиро пеш мебарад; назорати ҳифзи маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ, саҳеҳии ҳисоботдиҳии давлатиро дар иқтисодиёти кишвар бо роҳи гузаронидани санҷишҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва дигар мақомоти давлатӣ таъмин менамояд;

- бақайдгирии ташкилотҳои суғурта ва додани иҷозатномаро (литсензияро) ба суғуртакунандагон барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти суғурта, пешбурди Феҳристи давлатии ташкилотҳои суғурта ва назорати риояи қонунгузорӣ оид ба суғуртаро аз ҷониби ташкилотҳои суғуртакунанда анҷом медиҳад.

- дар гуфтушунидҳо доир ба бастан ва таҳия намудани созишномаи байниҳукуматӣ (байнидавлатӣ) ҷиҳати канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва амвол, дигар шартномаҳо ва созишноҳои байналмилалӣ, ки ба манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл мекунанд, иштирок менамояд ва дар доираи салоҳияти худ татбиқи созишномаҳои (шартномаҳои) мазкурро амалӣ менамояд;

- дар доираи солоҳияти худ вазифаи мақомоти асъориро амалӣ менамояд, инчунин назорати амалиёти асъориро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили системаи иттилоотӣ, автоматикунонии ҷойҳои корӣ ва дигар воситаҳои автоматикунӣ ва компютеркунонии мақомоти Вазоратро таъмин менамояд;

- корро оид ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро дар системаи мақомоти Вазорат ташкил мекунад;

- дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати соҳибмулкро оид ба идора ва ихтиёрдории моликияти ба мақомоти Вазорат тааллукдоштаро амалӣ менамояд;

- оид ба ошкор, таъкид ва пешгири намудани ҷиноятҳои вазифавӣ дар системаи мақомоти молия татбирҳо андешида, амалӣ менамояд;

- баррасии саривақтии арзу шикоят ва муроҷиатҳоро таъмин менамояд;

- дар системаи худ фаъолияти муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии касбӣ ва таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд;

- таҳлил ва мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, анҷом намуда, барои пешрафти фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454);

- нақшаи молиявии корхонаҳои азими давлатиро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, баррасӣ ва мувофиқа менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454);

- дар ҳолати зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи молиявии корхонаҳои азими давттатӣ, ки номтӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, таклифҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454);

- дар баробари гирифтани ахбор аз муассисаю корхонаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартии онҳо дар қисми пурра будани он, асоснокии баҳодиҳӣ, сифати тафсир баҳо медиҳад, дар ҳолати зарурӣ ба ташкилотҳои ҳисобдиҳанда тавсия медиҳад, ҳамчунин ахбори мазкурро дар сайти худ нашр месозад. Ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати қабули чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати кам ё пешгирӣ намудани ба миён омадани ӯҳдадориҳои нави шарти ё беҳтар намудани идоракунии ӯҳдадориҳои мавҷудбуда хабардор менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454).

7. Вазорат ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия маводи барои таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ зарурӣ ва ҳисоботро оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти идора, муассиса ва дигар ташкилотҳо барои анҷом додани назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ маълумоти заруриро ба даст орад;

- мутобиқи қонунгузрории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайримақсад истифода бурдани маблағқои буҷети давлатӣ аз ҷониби онҳо, инчунин ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот оид ба хароҷоти маблағҳои қаблан гирифташуда, махдуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қатъ намояд;

- дар ҷараёни иҷрои буҷет дар доираи маблағҳои тасдиқгардида оид ба моддаҳои гурӯҳбандии буҷетӣ ва вобаста ба тақсимоти семоҳаи даромадҳо ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ тағйирот ворид намояд;

- бо мақсади истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ аудити дохилӣ гузаронад, инчунин тафтиш ва санҷиши холати ташкили кори баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таркиби сифатии кормандони ҳисобкунандаро дар ташкилоту муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (ба истиснои системаи бонкӣ) сарфи назар аз шакли моликият ва системаи идоравӣ доир намояд;

