Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2006 № 416
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2006 № 416
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", ки минбаъд "Корхонаи ҳавопаймоӣ" номида мешавад, ташкилоти тиҷоратии дорои амволи хосаи мансуби ихтиёри хоҷагидории он мебошад.
2. Муассиси Корхонаи ҳавопаймоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "муассис" ном бурда мешавад.
3. Корхонаи ҳавопаймоӣ шахси хуқуқӣ буда, баланси мустақил, дар бонкҳо ҳисоби пардохт ва дигар ҳисобҳо, мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатӣ бо номи худ, штамп, бланкаҳо, номи фирмавӣ, нишони молӣ (нишони хизматрасонӣ) дорад.
4. Корхонаи ҳавопаймоӣ тибқи ӯҳдадориҳои худ ба тамоми амволи дар ихтиёр доштааш масъул аст. Корхонаи ҳавопаймоӣ барои ӯҳдадориҳои муассис, муассис барои ӯҳдадориҳои Корхонаи хавопаймоӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, масъулият надоранд.
5. Корхонаи ҳавопаймоӣ аз номи худ ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволиро соҳиб мегардад ва ӯҳдадориҳо дорад, дар суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар муаррифӣ мешавад.
6. Корхонаи ҳавопаймоӣ номи фирмавӣ, нишон (эмблема) ва байрақ дорад.
7. Номи фирмавии Корхонаи ҳавопаймоӣ:
...