Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо мақсади инкишоф ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар ҳайати зерин тасдиқ карда шавад:
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҳамраиси комиссия
Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон -муовини ҳамраиси комиссия
Аъзои комиссия:
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини мудири Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Раиси Иттифоқи ҷумҳуриявии матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот"
Муовини Директори генералии Заводи алюминии Тоҷикистон
Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
2. Ба аъзои комиссия супорида шавад, ки дар ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматии мазкур иштироки коршиносони вазорату идораҳои дахлдорро дар асоси мувозӣ таъмин намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2000 № 135 "Дар бораи тасдиқи ҳайати бахши тоҷикистонии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкорӣ" беэътибор дониста шавад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафи Беларусро аз қарори мазкур огоҳ созад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2002 № 268
ш. Душанбе