- ҳангоми зарурат фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиёти онҳо оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумхуриявӣ ва маҳаллӣ омӯзад;

- дар ҳолати зарурӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҳисоби маблағҳои барои эҳтиёҷоти мақомоти идоракунӣ ва дигар хароҷоти ғайричашмдошт дар буҷети ҷумҳурӣ пешбинишуда ба ташкилотҳои буҷетӣ маблағҳо ҷудо намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- аз номи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, корхонаҳо бо инвеститсияҳои хориҷӣ, биржаи фондҳо ва дигар иштирокчиёни бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун муассис баромад кунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида шахсони хизмати шоиста анҷомдодаро ҷиҳати мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ намояд;

- ҷиҳати ҳавасмандгадонии кормандон барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳаи молия Нишони фахриии "Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таъсис дода, низомномаи онро тасдиқ намояд;

- мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатӣ" ва "Дар бораи хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуққоро амалӣ намояд;

- фаъолияти нашриётиро амалӣ намояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он ҳамкорӣ намояд;

- низомнома ва оинномаи мақомоти минтақавии молия ва ташкилоту муассисақои системаи худро тасдиқ намояд ва фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории онҳоро назорат намояд;

- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи салоҳияти худ таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод намояд;

- ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи дигар вазорату идораҳо таҳиягардида хулосаи молиявӣ диҳад;

- дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул (нашр) намояд, ки онҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистои амал карда, иҷрои онҳо барои тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва системаашон, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад;

8. Вазорат барои татбиқи вазифаҳои худ:

- бо ташкилотҳои илмию тадқиқотии самти иқтисодӣ ҷиҳати таҳияи пешниҳодот оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;

- якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили системаи андози давлатӣ пешниҳодот таҳия менамояд;

- дар таҳияи пешниҳодот оид ба муқаррар намудани андозаи тарифи гумрукӣ ва тартиби ситонидани боҷҳои гумрукӣ, тартиб ва иҷрои назорати воридоти даромад аз амвол, ки таҳти моликияти давлатӣ қарор дорад, иштирок менамояд;

- низомномаи вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетиро дар мавриди ташаккули лоиҳаи буҷет барои соли оянда, ки дар он сиёсати буҷету андоз, параметрҳои асосии даромад ва хароҷоти буҷет, нақшаи таҳияи он ва расмиёти пешниҳоди ҳисобҳои дахлдор ва асосноксозӣ оид ба буҷет муайян шудаанд, меомӯзад;

- ҳангоми ихтилофи назар бо вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин мақомоти анҷомдиҳандаи идораи буҷетии фондҳои буҷетии мақсаднок вобаста ба ташаккули буҷет қарор қабул намуда, оид ба он ба Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод менамояд;

- баъди тасдиқи буҷети давлатӣ нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаро барои нигаҳдорӣ ба маълумоти вазорату идораҳо, ташкилот ва муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мерасонад;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон дар таҳияи баланси пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;

- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷалби қарзҳои хориҷӣ корҳои экспертию таҳлилиро пеш мебарад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурҳо, дастурамалҳо оид ба масъалаҳои молияи давлатӣ, ки Вазорат нашр менамояд, барои риоя аз ҷониби ҳамаи мақомоти идораи давлати ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳатмӣ мебошад.

III. Ташкили фаъолияти Вазорат

9. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазир барои иҷрои вазифа ва вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

10. Вазир муовинон, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Тақсими вазифаҳо байни муовинони Вазир аз ҷониби Вазир анҷом дода мешавад.

