Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 230
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 230 тасдиқ шудаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 3:
- дар сархати якум пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "аттестатсияи довталабон" ва пас аз калимаҳои "иттиҳодияҳои онҳо," калимаи "ширкатҳо," илова карда шавад;
- дар сархати дуюм пас аз калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои "аттестатсияи довталабон" илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи якуми банди 6 пас аз калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- дар банди 9:
- дар ҷумлаи дуюм пас аз калимаҳои "таълимию методӣ" калимаҳои ", ки аккредитатсияи ташкилотҳои касбиро гузаштаанд" илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи сеюм пас аз калимаҳои "дар назди" калимаи "сохторҳои" илова карда шавад;
- дар ҷумлаи чорум калимаҳои "Комиссияи тахассусӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шуда, пас аз калимаи "вазифаи" калимаи "омӯзиш ва" илова карда шавад;
- ҷумлаи панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Тартиби баррасии ариза ва гирифтани Аттестати тахассуси барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад.";
...