Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 193 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, қисми 1, моддаи 689; соли 2005, № 12, моддаи 629) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 2 қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"12. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмӣ оид ба андоз, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи ҳамин Кодекс қабул кардааст, барои санҷиши мутобиқат ба қонунгузорӣ ва бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд ва пас аз санҷиш, бақайдгирӣ ва нашри расмӣ мутобиқи қисми 3 ҳамин модда мавриди амал карор дода мешаванд";

2. Дар қисми 1 моддаи 37:

- банди 1 ба таври зайл ифода карда шавад:

"1. аз мақомоти андоз доир ба ҳамаи масъалаҳои оид ба андозбандӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет вобастабуда, аз ҷумла оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санҷиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалахои татбиқи қонунгузориҳои андоз шарҳи хаттӣ гирад.";

- ба банди 3 пеш аз калимаи "гирад" калимаҳои "талаб намояд ва" илова карда шаванд;

- дар банди 4 калимаҳои "аз рӯи натиҷаҳои назорати андоз" бо калимаҳои ", дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рӯи натиҷаҳои он," иваз карда шаванд;

- бандхои 14, 15 ва 16 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"14) аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд, бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад;

15) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақоми андоз товони зарари дар натиҷаи қабули карор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад;

16) дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад,инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 ҳамин Кодекс тасдик карда шавад.",

3. Дар моддаи 44:

- дар қисми 3 пас аз калимаҳои "бо андозсупорандаи шабеҳ" калимаҳои ", муоинаи хронометражӣ" илова карда шавад;

- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Муоинаи хронометражӣ дар доираи санҷиши андоз, ки мутобиқи боби 4 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст ва дар мавриде гузаронида мешавад, ки агар дар ҷараёни гузаронидани санҷиши андоз ба дурустии маълумоти дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ зикргардида ё ҳисоботи андоз шубҳа пайдо шавад.

Тартиби гузаронидани муоинаи хронометражӣ бояд дар санадҳои меъёрии хуқуқӣ оид ба андоз, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ қабул ва ба таври расмӣ нашр карда мешаванд, нишон дода шавад.

Муоинаи хронометражӣ инчунин метавонад бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти оморӣ, аз ҷумла оид ба муомилоти андозсупорандагони шабеҳ ва дар асоси онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба тасҳеҳи меъёрҳои андоз ё дигар омилҳои андозбандие, ки ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, гузаронида шавад.

Дар мавриди таъин ва гузаронидани муоинаи хронометражӣ бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти оморӣ берун аз доираи мӯҳлатҳое, ки барои гузаронидани санҷиши андоз ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, бояд қоидаҳои барои гузаронидани санҷишҳои андоз пешбининамудаи моддаҳои 50 (1), 50 (2), 51 ва 52 ҳамин Кодекс риоя карда шаванд.

Натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ, ки бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти оморӣ гузаронида мешавад, наметавонанд бевосита ва бетаъхир ба ӯҳдадориҳои андози андозсупорандаи мушаххас, ки дар ӯ чунин муоина гузаронида шуда буд, таъсир расонанд ва барои татбиқи ягон хел муҷозот нисбати ин андозсупоранда асос шаванд.

Маълумоти оморӣ оид ба муомилоти андозсупорандагони шабеҳ, ки дар рафти муоинаҳои хронометражӣ бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти оморӣ гузаронидашаванда ошкор гардидаанд, метавонанд ҳангоми анҷом додани санҷишҳои андоз барои муайян намудани ӯхдадориҳои андози андозсупорандагони шабеҳ истифода карда шаванд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи хронометражӣ бояд хусусияти мавсимии фаъолияти андозсупоранда ба инобат гирифта шавад.";

- қисми 7 қисми 8 ҳисоб карда шавад.