11. Вазир дар доираи салоҳияти худ:

- фармон, фармоишҳо, дастур қабул менамояд ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Вазорат, ташкилоту муассисаҳо ҳатмӣ буда, иҷрои онҳоро месанҷад;

- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарон ва сармутахассисони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорат, роҳбарон ва муовинони Нозироти давлатии иёргирӣ, Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ ва роҳбарони мақомоти молиявиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқа бо раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- бо пешниҳоди роҳбарони мақомоти минтақавии молия, ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорат муовинони сардорони хадамоту агентӣ, муассисаҳо ва муовинони роҳбарони мақомоти минтақавии молияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мснамояд;

- дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Вазир, роҳбарони Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда, Хазинаи сарватҳои давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешпиҳод ирсол менамояд;

- низомномаҳои сохторҳои дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти минтақавӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомномаҳои қорхонаю муассисаҳои системаи Вазоратро тасдиқ менамояд;

- нақшаи кории ҳарсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти хадамот ва агентии системаи Вазорат ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ менамояд;

- дар доираи шумораи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва фонди музди меҳнати кормандон ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ мекунад;

- шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорат ва сохтори онҳоро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷот барои нигахдошти онҳо дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор тасдиқшуда, ки дар буҷети давлатӣ барои идораи давлатӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;

- қарорҳои хадамот ва агентии системаи Вазоратро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор намудани онро қонунгузорӣ муайян накарда бошад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат ва хадамоту агентии системаи Вазорат ва шахсони дигареро, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд, барои сазовор гаштан ба унвони фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.

12. Ҳайати мушовараи Вазорат:

- дар Вазорат дар ҳайати Вазир (Раис), муовинони Вазир, ки вобаста ба вазифа дар он шомиланд, инчунин дигар роҳбарони сохторҳои дастгоҳи маркази ва ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад;

- аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба он шомиланд, бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;

- ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои муҳими вобаста ба салоҳияти Вазоратро баррасӣ менамояд;

- қарорҳои ҳайати мушовара бо аксарияти овози аъзои он қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва тавассути фармони Вазир татбиқ мегарданд;

- дар ҳолаги мухолифат байни Вазир ва аъзои ҳайати мушовара Вазир қарор қабул мекунад ва доир ба мухолифати баамаломада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад;

- аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

13. Барои баррасии пешниҳодот дар мавриди такмили усули танзими буҷетию молиявӣ ва маблағгузории иқтисодиёти давлат, методологияи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ, ташкили аудит дар Вазорат метавонад аз ҳисоби мутахассисони баландихтисос, кормандони муассисаҳои илмӣ, намояндагони дигар ташкилотҳо мақомоти методӣ, ҳамоҳангсоз ва машварати (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдор таъсис дода шаванд. Ҳайат ва низомномаи онхоро Вазир тасдиқ мекунад.

14. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдошти дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоте, ки ба Нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд, инчунин ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

15. Вазорат шахси ҳуқуқӣ ва дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ маблағгузорӣ мегардад.

16. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат шаҳри Душанбе, хиёбони Академикҳо Раҷабовҳо, 3 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 28 декабри соли 2006 № 588

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати буҷети давлатӣ

Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатӣ

Сарраёсати хазинадории марказӣ

Сарраёсати қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии давлатӣ

Раёсати котибот

Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт

Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ

Раёсати буҷети мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Раёсати методологияи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Раесати аудити дохилӣ ва назорат

Раёсати кор бо металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо

Раёсати кадрҳо ва буҷети мақомоти молия

Раёсати корҳо

Раёсати мониторинги фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454)

Шӯъбаи ҳуқуқ

Шӯъбаи барномасозии компютерӣ ва иттилоот

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 28 декабри соли 2006 № 588

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Сарраёсатҳои молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Раёсатҳо ва шӯъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо

Нозироти давлатии иёргирӣ (Госпробирнадзор)

Хазинаи сарватҳои давлатӣ (Гохран)

Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ (Госстрахнадзор)

Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашуда

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 588

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.05.2012 №227).

Пажуҳишгоҳи илмию тадкиқотии "Молия"

Редаксияи маҷаллаи "Молия ва ҳисобдорӣ"

Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасонӣ

Ширкати давлатии суғуртаи сармоягузории "Тоҷиксармоягузор"

Матбааи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 508)

Маркази такмили ихтисос (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.09.2008 № 454)

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 627)

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2012 № 154)

Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"(қарори Ҳукумати ҶТ аз 09.02.2013 № 37).