Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 312 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010"

Санаи амалкуни: 05.03.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2011 № 322 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 123)

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ, ва бо мақсади гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои замимагардидаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 тасдиқ карда шавад.

2. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 тасдиқ карда шавад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ:

- комиссияҳои мусоидати барӯйхатгирии аҳолиро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис диҳанд;

- то 1 июли соли 2008 номгӯи ноҳияҳо, маҳалҳои шаҳрӣ ва сарҳадҳои онҳоро аниқ намуда, номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо ва манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калонро ба тартиб дароварда, лавҳаю рақам гузоранд;

- то 1 январи соли 2009 бо роҳи саросар гаштан, дурусти ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот зиндагӣ мекунанд, тафтиш кунанд;

- то 1 январи соли 2009 нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаҳои ноҳияҳоро тартиб дода, маводи картографиро ба мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд;

- моҳи феврали соли 2009 тартиб додани рӯйхати деҳаҳоро дар асоси маълумоти муқоисашудаи дафтарҳо (рӯйхатҳо)-и қайди хоҷагиҳо таъмин намоянд;

- моҳҳои феврал-марти соли 2009 ба сифати бақайдгирандагон аз рӯи ҳисоби меъёри миёна ҳайати иловагиро барои тартиб додани рӯйхати манзил ва истиқоматгоҳҳои иморатҳои дигари маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон, инчунин ба сифати ҳисобчиён, дастурдиҳанда-назоратчиён, мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва ёрдамчиёни онҳо, муовинони сардорони шӯъбаҳои омори шаҳрҳо (ноҳияҳо) оид барӯйхатгириро аз ҷумлаи аҳолии ба кор машғулнабуда, бекорон ва дигар шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар хадамоти шуғл ба қайд гирифта шудаанд, инчунин аз омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзгорон ва талабагони мактабҳои миёнаи махсус, муаллимони мактабҳо, кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҷалб намоянд;

- мақомоти маҳалии омориро бо биноҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои алоқа, мебел ва асбобу анҷом, барои ҷойгир намудани дастгоҳе, ки ба корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, инчунин қабул, тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои барӯйхатгири машғул мебошанд, таъмин намоянд;

- шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва қитъаҳои дастурдиҳиро дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ бо утоқҳои хизматии дорои мебел, асбобу анҷом ва воситаҳои алоқа барои кор ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо таъмин намоянд;

- ҳангоми таҳия ва тасдиқи лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ, дар моддаи алоҳида маблағгузории чорабиниҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолиро пешбинӣ намоянд.

4. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- то 1 январи соли 2008 Барномаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010-ро, ки бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст, ба Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 пешниҳод намояд;

- соли 2008 дар яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки аҳолиаш то 50 ҳазор нафар бошад, барои санҷиши лоиҳаи Барномаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010, усулҳои ташкилии гузаронидани он ва тартиби коркарди маводҳои он барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ гузаронад;

- то 1 январи соли 2008 номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 лозим намояд;

- соли 2008 доир ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар-машварати ҷумҳуриявиро бо вазоратҳо, идораҳои манфиатдор, муассисаҳои илмӣ-мақомоти роҳбарикунандаи омори ҷумҳурӣ гузаронад.

5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ гузаронида мешавад:

- ба сифати бақайдгирандагон, ҳисобчиён, дастурдиҳанда-назоратчиён, мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва ёрдамчиёни онҳо, муовини сардори шӯъбаи омори шаҳр (ноҳия) оид ба барӯйхатгирӣ кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро барои иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб намояд;

- шӯъбаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва қитъаҳои дастурдиҳиро дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ барои кор ва нигоҳдории мавод бо утоқҳои хизматии муҷаҳҳаз, инчунин бо воситаҳои алоқа, мебел ва асбобу анҷом таъмин намояд.

Мӯҳлати тақвимиеро, ки дар он давра кормандон ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб ва аз ҷои кори асосиашон озод карда мешаванд, мақомоти омори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) муқаррар менамояд.

6. Музди миёнаи меҳнати кормандоне, ки ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд (аз ҷумла, мукофотпулиҳое, ки ба фонди музди меҳнат ва фонди ҳавасмандгардонии моддӣ дохил мешаванд), дар ҷои кори асосиашон нигоҳ дошта мешавад. Ба бекороне, ки ба чорабиниҳои барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд, музди меҳнаташон мутобиқи тартиби пешбининамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 93 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ" пардохт карда шавад.

7. Муқаррар карда шавад, ки шахсоне, ки ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд, аз ҷои кори асосиашон дар ташкилотҳо ба мӯҳлатҳои зерин озод карда мешаванд:

- бақайдгирандагон барои тартиб додани рӯйхати хонаҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон - 12 рӯзи корӣ;

- ҳисобчиён дар маҳалҳои шаҳрӣ ва дар мавзеъҳои деҳот - 20 рӯзи корӣ;

- дастурдиҳанда-назоратчиён дар маҳалҳои шаҳрӣ - 29 рӯзи корӣ ва дар мавзеъҳои деҳот - 31 рӯзи корӣ;

- мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва ёрдамчиёни онҳо - 58 рӯзи корӣ;

- муовини сардори шӯъбаи омори шаҳр (ноҳия) оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ - 3,5 моҳ.

8. Назорати ҷараёни иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2006 № 312

ш. Душанбе