Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, № 508

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2005 № 508

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2005 № 508

тасдиқ шудааст

Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузори ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаҳои 11, 34 ва 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", инчунин бо дарназардошти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ва "Дар бораи ҳифзи иттилоот" таҳия шудааст.

2. Дастурамал ба лоиҳаҳо оид ба бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотони ва воситаҳои ҳифзи иттилоот, новобаста аз намуд ва шакли моликияти ташкилот ва муассисаҳое, ки таҳиясоз ва иҷрокунандаи корҳо буда, даъвогари пурра ё қисман маблағгузории давлати мебошанд, дахл дорад.

3. Фармоишгари давлатии корҳо ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳо оид ба бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотони вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти суди, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави мебошанд, ки ба манфиати онҳо ин лоиҳаҳо таҳия мешаванд.

4. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ" ба объектҳои дорои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотони мансубанд: иттилооти ҳуҷҷатишуда, захираҳои иттилооти, технологияҳои иттилооти, маҷмӯи воситаҳои барномавию техники, системаю шабакаҳои иттилооти.

5. Дар асоси Дастурамали мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи иттилоотони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави нақшаҳои бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотониро таҳия ва тасдиқ намуда, маблағи хароҷотро муайян мекунанд, аз рӯи зарурат бо дигар вазорату идораҳое, ки ба манфиатҳояшон дар бунёди объектҳои нав таъсир расонида мешавад, мувофиқа намуда, гузаронидани экспертизаро ташкил ва арзномаҳоро барои маблағгузории давлати тартиб медиҳанд.

II.ТАРТИБДИҲИИ АРЗНОМАҲО БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

6. Барои таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли минбаъда (ба нақша гирифтамешуда) вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави дар мӯҳлати то 1-уми апрели соли қабли ба Комиссияи байниидорави оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи байниидорави) арзномаҳоро оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотоние, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори мешаванд, ирсол менамоянд.

7. Арзномаҳо дар асоси ҳисобу китоби асоснокшудаи иқтисодии хароҷот барои бунёд ва рушди ҳар як объекти иттилоотони алоҳида, бо дарназардошти тағийрёбии шартҳои пардохти музди меҳнат, нарх ва нархномаҳо, тартиб дода мешаванд.

...

Утверждено

 постановление Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 декабря 2005 года № 508

Утверждено

 постановление Правительства

Республики Таджикистан

 от 30 декабря 2005 года № 508

Инструкция  о едином порядке проведения экспертизы, утверждения, финансирования и контроля проектов по созданию и развитию объектов информатизации в Республике Таджикистан

I. Общие положения

1. Инструкция о едином порядке проведения экспертизы, утверждения, финансирования и контроля проектов по созданию и развитию объектов информатизации в Республике Таджикистан (далее - Инструкция) разработана в соответствии со статьями 27, 34 и 35 Закона Республики Таджикистан "Об информатизации", а также с учетом Законов Республики Таджикистан "Об информации" и "О защите информации".

2. Инструкция распространяется на проекты по созданию новых и развитию существующих объектов информатизации и средств защиты информации, независимо от вида и форм собственности организаций и учреждений, разрабатывающих и выполняющих работы и претендующих на частичное или полное государственное финансирование.

3. Государственными заказчиками работ но выполнению проектов по созданию новых и развитию существующих объектов информатизации являются министерства и ведомства, судебные органы власти, местные органы государственной власти и другие органы управления, в интересах которых они создаются.

4. В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об информатизации" к объектам обладающим правом собственности в области информатизации относятся: документированная информация, информационные ресурсы, информационные технологии, комплексы программно-технических средств, информационные системы и сети.

5. На основании настоящей Инструкции и других нормативных правовых документов в области информатизации министерства и ведомства, местные органы государственной власти и другие органы управления разрабатывают и утверждают планы создания новых и развития существующих объектов информатизации, определяют сумму затрат, по мере необходимости согласовывают с другими министерствами и ведомствами, чьи интересы затрагиваются при создании новых объектов, организовывают прохождение экспертизы и формируют заявки на государственное финансирование.

II. Формирование заявок на финансирование

6. Для формирования Прогноза социально-экономического развития Республики Таджикистан на очередной (планируемый) год министерства и ведомства, местные органы государственной власти и другие органы управления в срок до 1 апреля предшествующего года направляют в Межведомственную комиссию по созданию и развитию объектов информатизации при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан, - (далее Межведомственная комиссия) заявки на финансирование деятельности по созданию и развитию объектов информатизации из государственного бюджета Республики Таджикистан.

7. Заявки составляются на основании экономически обоснованных расчётов затрат на выполнение каждого в отдельности проекта, с учетом прогнозируемых изменений условий оплаты труда, цен и тарифов.

...