Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи балансҳои тақсимоти ва оинномаҳои корхонаҳои дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" таъсисдодашуда
Мутобиқи моддаҳои 53, 60 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Балансҳои тақсимотии замимагардидаи корхонаҳои воҳиди давлатии азнавташкилшудаи зерин тасдиқ карда шаванд:
- Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии "Душанбе";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии "Хуҷанд";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии "Кӯлоб";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".
2. Оинномаҳои замимагардидаи корхонаҳои воҳиди давлатии азнавташкилшудаи зерин тасдиқ карда шаванд:
- Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии "Душанбе";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии "Хуҷанд";
...