Қоидаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд) аз 1 ноябри соли 2006, № 497

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013 № 211 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2006 № 497

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2006 № 497

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд) (минбаъд Қоидаҳо) мутобиқи қисми дуюми моддаи 237 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд ва тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - ААИ) озод намудани таҳвили молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд), муайян менамоянд.

2. Барои мақсадҳои ҳамин Қоидаҳо грантгирандаҳо, кредитгирандаҳо шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдоркардаи онҳо мебошанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати иҷрокунандаи лоиҳа (барнома, созишнома), ки барои татбиқи он грант, кредит (қарз) дода шудааст, таъин гардидаанд (ваколатдор карда шудаанд).

3. Барои мақсадҳои ҳамин Қоидаҳо шахсоне, ки нисбати онҳо озодкунӣ аз ААИ аз рӯи таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд), татбиқ мегардад, ба ҳисоб мераванд:

шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати супорандагони ААИ ба қайд гирифта шудаанд;

соҳибкорони инфиродӣ, ки ба сифати супорандагони ААИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

ғайрирезидентҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо фаъолият мекунанд.

4. Озодкунӣ аз пардохти ААИ ба шахсони дар банди 3 ҳамин Қоидаҳо зикргардида, аз рӯи аҳдҳои (қарордодҳои, шартномахои, созишномаҳои) барои таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) басташуда, ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз), пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд), ҳангоми риоя кардани шартҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 2 мая 2013года, №211

Утверждены

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от I ноября 2006 года № 497

Утверждены

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от I ноября 2006 года № 497

Правила освобождения от налога на добавленную стоимость поставок товаров (выполнения работ, оказания услуг),оплаченных (подлежащих оплате) за счет средств гранта, кредита (займа)

I. Общие положения

1. Правила освобождения от налога на добавленную стоимость поставок товаров (выполнения работ, оказания услуг), оплаченных (подлежащих оплате) за счет средств гранта, кредита (займа) (далееПравила) разработаны в соответствии с частью второй статьи 237 Налогового кодекса Республики Таджикистан и определяют порядок освобождения от налога на добавленную стоимость (далее - НДС) поставок товаров (выполнения работ, оказания услуг), оплаченных (подлежащих оплате) за счет средств гранта, кредита (займа).

2. Для целей настоящих Правил грантополучателями, кредитополучателями являются юридические лица или лица, уполномоченные ими в установленном - нормативными правовыми актами порядке, назначенные (уполномоченные) Правительством Республики Таджикистан в качестве исполнителей проекта (программы, соглашения) в целях которого предоставлен грант, кредит (займ).

3. Для целей настоящих Правил лицами, в отношении которых применяется освобождение от НДС по поставкам товаров (выполнение работ, оказания услуг), оплаченных (подлежащих оплате) за счет средств гранта, кредита (займа), являются:

юридические лица - резиденты Республики Таджикистан, зарегистрированные в качестве плательщиков НДС;

индивидуальные предприниматели, зарегистрированные в качестве плательщиков НДС в Республике Таджикистан;

нерезиденты, в том числе те, которые осуществляют деятельность в Республике Таджикистан через постоянные учреждения нерезидентов.

4. Освобождение от уплаты НДС предоставляется лицам, указанным в пункте 3 настоящих Правил, по заключенным сделкам (контрактам, договорам, соглашениям) на поставку товаров (выполнение работ, оказание услуг), оплаченных (подлежащих оплате) за счет средств

...