4. Дар моддаи 48:

- банди 3 қисми 3 хориҷ карда шавад;

- ба банди 3 қисми 4 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳамзамон шахси мансабдори санҷишкунанда ҳуқуқ дорад аз тарафи шахсони сеюм дуруст инъикос кардани амалиёти мушаххаси бахисобгирии андозро, ки дар амрномаи гузаронидани санҷиши мутақобила зикр гардидааст, бисанҷад.";

- банди 3 қисми 5 хориҷ карда шавад;

- банди 4 қисми 5 банди 3 ҳисоб карда шавад;

- ба қисми 5 пас аз банди 3 банди нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шахси мансабдори мақоми андозе, ки санҷиши амалиётӣ мегузаронад, ҳуқуқ надорад аз андозсупоранда маълумоти ба мавзӯи санҷиш алоқаманд набударо, ки дар амрнома оид ба гузаронидани санҷиши амалиётӣ пешбинӣ шудааст, талаб намояд.";

- қисми 6 хориҷ карда шавад;

- дар қисми 8 калимаҳои "ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд" ба калимаҳои "ба истиснои ҳолатхое, ки соқибкори инфиродӣ бе ҷалб намудани коргари кироя кор мекунад ва иштироки ӯ дар ҷараёни санҷиш ҳатмӣ мебошад" иваз карда шаванд;

- ҷисмҳои 7, 8 ва 9 мутаносибан қисмҳои 6, 7 ва 8 ҳисоб карда шаванд.

5. Дар моддаи 49:

- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"1. Даврияти санҷиши андози ҳар субъекти (андозсупорандаи) мушаххас дар асоси тахдили маълумоти оморӣ, эъломияи андоз ва иҷрои ӯҳдадориҳои он, натиҷаҳои санҷиши давраи гузашта ва инчунин дигар меъёрхое, ки барои баҳодиҳӣ ба дараҷаи қонуниҷрокунии субъекти хоҷагидор (андозсупоранда) асос шуда метавонанд, муайян карда мешавад. Даврияти санҷишҳои андози ҳамаи субъектхои хоҷагидори (андозсупорандаҳои) мушаххас дар нақшаи гузаронидани санҷишҳои андоз, ки роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда тасдиқ ва роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда ба таври хаттӣ дастгирӣ намудааст, муайян карда мешавад. Тартиби муайян намудани даврияти санҷишҳои андоз ва таҳия сохтани нақшаи гузаронидани санҷишҳои андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.";

- қисми 1 қисми 2 ҳисоб карда шавад ва он дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"2. Санҷишҳои маҷмӯи ва мавзӯии андозсупорандагон, ба истиснои андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд.

Санҷишҳои маҷмӯӣ ва мавзӯии андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон санҷиши мавзӯии андози як андозсупорандаи мушаххас метавонад танҳо нисбати яке аз намуди андозҳое, ки мутобиқи ҳамин Кодекс бояд ин андозсупоранда пардохт намояд, гузаронида шавад.

Агар нисбати давраи барои гузаронидани санҷиши ба нақша гирифташудаи андоз санҷиши маҷмӯии андозсупоранда гузаронида шуда бошад, дар он ҳолат нисбат ба ин давра санҷиши мавзӯӣ гузаронида намешавад.

Санҷиши маҷмӯӣ ба таври хатмӣ хангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ - супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ё ҳангоми азнавташкилёбӣ, ё барҳам додани шахси хуқуқӣ гузаронида мешавад. Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае гузаронида мешавад, ки қаблан мутобиқи ҳамин Кодекс мавриди санҷиши маҷмӯӣ қарор наёфта бошад.";

- қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3. Санҷиши маҷмӯӣ ва мавзӯии аввалини фаъолияти субъекти навтаъсиси хоҷагидоре (андозсупорандае), ки андозро аз рӯи низоми соддакардашуда месупорад, инчунин соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ анҷом медиҳад ва даромади умумиаш дар аввали соли андоз ба талаботи моддаҳои 302 ва 303 ҳамин Кодекс мутобиқат менамояд, метавонад танҳо пас аз сипарӣ шудани 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии онҳо амалӣ гардад.

Агар субъекти хоҷагидор (андозсупоранда) то гузаштани мӯҳлати зикргардида аз нав ташкил ёбад ё барҳам дода шавад, фаъолияти он дар асосҳои зерин мавриди санҷиши маҷмӯӣ қарор мегирад:

1) аризаи андозсупоранда;

2) хабар ё қарори қабулнамудаи мақоми дахлдор дар бораи аз нав ташкилёбӣ ва ё барҳам додани субъекти хоҷагидор (андозсупоранда);

3) ахбори мақоме, ки бақайдгирӣ, азнавташкилёбӣ ё барҳам додани шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

Дар давраи озод будан аз санҷиши андоз субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсис аз иҷрои ӯҳдадориҳои андози муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс озод карда намешавад.

4. Санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда гузаронида мешаванд:

1) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда - на зиёда аз як маротиба дар як сол;

2) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда - ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз як маротиба дар як сол.";

- дар қисми 2 калимаҳои "Санҷишҳои андоз" ба калимаҳои "Ҳамаи намудҳои санҷиши андоз" иваз карда шаванд;

- дар қисми 3:

калимаҳои "дар қисми 1" ба калимаҳои "дар қисмҳои 2,3 ва 4" иваз карда шаванд;

аз банди 1 калимаҳои "вобаста ба азнавташкилёбӣ ё барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ ва ба охир расидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, инчунин" хориҷ карда шаванд;

- ба банди 5 ҷумлаҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Мақоме, ки шикояти андозсупорандаро ба огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз баррасӣ мекунад, ба андозсупорандаи шикоятнамуда дар хусуси зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз асоснома равон менамояд. Агар дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи ба андозсупоранда равон кардани асосномаи дар боло зикршуда розигии хаттии ӯ барои гузаронидани санҷиши иловагии андоз, ки ба шикояти андозсупоранда алоқаманд мебошад, гирифта нашавад, чунин санҷиш аз ҷониби мақоме, ки ба суроғаи ӯ шикоят равон карда шуда буд, сурат намегирад ва огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз бе тағйир мемонад. Ҳамзамон андозсупоранда метавонад бо чунин шикоят ба огоҳномаи дар боло зикргардида дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз ба мақоми андози болоӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба суд муроҷиат кунад.

Санҷиши иловагии андоз бо баррасии шикояти андозсупоранда алоқаманд аз ҷониби мақоми андози болоӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ бо риояи тартиби равон кардани асоснома дар бораи зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз ва амалҳои минбаъда вобаста ба розӣ ё норозӣ будани андозсупоранда барои гузаронидани чунин санҷиши андоз гузаронида мешавад.";

- банди якуми қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани санҷишҳои такрории хуҷҷатии андоз барои давраи андози санҷидашуда манъ аст, ба истисиои ҳолатҳое, ки чунин санҷишҳои андоз дар ҳудуди мӯҳлати мурури даъвое, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, гузаронида мешаванд:

1) дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;

2) тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 48;

3) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда, ки дар асоси асосномаи роҳбари мақоми андози ҳудудӣ қабул шудааст;

4) тибқи карори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда, бо тартиби назорат аз болои фаъолияти мақоми андози ҳудудие, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро гузаронидааст. Чунин санҷиш танҳо нисбати давраи андози охирини санҷидашуда гузаронида мешавад;

5) дар асоси банди 5 қисми 3 ҳамин модда.

Дар ҷараёни санҷиши такрорие, ки дар асоси аризаи хаттӣ ё шикояти худи андозсупоранда гузаронида мешавад, танҳо масъалаҳое, ки нисбати ҳалли онҳо андозсупоранда норозигӣ баён кардааст, баррасӣ карда мешаванд.";

- қисмҳои 2, 3 ва 4 мутаносибан қисмҳои 5, 6 ва 7 ҳисоб карда шаванд.

6. Дар моддаи 50:

- номи модда дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санчишҳои андоз";

- қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши андози андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз метавонад то 60 рӯзи корӣ муқаррар карда шавад.

Мӯҳлати гузаронидани санҷиши андози андозсупорандае, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз ба ҳисоб рафта, аз рӯи низоми соддакардашуда андоз месупорад, инчунин соҳибкори инфиродие, ки даромади умумиаш дар аввали соли андоз ба талаботи моддаҳои 302 ва 303 ҳамин Кодекс мутобиқат менамояд, набояд аз 10 рӯзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.

Санҷиши андози фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб намеравад, набояд аз 5 рӯзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.";

- ба қисми 3 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳамзамон дар давраи боздоштани мӯҳлати гузаронидани санҷиши андоз мақоми андоз ҳуқуқ надорад дар ин объект ва аз рӯи ин масъала ягон хел амале, ки ба ин санҷиш алоқаманд мебошад, содир намояд.";

- қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"4. Ҳар санҷиши амалиётӣ нисбати андозсупорандаи алоҳида набояд зиёда аз чор соати корӣ идома ёбад ва давомнокии умумии ҳар санҷиши амалиётӣ дар асоси як амрнома наметавонад аз як рӯзи корӣ зиёд бошад.";

- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Санҷиши андоз метавонад танҳо дар вақти корӣ ва рӯзҳои кории муқарраршуда гузаронида шавад. Агар вақти кории мақоми андоз ва акдозсупоранда мувофиқ набошад, бо қарори роҳбари аввали мақоми андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда санҷиши андоз метавонад дар вақти кории андозсупоранда гузаронида шавад.";

- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Мақоми андоз ҳуқуқ надорад дар субъектҳои хоҷагидорие, ки фаъолияти онҳо хусусияти мавсимӣ дорад, дар чунин ҳолатҳо санҷишҳои андоз, ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ ва мутақобила, гузаронад:

1) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими киштукор аз 20 март то 20 майи соли тақвимӣ;

2) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими ғунучини ҳосил аз 20 июл то 20 ноябри соли тақвимӣ;

3) дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти тезвайроншавандаи мевагӣ ва полезӣ) аз 20 июн то 20 октябри соли тақвимӣ".

7. Ба Кодекс моддаҳои 50 (1) ва 50 (2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Моддяи 50 (1) Огоҳнома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз

1. Бо мақсади гузаронидани санҷиши андоз, ба истиснои санҷиши амалиётӣ, мақоми андози санҷишкунанда андозсупорандаро дар хусуси санҷиши дарпешистодаи андоз на дертар аз 3 рӯзи корӣ пеш аз оғози санҷиши андоз ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Дар огоҳнома дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз ба таври ҳатмӣ зикр карда мешаванд:

1) сана ва рақами бақайдгирии огоҳнома;

2) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;

3) рақами мушаххаси андозсупоранда;

4) асос барои гузаронидани санҷиши андоз;

5) намуди санҷиши андоз;

6) сана, вақти оғоз ва мӯҳлате, ки дар давоми он гузаронидани санҷиши андоз пешбинӣ мешавад.

2. Дар бораи санҷиши мутақобилаи андоз андозсупоранда на дертар аз 24 соат пеш аз оғози санҷиши мутақобилаи андоз ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.

Дар огоҳнома дар хусуси гузаронидани санҷиши мутақобилаи андоз бояд маълумоти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, инчунин амалиёти мушаххас, ки мӯътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд, зикр карда шавад.

3. Андозсупорандае, ки дар хусуси санҷиши андози дарпешистода огоҳнома гирифтааст, ӯҳдадор аст оғози санҷишро дар рӯз ва вақти муқаррарнамудаи огоҳнома таъмин намояд.

4. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бо сабабҳои узрнок оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳнома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ӯҳдадор аст мақоми андози санҷишкунандаро дар ин хусус то оғози санҷиши андоз ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва ба мақоми андози санҷишкунанда сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқи санҷиши андозро пешниҳод намояд, вале на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзе, ки бояд мутобиқи огоҳномаи мақоми андози санҷишкунанда санҷиши андоз оғоз карда мешуд.

Сабабҳои узрнок, ки вобаста ба онҳо андозсупоранда наметавонад оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳнома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд беморӣ ва дар сафари хизматӣ будани шахси мансабдори масъул, ки ӯҳдадор аст оғози санҷишро таъмин намояд, бошанд.

Моддаи 50 (2) Танзими сатҳи санҷиши андоз

Агар санҷиши андоз бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё яке аз мақомоти ҳудудии андоз гузаронида шуда бошад, гузаронидани санҷиши андози ҳамон андозсупоранда аз рӯи ҳамон масъала ва ҳамон намудҳои санҷиши андоз, ки аз рӯи онҳо дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 49 ҳамин Кодекс санҷиши андоз гузаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти дигари ҳудудии андоз манъ мебошад.";

8. Дар моддаи 51:

- аз қисми 2 рақами "7)" хориҷ карда, калимаи "ва" пеш аз рақами "4" ҷой дода шавад;

"Дар амрнома оид ба гузаронидани санҷиши мутақобила инчунин зикр карда мешаванд:

1) номи пурра ва рақами мушаххаси андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда - шахси воқеӣ, ки нисбати он санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз гузаронида мешавад;

2) амалиёти мушаххаси ба санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз алоқаманд, ки мӯътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд.";

"4. Амрнома, ба истиснои гузаронидани санҷиши амалиётӣ, бояд роҳбари аввали мақоми андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда имзо карда бошанд.

Амрномаро дар хусуси гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда як маротиба дар як сол роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда имзо мекунад. Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда зиёда аз як маротиба дар як сол дар ин хусус аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси дархости хаттии роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда қарор қабул карда мешавад.

Бо мақсади иҷрои чунин қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда имзо карда мешаванд.

