Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ
Бо мақсади рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халкии Хитой ва бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати замимагардидаи тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тасдиқ карда шавад.
2. Ба Раиси тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ваколат дода шавад, ки намояндагони вазорату идораҳои манфиатдорро бо розигии роҳбарони онҳо, бо дарназардошти доираи масъалаҳои муҳокимашаванда, ба комиссияи зикргардида ба кор ҷалб намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Хитойро аз қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2001 № 137 "Дар бораи таъин намудани Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 189
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2006 № 189
Ҳайати тарафи тоҷикистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ
1. Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси комиссия)
2. Мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Сардори Департаменти сиёсати иқтисоди хориҷӣ ва савдои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби комиссия)
4. Сардори Департаменти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Сардори Департаменти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Сардори Департаменти Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Сардори Департаменти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Сардори Департаменти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Сардори Департаменти Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Сардори Департаменти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11. Сардори Идораи кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Сардори Идораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон