Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда"-и барҳамдодашуда
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2005 № 64 "Дар бораи таъсис намудани Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-1" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Иншооти сохтмонашон нотамоми Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда"-и барҳамдодашуда, як қисми амвол ва таҷҳизоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Норакибосоз" барои ворид намудан ба сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии "Сангтӯда-1" ба ихтиёри Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд (Замимаи 1).
2. Як қисми иншооти сохтмонашон нотамоми боқимонда ба ихтиёри Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", шаҳрҳои Норак, Ваҳдат ва ноҳияи Данғара барои давом додани сохтмон ва истифодабарӣ гузаронида шаванд (Замимаи 2).
3. Саҳмияҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таалуқдоштаи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда"-и барҳамдодашуда ба миқдори 97227 адад ҳамчун саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи обии барқии "Сангтӯда-1" дар доираи саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шаванд.
4. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" якҷоя бо комиссияи бархамдиҳӣ саҳмияҳои боқимондаи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Сангтӯда"-и барҳамдодашударо бо тартиби муқарраргардида нобуд кунанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2006 № 315
ш. Душанбе
аз 4 июли соли 2006 № 315
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2006 № 315
...