Ҳар қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда барои ба имзо расонидани амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда дар давоми на зиёда аз 15 рӯзи корӣ ҳамчун асос шуда метавонад.

Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ берун аз ҳудуди ҳар як 15 рӯзи кории минбаъда роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси асоснома роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда дар бораи гузаронидани (давом додани) санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда қарори нав қабул мекунад.

Дар амрнома дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда бо мақсади иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба имзо расидааст, ғайр аз маълумоти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин бояд сана ва рақами қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо мақсади иҷрои он амрнома ба имзо расидааст, зикр карда шавад.

Амрнома бояд бо мӯҳри нишондор тасдиқ карда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мақоми андоз ба қайд гирифта шавад.".

9. Дар моддаи 52:

- ба қисми 2 пас аз калимаи "хоҷагидорӣ" калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

"5. Дар мавриди бо мақсади иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъин намудани санҷиши андоз шахси мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, бояд инчунин ба андозсупоранда нусхаи қарори мақоми ваколатдори давлатиро, ки дар асоси он амрномаи мақоми худудии андоз дар бораи гузаронидани санҷиши андоз қабул шудааст, диҳад.";

- қисми 5 қисми 6 ҳисоб карда шавад.

10. Дар моддаи 53:

- ба қисми 3 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад;

"Протокол дар ду нусха таҳия карда, яке аз онҳо ба андозсупоранда дода мешавад. Ҳангоми гирифтани протокол андозсупоранда дар нусхаи дигари протоколи дар дасти мансабдори мақоми андоз монда, ки санҷиши андозро мегузаронад, танҳо дар хусуси гирифтани он қайд мекунад ва имзо мегузорад. Имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ӯ ба хулосаи шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз розӣ ё норозӣ аст ва ин наметавонад ҳуқуқи андозсупорандаро барои шикоят кардан аз болои санадҳо ва амалҳои (беамалии) ин шахси мансабдор маҳдуд намояд.";

- ба қисми 5 бандҳои 7, 8, 9 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"7) аз ҷониби онҳо талаботи моддаи 50 (1) моддаи 50 (2) ҳамин Кодекс риоя нагардад;

8) ҳар кадоме аз онҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) шаҳодатномаи хизматиро пешниҳод накарда бошад. Дар ин ҳолат андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои гузаронидани санҷиши андоз ба ҳудуд ё бино ба ҳамон шахси мансабдори мақоми андоз, ки шаҳодатномаи хизматии худро пешниҳод накардааст, роҳ надиҳад;

9) аз ҷониби онҳо даврияти ё давомнокии санҷишҳои андозе, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, риоя нашуда бошад.".

11. Дар моддаи 55:

- дар банди 9 қисми 1 пас аз калимаи "ҳуқуқвайронкунии" калимаи "ошкоргардидаи" илова карда шавад;

- банди аввали қисми 6 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"6. Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дода мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ӯҳдадор аст дар нусхаи дигари санад танҳо дар хусуси гирифтани он қайд кунад ва имзои худро гузорад. Ҳамзамон имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ӯ ба хулосаи шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз рози аст ё нест ва ин наметавонад ҳуқуки андосупорандаро барои шикоят кардан аз болои қарорҳо ва амалҳои (беамалии) ин шахси мансабдор маҳдуд намояд.".

12. Дар моддаи 56:

- дар қисми 1 калимаҳои "оид ба маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо огоҳнома" бо калимаҳои "огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз (минбаъд - огоҳнома)" иваз карда шаванд;

- аз қисмҳои 2 ва 3 калимаҳои "оид ба маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳо" хориҷ карда шаванд;

- бандҳои 4 ва 5 қисми 3 дар таҳрири зерин баён карда шаванд:

"4) шарҳи муфассали вайронкунии андоз ва чораи татбиқшудаи ҷавобгарӣ, аз ҷумла маблағи андозҳои ҳисобшуда, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳо, бо иқтибос ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) талабот оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз ва мӯҳлатҳои иҷрои онҳо, аз ҷумла оид ба ислоҳ намудани вайронкуниҳои ошкоргардида;".

