Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ аз 3 июни соли 2006, № 230

Санаи амалкуни: 03.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 230

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2006 № 230

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007 № 190, аз 3.12.2010 № 649, аз 3.07.2014 № 446)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007 № 190, аз 3.12.2010 № 649, аз 3.07.2014 № 446)

1. Аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - аттестатсия) бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои худ аз ҷониби аудиторҳо гузаронида мешавад.

Аз аттестатсия ҳама шахсони воқеӣ (минбаъд - довталабон), ки хоҳиши ба фаъолияти аудиторӣ машғул шуданро доранд, мегузаранд.

2. Ба аттестатсияи довталабон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ бо собиқаи сесолаи кори амалии аз рӯи ихтисоси муҳосиб, тафтишотчӣ, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ва ҳуқуқшинос, инчунин шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯи ҳамин ихтисосҳо доранд, роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 649).

3. Ташкили гузаронидани аттестатсия:

- ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи довталабон оид ба аудити умумии корхонаҳо, иттиҳодияҳои онҳо, ширкатҳо, биржаҳои молию фондӣ, идораҳои суғурта, фондҳои сармоягузорӣ, нафақа, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо инчунин соҳибкорони инфиродӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 446);

- ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон аттестатсияи довталабон оид ба аудити бонкӣ ва дигар ташкилотҳои кредитӣ, вогузор карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 446).

4. Барои гузаронидани аттестатсия Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) таъсис медиҳад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "3" июня 2006 года № 230

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "3" июня 2006 года № 230

ПРАВИЛА проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.04.2007г.№190, от 3.12.2010г.№649, от 03.07.2014г.№446)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.04.2007г.№190, от 3.12.2010г.№649, от 03.07.2014г.№446)

1. Аттестация на право осуществления аудиторской деятельности в Республике Таджикистан (далее аттестация) проводится с целью обеспечения профессионального выполнения аудиторами своих обязанностей.

Аттестацию проходят все физические лица, желающие заниматься аудиторской деятельностью (далее - претенденты).

2. К аттестации допускаются претенденты - граждане Республики Таджикистан и граждане зарубежных стран, имеющие высшее экономическое образование или юридическое образование с трехлетним стажем практической работы бухгалтера, ревизора, экономиста, финансиста, налогового работника и правоведа, а также граждане имеющие среднее специальное образование с пятилетним стажем работы по этим специальностям(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.12.2010г.№649).

3. Организация проведения аттестации возлагается на:

- Министерство финансов Республики Таджикистани - аттестация претендентов по общему аудиту предприятий, их объединений фирм, товарных и фондовых бирж, страховых организаций, инвестиционных фондов, пенсионных, общественных и других организации предпринимательскую деятельность (в редакции Постановления Правительства РТ от 03.07.2014г.№446);

- Национальный банк Таджикистана - аттестация претендентов по аудиту банков и других кредитных организаций (в редакции Постановления Правительства РТ от 03.07.2014г.№446) .

4. Для проведения аттестации Министерство финансов Республики Таджикистан образует Квалификационную аттестационно - лицензионную комиссию (далее - квалификационная комиссия).

...