13. Дар моддаи 77:

- дар банди 1 қисми 1 калимаҳои "аз ҷумла иттилоотро доир ба дигар шахс" ба калимаҳои "аз ҷумла иттилоот доир ба даромадҳо ва хароҷоти худ дар давраи муайян (дар доираи мӯҳлати мурури даъво, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст), аз ҷумла иттилоот дар бораи даромадҳои худ, ки аз шахси дар огоҳнома мушаххас зикргардида гирифтааст ва дар бораи хароҷоти вобаста ба муносибатҳои мутақобила бо шахси дар огоҳнома мушаххас зикрёфта масраф гардидааст" иваз карда шаванд;

"2. Барои расидан ба ҳадафи қонунии вобаста ба иҷрои назорати андоз шахси ваколатдори мақоми андоз ҳукуқ дорад дар мавриди мавҷуд будани амрнома ба ҳудуд ё ба биноҳо, ё ба объектҳои андозбанди, ё объектҳои ба андозбанди алоқаманд, ки дар моддаи 53 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ба манзили истиқоматӣ бошад - мувофиқи санксияи прокурор ворид шавад,";

- ба банди 2 қисми 3 калимаҳои ", ки нусхаҳои онҳо аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андозе, ки санҷиши андозро мегузаронад ва аз ҷониби андозсупоранда имзо карда мешаванд ва дар дасти андозсупоранда мемонанд" илова карда шавад.

14. Моддаи 87 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Моддаи 87. Шаклхо ва мӯҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

1. Агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, андозҳо, чаримаҳо, фоизҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бояд дар мӯҳлатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрӣ доир ба андозхо, ки дар асоси ҳамин Кодекс қабул гардидаанд, дар шакли ғайринақдӣ супорида шаванд.

2. Андози замин аз шахсони воқеӣ ва андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ метавонад бо пули накд аз чониби шахси ваколатдори мақоми андоз, ки барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор шудааст ва ҳуқуқ надорад санҷиши андози минбаъдаро дар ин андозсупорандагон нисбати хамин андозҳо гузаронад, рӯёнида шавад. Ҳамзамон шахси ваколатдори мақоми андоз барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор кардашуда ва шахси ваколатдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, наметавонанд ҳамон рӯз дар як вақт ба ҳузури андозсупоранда ҳозир шаванд.

3. Ҳангоми бо пули нақд руёнидани андози замин аз шахсони воқеӣ ва андоз аз амволи ғаириманқули шахсони воқеӣ дар ду нусхаи шабеҳ ҳуҷҷати дорои ҳисоботи қатъӣ дар бораи пардохти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пур карда мешавад. Ин хуҷҷат бояд аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андоз барои ҷамъоварии ин андозҳо махсус ваколатдор кардашуда ва андозсупоранда имзо карда шавад. Як нусхаи ин хуҷҷати имзокардашуда дар лаҳзаи ҷамъоварии андозҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр ёфтаанд, ба андозсупоранда дода мешавад.".

15. Аз қисми 2 моддаи 100 калимаҳои ",мурофиавии гражданӣ, мурофиавии хоҷагии," хориҷ карда шаванд.

16. Ба моддаи 104 банди 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4) агар дар субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсисёфта, ки супорандаи андоз буда, бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, ҳуқуқвайронкунии андоз дар рафтӣ аввалин санҷиши маҷмӯӣ ё мавзӯии андоз, ки пас аз 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи қайди давлатии он гузаронидашуда ошкор гардида бошад.".

17. Дар қисми 3 моддаи 105 рақами "4" ба рақами "3" иваз карда шавад.

18. Ба моддаи 106 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Агар ҳуқуқвайронкунии андоз дар субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсис, ки супорандаи андоз буда, бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, дар рафти аввалин санҷиши маҷмӯӣ ё мавзӯии андоз, ки пас аз 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии он гузаронида шудааст, ошкор шуда бошад, нисбати чунин андозсупоранда танҳо огоҳии маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Ҳамзамон андозсупоранда ӯҳдадор аст бо дарназардошти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андоз, дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани қарор дар бораи огоҳии маъмурӣ ба мақоми андоз ҳисоботи андози ислоҳшударо пешниҳод намояд ва дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андозро бартараф намояд, аз ҷумла андозҳо, чаримаҳо ва фоизҳои аз рӯи онҳо насупоридаро пардохт намояд.".

19. Қисми 3 моддаи 114 дар таҳрири зерин баён карда шавад;

"3. Ба кормандони мақомоти андоз манъ аст:

1) дар баробари вазифаи асосӣ ҳамзамон иҷрои дигар кори музднок (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ) ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ;

2) дахолат намудан ба фаъолияти андозсупоранда доир ба масъалаҳое, ки ба мавзӯи санҷиш ё назорат алоқаманд нест;

3) аз андозсупоранда ба пули нақд рӯёнидани андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 87 ҳамин Кодекс;

4) истифода бурдани далели мавҷудияти вайронкунии андоз ба сифати асос барои дахолат кардан ё маҳдуд намудани дигар фаъолияти қонунии андозсупоранда;

5) талаб намудани пешниҳоди хуҷҷатҳо, баёнот ва маводе, ки ба мавзӯи санҷиши андоз дахл надорад;

6) истифода бурдан ва паҳн намудани иттилооти дар ҷараёни санҷиши андоз дар бораи андозсупоранда бадастоварда ба мақсадҳои дар ҳамин Кодекс пешбининагардида ва дигар амалҳои хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

20. Дар қисми 1 моддаи 118:

- дар охири банди 2 пас аз калимаи "диҳанд" нуқта гузошта, ҷумлаи "Ҳамзамон хуҷҷат оид ба гирифтани хуҷҷатҳо тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо карда мешавад ва як нусхаи он дар дасти андозсупоранда (агенти андоз) мемонад" илова карда шавад:

- дар охири банди 3 пас аз калимаи "намоянд" нуқта гузошта, ҷумлаи "Ҳамзамон андозсупоранда ё агенти андоз бояд на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс додани огоҳнома ба мақоми андоз ҳозир шавад" илова карда шавад;

- аз банди 7 калимаҳои "ва фаъолияти соҳибкорӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 10 калимаҳои "ва қарорҳои дахлдор қабул намоянд" хориҷ карда шаванд;

- ба банди 12 пас аз калимаҳои "барои мақсадҳои хизматӣ" калимаҳои "ва барои муайян кардани ӯҳдадориҳои андоз" илова карда шаванд;

- ба банди 17 пеш аз калимаҳои "талаб намоянд" калимаҳои "мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс, илова карда шаванд;

- ба банди 18 пеш аз калимаҳои "маълумот гиранд" калимаҳои "мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс" илова карда шаванд;

- банди 21 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"21) дар асоси протоколҳо аз рӯи ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории андоз аз ҷониби шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ қарори дахлдор қабул намоянд";

- банди 24 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"24) мутобиқи ҳамин Кодекс санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намоянд, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда тасдиқ карда мешаванд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон нашр мегарданд;";

- ба банди 27 калимаҳои ", ки амалӣ гардидани онҳо наметавонад барои шахсони сеюм хусусияти ҳатмӣ дошта бошад" илова карда шаванд;

21. Дар моддаи 119:

- ба банди 22 қисми 1 пас аз калимаҳои "ҳангоми дар рафти санҷиши андоз" калимаҳои ", аз ҷумла бо иштироки намояндаи воҳиди полиси андоз гузаронидашуда" илова карда шаванд;

- ба қисми 1 бандҳои 24 ва 25 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"24) то оғози санҷиши андоз ҳуқуқ ва вазифаҳои андозсупоранда, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро, ки ба гузарондаи ва натиҷаҳои санҷиши андоз алоқаманданд, фаҳмонанд;

25) таъмин намудани дастрасии андозсупорандагон бо иттилооти ба масъалаҳои андозбандии онҳо алоқамандбуда, аз ҷумла бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" бо роҳи дар ҷойҳои кушодаю намудори мақомоти андоз (дар лавҳаи эълонҳо) ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои андозбандиро танзимкунанда.";

- банди 24 банди 26 ҳисоб карда шавад;

- дар қисми 2 пас аз рақами "23" рақамҳои "24, 25" илова карда шаванд.

22. Банди 5 қисми 1 моддаи 128 дар таҳрири зерин баён карда шавад;

"5) ҳангоми мавҷудияти асосҳо, ки аз аломатҳои содиршавии ҷиноят гувоҳӣ дода, ба вайрон кардани қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандаи мушаххас алоқаманд мебошанд, ҷиҳати иштирок мутобиқи талаботи ҳамин Кодекс дар гузаронидани санҷиши дарпешистодаи андоз дар ин андозсупорандаи мушаххас, ба роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ӯро ивазкунанда ба таври хаттӣ муроҷиат намояд.".

23. Қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 342 хориҷ карда шаванд;

- қисми 4 мутаносибан қисми 2 ҳисоб карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

28 июли соли 2006 № 193